ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ” ДАР ДДТХ
Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон корҳои назаррасе ба анҷом расидаанд. Санаи 28-уми марти соли равон дар доираи амалишавии Барномаи мазкур ва “Рӯзи умумиҷаҳонии Об” дар донишгоҳ ҳамоиши илмӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамоиш таҳти унвони “Об унсури асосии мавҷудияти ҳаёт аст, аз ин рӯ обро бояд гиромӣ дошт” баргузор гашта, дар он маърузаи ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С. Ситамов - Саъдуллоев Ҳ,С. дар мавзӯи “Об манбаи ҳаёт”, маърузаи мудири кафедраи химияи тиббӣ ва экология Султонмамади Гулмамад дар мавзуи “Об барои рушди устувор”, маърузаи мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, дотсент Гулов А.А. дар мавзуи “Нақш ва мавқеи об дар “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и И. Ҷурҷонӣ”, маърузаи ассистенти кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Баҳодуров Қ.А. дар мавзуи “Тоҷикистон - ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об”, маърузаи мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология н.и.т., Исаева Б.И. дар мавзуи “Инфекции передающие водным путем”, маърузаи мудири кафедраи биохимия ва биологияи тиббӣ Султонов Р.А. дар мавзуи “Муҳофизати пиряхҳо ва обҳои ошомиданӣ ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ” ва маърузаи мудири кафедраи забонҳо н.и.п., Шарипов А.Ф. дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он” шунида шуд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Абдуллозода Ҳ.А. ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани ҳамоиш ва пешниҳоди маърузаҳои ҷолиб ба масъулон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.
Хабарнигори сомона.
МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ФИЗИОЛОГҲОИ ҶАВОН” ДОИР ШУД
Маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи физология нормалӣ ва патологӣ дар соли таҳсили 2024-2025 низ тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор гардида, дар ҳар баргузории маҳфил мавзуъҳои мубрам мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор мегиранд. Ин навбат низ маҳфили мазкур бо омодагиҳои ҳамаҷонибаи аъзои он дар сатҳи баланд баргузор гардид. Маҳфили навбатиро мудири кафедра Назаров Ҷ.Т. ҳусни оғоз бахшид. Дар маҳфил ваколатдори сардори шуъбаи таълим - Эргашев Ҳ.Ю., сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот - Қурбон Х.Ш., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ - Зарипов И.А., мудири кафедраи анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т., дотсент Алиев А.А., мутахассиси шуъбаи илм ва нашрия Набиева А.А. ва дигар омузгорони кафедраҳо иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи маҳфил гурӯҳи “Урологҳо” мавзуи “Физиологияи нормалӣ ва патологии системаи ихроҷ”-ро пешниҳоди аъзои маҳфил ва иштирокчиён намуданд. Аз ҷониби аъзои маҳфил: Якубова М., Деҳқонова Ш., Рабиев С. бо забони тоҷикӣ ва русӣ маърӯзаҳои илмӣ перомуни мавзуи зикргардида манзур гардонда шуданд. Сипас ҷиҳати мустаҳкамкунии дониши иштирокчиён донишҷӯи курси 3-юм Гулова Ф. викторина ва саволу ҷавоби интерактивиро бо иштирокчиён доир намуд. Инчунин, дар маҳфил бо роҳбарии ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ - Азимов А.С. аъзои маҳфил бо дарназардошти шароити лабораторияи донишгоҳ таҳлили умумии пешоб ва муайян намудани сафеда ва намакҳо дар онро чун кори амалӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонданд.
Дар ҷамъбасти кори маҳфил мудири кафедра Назаров Ҷ.Т. барои омодагии хуб ва сатҳи баланд доир намудани маҳфили навбатӣ ба роҳбари маҳфил ва аъзои он изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.
Хабарнигори сомона.
ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДОИР ШУД
Санаи 27.03.2025 даври аввали (донишгоҳӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар толори хониши китобхонаи донишгоҳ доир гардид.
Қайд бояд кард, ки 2-юми январи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тавсиб расид, ки тамоми идораву муассисаҳо ва шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Раёсати ДДТХ низ дар баробари дигар МТОК-и ҷумҳурӣ барои баргузор намудани озмуни мазкур тамоми чораҳои амалиро андешид. Тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ, аз санаи 5-уми феврали соли 2025, таҳти рақами 01/06 Комиссияи озмунӣ ҷиҳати баргузор ва натиҷагирӣ намудани даври донишгоҳӣ аз ҳисоби шахсони масъул ва мутахассисони соҳа таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Комиссияи озмунӣ аз муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х.- раиси комиссия, мудири кафедраи забонҳо, н.и.п. Шарипов А.Ф. – котиб ва аъзо: декани факултети педитарӣ ва тиббӣ-профилактикӣ, н.и.т. Сидмуродзода З.С., саромӯзгори кафедраи забонҳо, н.и.ф., Одинаев С.П., дотсенти кафедраи забонҳо, профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А., саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. иборат буд.
Зикр бояд дошт, ки дар даври донишгоҳӣ аз ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ омӯзгорон ва аз маҳфилҳои илмӣ донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд. Комиссия тибқи Низомномаи озмун маҳорати суханварӣ, миқдори асарҳои хондашуда, буррогии сухан ва тарзи пешниҳод кардани мазмуни асарҳои хондашудаи довталабонро баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳо барои ишитрок дар даври дуюм (даври ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 29-уми марти соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Бо суханҳои муқаддимавӣ Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид ва аъзоро бо масъалаҳои рӯзнома шинос намуд ва рӯзнома аз ҷониби аъзо якдилона тасдиқ гардид.
Дар баррасии масъалаи якум муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. перомуни «Натиҷаи сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2024-2025” маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар баррасии масъалаи мазкур дотсент Аҳмадиён Ш.Р. аз муваффақиятҳои бадастоварда, сатҳу сифати таълим, сифати дарсазхудкунӣ, нақши кафедраҳо дар баргузории сессия, ҳамзамон, баъзе норасоиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта сухан намуда, дар ҷамъбасти масъала оид ба роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим пешниҳоди мушаххасро манзури ҳозирин намуд.
Дар масъалаи дуюм мудири кафедраи Анатомияи нормалӣ Зарипов И.А. оид ба «Фаъолияти панҷсолаи кафедраи анатомияи нормалӣ, мушкилот ва дурнамо» ҳисобот пешниҳод намуд. Дар ҳисобот тамоми дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаи кафедра инъикос гардида буд. Пас аз пешниҳоди ҳисоботи мудири кафедра Раиси комиссияи санҷишӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р., ки фаъолияти панҷсолаи кафедраро санҷиш намуда буданд, маълумотномаро манзур намуд ва дар маҷмуъ фаъолияти панҷсолаи кафедра аз ҷониби Раиси комиссия ва аъзои он қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар масъалаи сеюм «Фаъолияти Маркази омӯзиши симулятсионӣ дар соли таҳсили 2024-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки Директори марказ Камолзода Қ.И. дар бораи фаъолияти он маълумот пешниҳод намуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ “Натиҷаи олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни “Педиатрия” аз ҷониби сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И., “Натиҷаи иваз намудани ному насаби роҳбарони сохтор ва мудирони кафедраҳо аз тарафи сардори шуъбаи кадрҳо Асозода С.П., “Натиҷаи баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҷуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. ва “Натиҷаи ҷаласаи истеҳсолии раёсати ДДТХ бо истиқоматкунандагони хобгоҳи омӯзгорони ДДТХ” аз тарафи мудири бахши хоҷагӣ Камолов Д.Ғ. манзури аъзои Шуро гардонида шуданд.
Ҳамзамон, се Лоиҳаи Қарори Шурои олимон пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд.
Раиси Шурои олимон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда нуктаи назари худро баён намуда, ба масъулон дастурҳои мушаххас дод.
Хабарнигори сомона.