Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дар оғози нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 бо ибтикори Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  таҳти унвони “Андешаҳои дунявӣ дар осори С.Айнӣ” китоби бадеӣ туҳфа карда шуд.

Дар маҷмуъ, китобҳои туҳфакардашуда аз 1200 нусха иборат буда, маблағи 76858 сомониро ташкил медиҳанд.

Раёсати донишгоҳ барои ин иқдоми Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ изҳори сипос ва қаноатмандӣ менамояд ва умедвор аст, ки бо мутолиаи ин асар боз ҳам фарҳангу маънавиёт, донишу ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳии донишҷӯёни ин боргоҳи маърифт боз ҳам такмилу тақвият хоҳад ёфт.

Китобхонаи донишгоҳ.

                                             

Санаи 5-уми феврали соли 2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) баргузор гашт, ки дар кори он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, шарикон оид ба рушд, доираи васеи роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Шокирӣ У. Ғ. дар ҷаласа ширкат варзид.

Зимни суханронии хеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Ҷамолиддин Абдуллозода иброз доштанд, ки таҳлили татбиқ ва банақшагирии амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар ҳамкорӣ ва бо иштироки шарикон оид ба рушд, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва кормандони масъули соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Стратегияи мазкур самтҳои муҳими ислоҳоти низоми тандурустӣ ва рушди хизматрасониҳои тиббиро муайян намуда, беҳтарсозии нишондиҳандаҳои асосии соҳаро таъмин менамояд.

Дар навбати худ, Зулфия Давлатзода - сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода - муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва шарикон оид ба рушд суханронӣ намуданд.

Дар идома, аз ҷониби иштирокчиён ва мутахассисони соҳа маъруза ва баромадҳои пурмуҳтаво пешниҳоди ҳозирин гардонда шуданд ва пас аз таҳлилу баррасии маърузаҳо ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) кори худро ба анҷом расонид ва дар охир резолютсияи саммити мазкур қабул гардид.

 

Муовинати муолиҷавии донишгоҳ.

 

Санаи 5-уми феврали соли 2025 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо доираи васеи хабарнигорон нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Нахуст Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳайати хабарнигоронро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфтанд ва аз фаъолияти донишгоҳ дар 6 моҳи охир маълумотро пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мутобиқи  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, таҳти №79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли нуҳум аст, ки фаъолият менамояд.

Айни ҳол донишгоҳ дар тавозуни худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 3 бинои таълимӣ, 3 бинои хобгоҳ (донишҷӯён ва омӯзгорон), биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар  бинои  таълимӣ ва дар 5 пойгоҳҳо: Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара ва Маркази тиббии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ,  дар соли 2024 масоҳати умумии  биноҳои таълимии  донишгоҳ ба 39 550 м2  расида, аз ин миқдор  24 952 м2 –и онро масоҳати муфиди таълимӣ ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои  меъёрӣ (1:9м2) 2м2 зиёд мебошад. Дар биноҳои таълимии донишгоҳ 168 синфхона, 4 синфхонаи компютерӣ, 2 толори зониша, 5 толори маҷлисӣ, 20 толори лексионӣ, 1 толори фарҳангӣ, 24 озмоишгоҳи кафедравӣ, 1 китобхонаи электронӣ бо лавозимоти таълимӣ - озмоишӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд. Дар маҷмуъ дар донишгоҳ барои 7500 ҷой шароит муҳаё гардидааст.

Корҳои сохтмонии 2 бинои таълимӣ ва 1 бинои хобгоҳ барои донишҷӯён бо маром идома дршта, тибқи нақша дар соли таҳсили 2025 -2026 мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.

Дар соли 2024, аз рӯи маълумотҳои оморӣ, шумораи умумии омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 402 нафар иборат буд. Аз шумораи умумии кормандон 199 нафар ё худ 49,5% -ро  ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил дода, аз ин шумора 146 (73,3%) нафарашро ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медод.

Теъдоди умумии донишҷӯён аз 2604 нафар иборат буд. Аз ин шумора, донишҷӯёни факултети тиббӣ  1227 (47,1%) нафар, факултети педиатрӣ  861 (33,1%) нафар, факултети стоматологӣ 417 (16%), факултети тиббӣ-профилактикӣ 49 (1,8%) нафар ва факултети фармасевтӣ 50 (1,9%)- ро ташкил додааст. Аз шумораи умумии донишҷӯён 811 (31,1%) нафар тариқи буҷавӣ ва 1793 (68,9%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамуданд. Теъдоди духтарон 757 (29,1%) нафар  ва  писарон  аз 1847 (70,9 %) нафар иборат буд. Донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ 121 (4,6%) нафарро ташкил медод. Дар байни донишҷӯён 15 (0,57%) нафар ятими кулл ва 18 (0,7%) нафар маъюби гурӯҳи  2 таҳсил менамуданд. Миқдори гурӯҳҳои академӣ аз 127 адад иборат буда, аз ин миқдор 42 (33%) гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 85 (67%)  гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд.  

Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ  теъдоди аспирантҳо  аз  1 нафар, унвонҷӯён аз 16 нафар, доктарантҳо аз 2 нафар, интернаҳои клиникӣ аз 31 нафар ва ординаторони клиникӣ  аз 71 нафар иборат буд.

Зикр карда шуд, ки дар соли 2024 аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар самти корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидорию байналмилалӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Ректори донишгоҳ дастовардҳои дар ин самт бадастовардаи донишҷӯёну кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгоронро бо мақому арзиш ва сифату арзёбиашон ба самъи хабарнигорон расонид.

Дар навбати худ хабарнигорон вобаста ба фаъолияти донишгоҳ, сатҳу сифати таълим, дараҷаи илмии омӯзгорон, фаъолияти илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидории донишгоҳ, равобити байналмилалӣ, нақшаи қабули донишҷӯен, таъсири шароитҳои фароҳамовардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳу сифати таълим, дурнамои донишгоҳ ва дигар масъалаҳо саволҳо пешниҳод намуданд ва аз ҷониби Ректори донишгоҳ посухи мушаххас гирифтанд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 27-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои кураторон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои кураторон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оғоз бахшид ва дар баробари масъалаҳои дигари дар рӯзнома дарҷгардида, ҳамзамон, оид ба масъалаи “Баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ “ сухан намуд.

Раиси Шурои кураторон зимни баррасии Паём иброз дошт, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо тамоми паҳлуҳо ва нозукиҳояш бо факту далелҳои раднашванда аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таҳлилу натиҷагирӣ гардид ва дар баробари ин, барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азизамон дастуру супоришҳо ба масъулин дода шуд.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва рушду нумуъ бахшидани соҳаҳои мазкурро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои соҳа мешуморад. Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд... Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст...”.

Албатта, чунин дастгириву чораандешиҳои пайвастаи соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои муосир барои донишадӯзиву тарбияи насли нав шоистаи таҳсин аст ва тамоми ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳамонро зарур аст, ки бо дарназардошти чунин оморҳои дақиқу шароитҳои хуби корӣ, таълиму тарбияи донишҷӯёнро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монем.

Дар баробари зикри дигар омор ва далелҳои дар Паём садода, инчунин, Раиси Шурои кураторон аз дастгирӣ ва диққати ҷиддӣ додани давлат ва ҳукумат ба соҳаи тандурустии кишвар андешаронӣ намуд ва аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иқтибос овард, ки: “...Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем...”.

Ќайд гардид, ки бо дарназардошти чунин таъкидҳои Пешвои миллат, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака, таҷрибаву кордонӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани табибони оянда аз роҳу усулҳои беҳтарин истифода барем ва дар пешрафти рӯзафзуни соҳаи тандурустии кишвар бо ба воя расонидани мутахассисони ояндаи тиб саҳмгузорӣ намоем.

Дар ҷамъбасти масъалаи мазкур, ба деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми кураторони гуруҳҳои академӣ супориш дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соатҳои тарбиявӣ ва ҷаласаҳои сохторї мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Хабарнигори сомона.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид