Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

Нутқи

табрикотии ректори ДДТХ, д.и.т., профессор

Убайдулло Қурбон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон»

Санаи 21.05.2022,

 толори фарҳангӣ, соати 10:00

        

Ҷавонони иззатманд, ҳозирини гиромӣ,  донишҷӯёни азиз!

Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шаҳомати хоса ва шукуҳу ҷалол ҷашн гирифта мешавад ва ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷавони ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Ба ин муносибат Шуморо – ҷавонони боору номуси ватан, ворисони Синои бузург ва ҳамаи ҷавонони кишварро самимона табрик менамоям.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун як самти афзалиятнок ва ҳадафманди сиёсии худ қарор дода,

барои давра ба давра ҳаллу фасл намудани проблемаю мушкилоти мавҷудаи ҳаётии ин қишри ҷомеа тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Ва ин бесабаб нест. Зеро имрӯзу ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар миқёси ҷаҳонӣ  маҳз аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, донишҳои замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибмаърифативу соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии ҷавонони ҳушманди мо вобастагии қавӣ дорад.

Бо ин мақсад 25 сол қабл бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва  23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

 

Дар ҳар як суҳбату вохӯриҳо Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон рӯ оварда, таъкид менамояд, ки: “Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред”.

Албатта, ин таъкидҳои Сарвари мамлакат саривақтӣ буда, дар ҷаҳони имрӯза муҳимияти ин таъкидҳо даҳҷанд боло рафтааст, зеро раванди ҷаҳонишавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқуъ меояд, баҳои воқеӣ дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи  маълумоти оморӣ имрӯз дар донишгоҳ 2207 нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Аз ин шумора 572 (26%) духтар ва  1635  (74%) нафарро ҷавонписарон ташкил дода, дар ҳайати профессорону омӯзгор бошад шумораи  омӯзгорону олимони  ҷавони мо  ба 80 нафар расидааст, ки  52  дар садро ташкил медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, кӯшишҳои роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб дар давоми фаъолияти шашсолаи донишгоҳ натиҷаҳои мусбӣ дода ба як қатор дастовардҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ оварда расонид. Аз ҷумла, натиҷаҳои  сессияҳои имтиҳонӣ нишон медиҳанд,  ки пайваста   миқдори донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло ва хубу аъло сессияҳоро ҷамъбаст мекунанд зиёд мешавад, Чунончӣ аз рӯи натиҷаи сессияи зимистонаи соли таҳсили ҷорӣ теъдоди бо баҳои аъло ва хубу аъло 1063 нафар ё худ 49,5% -ро ташкил додааст.   

 

Натиҷаи сифати таълим дар алоҳидагӣ вобаста ба фанҳо бошад то ба 60-80%-ро ташкил медиҳанд. Давомоти донишҷӯён ба ҳисоби миёна ба дарсҳо то 98 % -ро ҳамрӯза ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда низ яке аз натиҷаҳои беҳтарин дар байни дигар муассиаҳои олӣ ба шумор меравад. Новобаста аз ин мехоҳам таъкид намоям, ки мутаасифона дар байни донишҷӯён нафароне ҳастанд, ки бо дониши  заиф ва дарсишиканиҳои бемавридашон  ба раванди таълим халал ворид менамоянд.

Бояд қайд намоям, ки охири моҳи май ва аввали моҳи июни соли ҷорӣ   Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Дастаи олимпии донишгоҳ иборат аз 12 нафар барои ноил шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ омодагӣ дида истодаанд. Умедворем, ки шогирдони мо муваффақ хоҳанд шуд.

Фаъолияти илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон сол аз сол вусъат ёфта, имсол 173 фишурдаи илмии донишҷӯён ва олимони ҷавони мо дар конфронсҳои байналмилии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи тиббии Самарқанд,  

Академияи тиббии Тошкент, Донишгоҳи тиббии Бухоро ба нашр расидааст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар донишгоҳ 21 маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият менамоянд, ки беш аз 500 нафар донишҷӯро дар худ муттаҳид намудааст.   

Раёсати донишгоҳ дар фаъолияти худ, дар баробари омӯзонидани нозукиҳои илми тиб ба донишҷӯён, ҳамзамон  барои тарбияи худшиносиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти милливу боло бурдани ҳисси миллӣ як қатор нақша-чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст ва ба ин васила ҷавононро барои ояндаи аз ин ҳам дурахшонтару беҳтар омода намуда истодааст. Баргузор намудани озмунҳои зеҳниву маърифатӣ, фарҳангиву сиёсӣ, варзишиву маданӣ, доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо шахсиятҳои наҷиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Ҳамзамон дастгирии ятимону бепарасторон ва ниёзмандон ҳамеша дар мадди назари раёсати донишгоҳ қарор дорад.

 

 

Танҳо дар давоми соли таҳсили ҷорӣ 27 нафар чунин толибилмони ба кумак эҳтиёҷманд ба маблаѓи бештар аз 52 ҳазору 400 сомонӣ ба ѓамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Самти дигаре, ки қайд намуданашро зарур мешуморем, фаъолияти муолиҷавӣ, сарпарастӣ ва машваратии кормандони донишгоҳ ҳамроҳ гаштани як қатор донишҷӯёни фаъол мебошад. Яъне  донишҷӯёни мазкур дар баробари таълиму тадрис бо ҳамроҳии устодони худ дар корҳои муолиҷавии беморон, аз ҷумла дар амалиёти ҷарроҳӣ, муоинаи бемориҳои стоматологӣ, бемориҳои дарунӣ ва ѓ. бевосита иштирок намуда, бо ин васила таҷрибаҳои касбиро аз худ намуда истодаанд.

Боиси хурсандӣ аст, ки дар давоми фаъолияти донишгоҳи ҷавонамон,  дар маҷмуъ донишҷӯён дар «Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, озмуни «Донишҷӯи сол», «Олимпиадаҳои байналмилалӣ  байни донишҷӯёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил», “Илм фурӯѓи маърифат” ва дигар озмунҳои маърифатию варзишӣ  ширкат варзида, дар натиҷа   16 ҷойи аввал, 12 ҷойи дуюм, 18 ҷойи сеюм, 8 ҷойи ифтихорӣ ва 6 дипломи дараҷаи 1 ва 2-ро дар конфронсҳои илмӣ ба даст овардаанд.  Инчунин, аз соли 2018 шуруъ карда донишҷӯёни болаёқат ва аълохони донишгоҳ, аз ҷумла, 13 нафар барандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар барандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон, 4 нафар барандаи стипендияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  гардидаанд.

Боиси хушнудист, ки  соли равон ДДТХ 336 нафар хатмкунандагони аввалини хешро барои адои рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеа  равона месозад. Боварии комил дорем, ки дастпарварони мо ҳамеша ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис намуда, дар раванди солимгардонии аҳолӣ ва қонеъ намудани талаботи ҷомеа ба мутахассисони соҳаи тиб саҳми бузургу арзишманди худро хоҳанд гузошт.

Ҳамзамон иброз бояд дошт, ки шогирдони далеру ғаюри мо дар баробари адои рисолати муқаддаси хеш инчунин барои таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми сазовори хешро мегузоранд. Ин аст, ки 17 нафар хатмкунандаи факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд ва айни ҳол марзу буми кишварро содиқонаву сарбаландона ҳифз намуда истодаанд.

Бо итминони комил иброз медорам, ки Шумо - ҷавонони азизу гиромӣ барои муаррифӣ намудани донишгоҳ, дар баланд бардоштани мақому манзалати касби табибӣ, дар эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳифозат аз марзу буми кишвар ва дар маҷмуъ, барои рушду нумуи Тоҷикистони азизи мо саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт.

Бо ин нияту мақсадҳои нек, бори дигар ҳозирини арҷманд, ҷавонони хушиқболро бо ҷашни ҷавонӣ, бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо зиндагии ширину гуворо, муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Саодатманду хушрӯзгор ва муваффақу сарфароз бимонед!!!

Устодон ва шогирдони арҷманд!

       Хушоянд аст, ки имрӯз мо ду иди бароямон муқаддас - Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн гирифта истодаем. Ин ду ид бо ҳамдигар ниҳоят тавъам буда, яке дигареро ташаккул ва рушду нумӯ мебахшад. Ба ин муносибат тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор сидқан ва самимона табрику шодбош намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар фазои сулҳу ваҳдати  кишвари азизамон хушрӯзу саодатманд бошед.

       Дар ҳама давру замонҳо забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши муҳимро бозидааст.  Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз  32 сол сипарӣ мешавад. Мову шумо шоҳидем, ки дар ин давра чӣ қадар муваффақиятҳо ба даст овардаем. Акнун забони мо дигар он забони заифу махлутшуда бо вожаҳои ғайр, сухани мо иборат аз лафзҳои дағалу  гӯшхарош нест. Ҷойи хушӣ ва ҳатто ифтихор аст, ки ин сарвати бебаҳо, муқаддас ва ноёби миллатро на танҳо ҳифз карда тавонистем, балки ҷароҳатҳои марговари онро шифо бахшида, то ҳадде  тавонмандаш сохтем.

       Боиси хушиҳост, ки аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мисли Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бошукӯҳи байналмилалӣ бо ин забони ширин  суханрониҳо намуда, аз вуҷуди ин миллати қадимабунёд мужда расониданд.  Дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи мо имрӯз забони тоҷикӣ рушду нумӯ ва равнақ ёфтаву мақоми сазоворро касб намудааст. Коргузорӣ,  мукотиботу муоширати сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ,  байни вазорату идораҳо ва муассисаҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад. Дар гуфтору навишти мардум низ падидаҳои накӯ ба назар мерасанд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дӯстдории забон самимӣ буда, боварӣ ба неруву тавони он бештар шудааст. 

      Имрӯз масъалаи тавонбахшии забони модарӣ барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватанпараст ҳам фарз асту ҳам суннат, зеро миллате, ки забон надорад, миллати комил нест ва ҳуқуқи маънавии соҳибистиқлол буданро надорад.

      Бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар ва   такмил дода шуд. 

      Ҳамин буд, ки моҳи октябри соли 2009 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таҳрири нав қабул намуд. Дар Қонуни нав татбиқи забони давлатӣ хеле ҷиддӣ талаб карда шуда, истифодаи  он дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии ҷомеа пешбинӣ шудааст ва минбаъд баҳри амалӣ намудани  ин мақсад Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба субут расонидааст.

        Бешак, тоҷикон дар миёни миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи миллатҳои соҳибтамаддунест, ки забони адабии қадимашро маҳфуз дошта, имрӯз низ осори садҳо шоирону адибони гузаштаашро бе душворӣ мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода менамоянд. Дар марҳилаи дигаргунсозиҳо ва таҳаввули забонҳои гуногуни олам кам забонеро дучор омадан мумкин аст, ки мисли забони тоҷикӣ баъди гузаштани даҳ аср ба насли имрӯз фаҳмо бошад.

    Ин нуқта гувоҳи он аст, ки забони точикӣ бо шевотарин маъниҳо, ширинтарин таркиботу ибораҳо, ислоҳоти гуногуни илмӣ, бахусус ширинӣ ва рангу таровати миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мақоми муносиб ёфтааст.                             

    Миллати тоҷик бо вуҷуди беадолатиҳои таърих рисолати инсондӯстию фарҳангпарварии  худро нигоҳ дошта, барои ҳифзи истиқлолияти фарҳангӣ ва забони шевои модарии худ ҷаҳду талошҳо намудааст. Ҳанӯз соли 1926 дар даврае, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни ифодакунандаи номи миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пазируфта мешуд, устод Садриддин Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки забони адабии тоҷик дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, рисолати забони тоҷикӣ боло рафта, манзалати он ба ҳадди забони давлатӣ расид, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мо буда, месазад, ки барои ҳимоя аз арзишҳо ва манофеи фарҳангии он ҳамарӯза ҷаҳду талош намоем.  

Маълум менамоям, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар роҳи татбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ чиҳати татбиқи  қонуни  мазкур ҷидду ҷаҳд мекунад, то дар ин самт кори назаррасеро анҷом диҳад.

Ҳозирини гиромӣ!

 Дар воқеъ, омӯзгор дар ҳама давраҳо машъалафрӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараф - таълиму тарбияи насли наврас вогузор карда шудааст. Маҳз фаъолияти пурсамари омӯзгор метавонад ояндаи дурахшони мардуми ҳар сарзаминро дар ҳар давру замон таъмин намояд. Бузургиву шаҳомати омӯзгор ва то чӣ андоза муҳим будани рисолати ӯро сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори худ хеле моҳирона ба қалам додааст:

 

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

 

Албатта, омӯзгор чароғи маърифат, нуру эҳёи миллат ба ҳисоб рафта, тамоми пешравӣ ва шукуфоии миллату давлат аз маърифату дониши ҳар як омӯзгор сарчашма мегирад.

 

Саломат бошед!

Меҳмонони олиқадр, устодон ва шогирдони азиз!

Қаблан ҳамаи Шуморо ба чорабинии тантанавии бахшида ба хатми аввалини  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон самимона хайра мақдам гуфта, бо боварӣ изҳор менамоям, ки ҳузури мубораки шумо ба ин маҳфили бошукӯҳ таровату ҳусни дигар афзун месозад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, шогирдони азиз, аввалин хатмкунандагони донишгоҳ - шуморо бо ин рӯзи дар ҳақиқат ҳам хотирмону фаромӯшнашаванда - ҷамъбасти бомуваффақияти таҳсил дар таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурӣ ва сазовор гаштан ба номи пуршарафи табибӣ аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми шумо дар расидан ба орзуву умедҳои минбаъдаатон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям. Ҳамеша сарбаланду саодатёр бошед.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои аҳли донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон мояи ифтихор аст, ки маҳз бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт ва имрӯз мо нахустин хатмкунандагони ин боргоҳи маърифатро чун табибони дорои малакаву маҳорати хоса ба ҳаёти наву  дунёи нозуки табибӣ бо ифтихор ва фараҳмандӣ гусел менамоем. Гусел менамоем шогирдонеро, ки 5 сол пеш аз аввалинҳо шуда, ба ин донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд ва сазовори номи донишҷӯӣ гардиданд. Ва инак, 5 соли заҳмат, 5 соли талош, 5 соли бедорхобӣ, 5 соли кӯшишу ғайрат ва 5 соли ояндасозии дурахшон паси сар шуду гуё динаякак буд ҷашн гирифтани «Рӯзи дониш»-и нахустин дар донишгоҳи навтаъсис бо шогирдони аввалин. Чун як навор аз пеши чашм мегузараду аз умри чун оби дарё равони мову шумо дарак медиҳад.

Вале, хушбахтии якояки мо аст, ки ин умри 5 - соларо барабас нагузаронидем. Дониш омӯхтему таълим гирифтем, илм андӯхтему соҳибмалака шудем, тарбия дидему бомаърифат шудем, бо дарди инсон сару кор гирифтему табобатгари инсон шудем ва ба ин рӯзи мубораку ҳумоюн, ки орзуву умеди якоякамон буд, бо сарбаландӣ расидем.

Номи ҳар кадоми шумо - шогирдони гиромӣ, дар таърихи донишгоҳ чун аввалин хатмкунандагони донишгоҳ бо хати заррин сабт хоҳад ёфт ва ҳамзамон аз шумо масъулияти даҳчанду садчанд зиёдтарро талаб хоҳад дошт. Зеро муваффақияту комёбиҳои минбаъда, мақому манзалати хоса пайдо кардан дар байни ҷомеа, чун табибони ҳозиқ соҳибэҳтиром гардидани шумо ба донишгоҳи азизамон шукӯҳу ҷалол ва нигоҳи неку назари хосаи оммаро ато хоҳад бахшид.

Имрӯз Шумо дар муҳити тантанавӣ «Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ёд хоҳед намуд, ки он маънои дар ҳама ҳолу  аҳволи зиндагӣ содиқ будан ба касби табибиро дорад ва итминони комил дорам, ки бо масъулияти том шумо ин нуктаро дарк намуда, савганд ёд менамоед.

Хатмкунандагони азиз!

Давраи донишандӯзӣ ва камолоти касбӣ дар ҳақиқат ҳам мушкилиҳои зиёдеро доро аст, вале Шумо, ки панҷ сол пеш бо азму иродаи  қавӣ ва нияту орзуҳои ширини ҷавонӣ ба ин таълимгоҳи муқаддас қадам гузошта будед, сабру таҳаммулро пешаи асосии худ намуда, душвориҳои сангини пайроҳаи  касбомӯзӣро паси сар кардед ва имрӯз  метавонед ифтихор намоед, ки аз имтиҳони аввалини зиндагӣ бомуваффақият гузашта, ба фаъолияти мустақилонаи касбии худ роҳи васеъ кушодед. Бо фараҳмандӣ, имсол Донишгоҳи мо 45 нафар дастпарварони худро ба хизмати халқу Ватан сафарбар менамояд, ки аз онҳо 4 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд ва ин, албатта, боиси сарфарозии мо мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки ҳаёти донишҷӯӣ на танҳо касб омӯхтану дониш гирифтан ва соҳибмаълумот шудан аст, балки он худ як мактаби зиндагӣ, як давраи беҳтарини умри ҷавонӣ, як марҳилаи тиллоию такрорнашавандаи ҳаёт ба шумор меравад, ки онро ҳамроҳ бо ҳамсабақонатон дар ҳамзистӣ бо ҳамдигар чун дӯсту бародар паси сар намудед ва итминонам комил аст, ки дӯстиву бародарии шумо давоми умр пойдор хоҳад монд ва ҷашни панҷ, даҳ ё бист соли баъди хатм нишонаи аълои дӯстиву бародарии шумо хоҳад буд. 

Шогирдони азиз, набояд фаромӯш сохт, ки хатми донишгоҳ ин ҳанӯз анҷоми кор нест. Барои табиби ҳозиқу донишманд ва мушкилкушои дарди ҳазорон нафар ниёзмандон гаштан дар оянда низ бо дарки масъулият бояд таҷрибаи андӯхтаи ҳамкасбони калонсолро азхуд намуд, зеро танҳо дар амал татбиқ намудани донишҳои тӯли панҷ сол азбарнамуда наметавонад шуморо ба қуллаҳои баланди илм бирасонад ва гули сари сабади аҳли ҷомеа гардонад. Беихтиёр дар ин ҷода боз ҳам мисраъҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба хотир мерасанд, ки фармудаандт:    

            Ақл қувват гирад аз ақли дигар,

            Пешагар комил шавад аз пешагар.

Оре, итминони комил дорам, ки хатмкунандагони аввалин ин пандро сармашқи кори худ намуда, дар ҷодаи касби хеш  масъулияти боз ҳам бештарро  ҳис менамоянд.      

Набояд фаромӯш кард, ки  ҳар кадоми шумо дар кадом нуқтае, ки набошед, то ба ҳадди камолоти касбӣ расидан аз таваҷҷуҳи устодон ва роҳбарияти донишгоҳ дур нахоҳед монд ва мо дар ҳама лаҳзаҳо омодаем, ки барои рушди касбии шумо кӯмаки амалии хешро расонем.

Бори  дигар, Шумо - шогирдони азизро бо хатми донишгоҳ табрику таҳният гуфта, дар амалияи касби пуршарафи табибӣ ба ҳар кадоматон комёбиву сарфарозӣ ва некномиву саодатмандиро таманно менамоям.

Роҳи сафеди зиндагӣ насибатон бод, хатмкунандагони азиз!

Раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Шуморо ба ифтихори ҷашни 75 -солагиатон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб барору комёбӣ таманно доранд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки саҳми Шумо дар тарбияи ҳазорон шогирд ва ҳамзамон, дар корҳои заҳматталаби таълиму тарбия бениҳоят бузург аст. Шумо дар тӯли умри пурбаракати хеш қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ  намуда, ба унвони  баланди  профессорӣ  расидаед.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Шумо дар соҳаи  таълим ва тарбияи кадрҳои баландпояи тиб назаррас буда, нафъи он ба рушду густариши  соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.  Ин ҳама боиси ифтихор ва шарафмандист.

Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омўзгорон ва шогирдон дар таҷлили зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдил буда, умед доранд, ки боз солҳои зиёд дар соҳаи тандурустӣ хизмати содиқонаву софдилона намуда, мутахассисони баландихтисоси  соҳаи тибро тайёр менамоед.

Бори дигар, Шуморо ба муносибати 75 - солагиатон табрику таҳният мегӯем, бароятон саодатмандӣ, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.

Ҷашни 75 - солагӣ муборак, устоди азиз!

Бо эҳтироми самимӣ,

Ректори ДДТХ

д.и.т., профессор                                              Убайдулло Қурбон

Page 1 of 14
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид