Хабарҳои ДДТХ (990)
ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНИИ ГИРДУ АТРОФИ ДОНИШГОҲ ВА ХОБГОҲИ ОМӮЗГОРОН
Санаи 18-уми ноябри соли 2024, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ҷиҳати идомаи кабудизоркунӣ ва сабзгардонии гирду атрофи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва хобгоҳи омӯзгорон, 200 адад дарахтони ороишӣ ба донишгоҳ дастрас карда шуданд.
Дарахтони ороишии мазкур аз 100 адад арчаи навъи “Кипарис” бо баландии то 3 метр, 50 адад «Акатсия» бо баландии то 2,5 метр ва 50 адад «Сирен» бо баландии то 1,5 метр иборат буданд.
Зикр бояд кард, ки санаи 18-ум ва 19-уми ноябр аз ҷониби қисмати хоҷагидории донишгоҳ ва сохторҳои дигар тамоми дарахтони воридгардида дар саҳни бинои асосии донишгоҳ ва саҳни ду бинои хобгоҳи омӯзгорон шинонида шуданд.
Бахши хоҷагидории донишгоҳ.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 23-юми ноябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон кушода эълон намуд ва аъзои ҷаласаро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Пеш аз баррасии масъалаҳои рӯзнома донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббии ДДТХ - Худойбердиев Ҳайдар Жоракуловичро ҷиҳати дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи фанни “Биология” сазовори ҷойи 2-юм гардидан аз ҷониби Раиси Шурои олимон бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Дар масъалаи якуми рӯзнома “Натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон аз ҷониби Комиссияи озмунӣ барои интихоб шудан ба вазифаҳои ҲПО ва кормандони илмӣ» ҷой дода шуд. Зикр бояд кард, ки дар овоздиҳии пинҳонӣ ду нафар барои аз сари нав таъин гардидан ба вазифаи мудири кафедра ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд. Пас аз баррасии ҳуҷҷатҳо ва натиҷагирӣ намудан аз овоздиҳии пинҳонӣ хулосаи Комиссияи озмунӣ пешниҳоди аъзои Шурои олимон гардонида шуд. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1, н.и.т. Пиров Б.С. ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи педиатрӣ н.и.т. Кузибаева Н.К. аз сари нав ба вазифаҳои мазкур интихоб гардиданд.
Дар масъалаи дуюм “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2023-2024” шунида шуд. Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дортсент Қурбонмамадов С.Х. аз корҳои дар давраи ҳисоботӣ анҷомдода, камбудӣ ва норасоиҳо, вазифа ва дурнамои муовинат маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, комиссияи санҷишӣ оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг маълумотнома пешниҳод намуд.
Масъалаи сеюми рӯзномаро «Қабул ба ординатура ва интернатураи клиникӣ дар соли таҳсили 2024-2025» ташкил дода, директори марказ Қурбонов З.Қ. оид ба натиҷаи қабул ва фаъолияти ординатура ва интернатура ба таври муфассал маълумотро пешниҳоди аъзои Шуро гардонид.
Дар масъалаи чоруми рӯзнома “Фаъолияти Дармонгоҳ ва Озмоишгоҳи марказӣ дар соли 2024” баррасӣ гардида, директори дармонгоҳ Камолов А.С. вобаста ба фаъолияти яксола маълумотро манзур намуд.
Дар масъалаи ҷорӣ лоиҳаи Қарори Шурои олимон “Дар бораи тасдиқи “Низомномаи МТК Стоматология”” пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.
Хабарнигори сомона.
БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ
Санаи 22-юми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатиро ба самъи ҳозирин расонид. Ҳамзамон, қайд дошт, ки Парчами давлатӣ ин ифтихор ва нишонаи соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз мебошад ва арҷ гузоштан би ин муқаддасоти миллиамон вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар идома мудири кафедраи физиология нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. маърузаи хешро пешниҳоди ҳозирин гардонда, аз қабули ин санаи муҳим, ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ва таъсири мусбати он ба худшиносиву худогоҳии насли наврас, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ин сана суханронӣ намуд.
Сипас донишҷӯён перомуни таърихи Парчам ва ифтихор аз доштани Парчами давлатӣ презентатсия ва шеърҳои баландмазмуни шуароро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.
Аҳли ҳунари донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ ба чорабинии мазкур ҳусни анҷом бахшиданд.
Дар ҷамъбаст муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. аз номи раёсати донишгоҳ ба роҳбарияти кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ, кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 3, ба донишҷӯён ва дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ барои баргузории ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.
Кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ.
ИШТИРОК ДАР РАҲПАЙМОИИ ОММАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 22-юми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара роҳпаймоии оммавӣ баргузор карда шуд, ки дар он тамоми кормандони идораву муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ низ дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ дастаҷамъона бо шиору овеза, Парчаму аксҳои Пешвои муаззами миллат ширкат варзиданд.
Пас аз анҷоми роҳпаймоии оммавӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи фарҳангии аҳли ҳунар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ доир карда шуд, ки донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ дар он фаъолона ширкат варзиданд.
Хабарнигори сомона.
СЕМИНАРИ ИЛМЇ-АМАЛИИ БАЙНИДОНИШГОҲҲО «КИТОБХОНАИ МУОСИР: НАМУД ВА ТАҶРИБАҲОИ НАВ ДАР ХИЗМАТРАСОНӢ БА ХОНАНДАГОН»
19 ноябри соли 2024 дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон семинари илмӣ-амалии байнидонишгоҳҳо таҳти унвони «Китобхонаи муосир: намуд ва таҷрибаҳои нав дар хизматрасонӣ ба хонандагон» гузаронида шуд. Дар семинар роҳбарони китобхонаҳои макотиби олӣ ва роҳбарони китобхонаҳои коллеҷҳои тиббӣ даъват гардида буданд.
Сараввал муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанги ДДТХ дотсент Ќурбонмамадов С.Х. ба семинар ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин семинари илмӣ-амалиро иқдоми бузурге дар рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Дар рафти семинар маърузаи н.и.п., профессор, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Комилзода Ш. дар мавзуи «Шахсияти худро гум накардан ё китобхонаи муосир бояд чӣ гуна бошад. Фаъолияти китобхонаҳо дар шароити нав: имкониятҳо ва татбиқи онҳо», маърӯзаи дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода» Маҳмудов Г. дар мавзуи «Мутахассиси китобхона, ӯ имрӯз чӣ гуна аст: портрети китобдори муосир», маърӯзаи декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода» Зафари Шариф дар мавзуи «Сиёсати китобдории даврони Истиқлолият: Натиҷаҳо ва самтҳои афзалиятнок», маърӯзаи мутахассиси пешбари китобхонаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино Миралиева Зуҳро, маърӯзаи мудири китобхонаи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” Ҳалимов М.А., маърузаи оператори барномаҳои ситемавии компютерии ДДТХ Қурбоналиев А.А. пешкаши ҳозирин гардонда шуданд.
Мутахассисони сохаи китобдорӣ ба фаъолияти китобхонаи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ва гузаронидани пурсишномаҳо вобаста ба фаъолияти китобхонаи худ баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки фаъолияти китобхонаи ДДТХ бо китобхонаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ҳампаҳлӯ буда, барои донишомӯзии донишҷуён корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.
Дар ҷамъбасти кори семинар иштирокчиён аз сатҳи баланди баргузории семинар ва шароиту имкониятҳои китобхонаи донишгоҳ изҳори қаноматмандӣ намуданд. Ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки чунин семинар дар дигар китобхонаҳои донишгоҳҳо низ роҳандозӣ гардад ва дар оянда ҳам тариқи of-line ва ҳам on-linе ин гуна семинар ба роҳ монда шавад.
Китобхонаи донишгоҳ.
БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО
Рўзи 14-уми октябри соли 2024 дар кафедраи забонҳо зери роҳбарии омӯзгори фанни забони англисӣ, номзади илмҳои педагогӣ Шарипов А.Ф. бахшида ба 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илосияи тақдирсоз ва Президенти мардумӣ» дар гурӯҳи 102 факултети тиббӣ дарси тарбиявӣ баргузор гардид.
Дарси тарбиявиро роҳбари гурӯҳ Шарипов А.Ф. ҳусни оғоз бахшида, доир ба нақши Иҷлосияи тақдирсози миллат дар таърихи навини мардуми тоҷик маълумот доданд. Донишҷӯёни гурӯҳи мазкур Гулмуродов Меҳрулло дар мавзуи «Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ – сарнавишти Тоҷикистон» ва Малахова Мавзуна дар мавзуи «Пешвои миллат ва Иҷлосияи тақдирсоз» маърӯзаҳо қироат намуданд. Гурӯҳи донишҷӯён шеърҳоро дар васфи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ қироат намуданд. Сипас донишҷӯён саҳначаи ибратбахшеро оид ба ҳодисаҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандӣ бо номи «Ҷонро сипар мекунем» пешкаши ҳозирин намуданд. Дар иҷрои донишҷӯи ҳамин гурӯҳ Ғафурова Мадина суруд дар васфи Тоҷикистон садо дод.
Дар охири дарси тарбиявӣ мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф. Одинаев С.П., сардори шуъбаи тарбия ва фарҳанг н.и.и. Давлатова Г., сармутахассис оид ба сифати таҳсилот, саромўзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. баромад карда, баргузори чунин дарси тарбиявиро муҳим ва барои тарбияи худшиносии донишҷӯё5 муфид арзёбӣ намуданд.
Кафедраи забонҳо
НАМОИШИ АСАРҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ДДТХ
Санаи 14 ва 15-уми ноябри соли 2024 аз ҷониби Китобхонаи донишгоҳ ва деканати факултетҳо бо ҳамоҳангии муовинати тарбия ва фарҳанг бахшида ба рӯзи “Рӯзи Президент” асарҳои чопии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми донишҷӯёни курсҳои 1-ум то 6-уми ҳамаи факултетҳо бо ҳамроҳии кураторони гуруҳ ва омӯзгорони дарсдиҳанда, инчунин донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара иштирок намуданд.
Бояд зикр кард, ки ҳангоми гузаронидани чорабинӣ аз ҷониби ризокорони китобхона ба донишҷӯён ва иштирокчиён оид ба зиндагинома ва асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои пурра ва саҳеҳ пешниҳод карда шуд.
Китобхонаи донишгоҳ.
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР ДДТХ
Санаи 16-уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ-бадеӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргузор гардид.
Чорабинии тантанавиро Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст иштирокчиён ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарафманди миллати тоҷикро бо ин ду санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният намуд. Дар идомаи суханронӣ аз хизматҳои шоён ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдор нигоҳ доштан ва рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат ёдоварӣ намуд. Иброз дошта шуд, ки “...Таърих барои миллати тоҷик абармардеро бар сари қудрат овард, ки рукнҳои давлатдориро аз тамоми манфиатҳои шахсӣ волотар гузошт, зимоми давлатдориро ба дасти касе супурд, ки худ сарсупурдаи миллат буд. Ин рисолати басо бузургро маҳз дар он айёми бесарусомонӣ фарзанди фарзонаи миллат –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бар дӯш гирад ва содиқона ба иҷро расонад. Оре, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ва хизматҳои беқиёс ва камназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон сулҳу ваҳдати комил пойдор гардид”.
Дар идома муовини Раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро ба сухан баромада, перомуни таърихи давлатдории тоҷикон, бурду бохти миллати тоҷик дар шебу фарозони ҳаёт, расидан ба Истиқлолияту сулҳу ваҳдат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои муззами миллат дар сохтани давлат, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон чун як давлати соҳибистиқлол ва дигар паҳлуҳои хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои муътамад ибрози андеша намуд.
Профессори фахрии донишгоҳ Должикова Валентина Андреевна дар мавзуи “О беспримерном подвиге ради страны и народа» маъруза намуда, дар бораи ҷоннисориҳои Пешвои миллатро дар баҳамоварии хилқи тоҷки ва пайдо намудани маҳбубият миёни ҷомеа ва берун аз он суханронӣ намуд.
Пас аз суханҳои табрикотӣ ва маърузаҳои пурмуътаво барномаи адабии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар ҳамоҳангии кафедраи Анатомияи патологӣ, кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 ва кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2 манзури тамошобинон гардонида шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо композитсияи адабӣ-мусиқии “Президенти кишвар-маҳбуби ҳамагон” шуруъ гардида, сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои инъикоскунандаи хизматҳои Пешвои миллат, суханҳои пурифтихор аз ватану миллат, рақсҳои мавзуну дилкаш идомабахши барномаи фарҳангӣ буданд.
Дар фарҷом, Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ба аҳли ҳунару санъати донишгоҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ изҳори сипос намуда, бори дигар таъкид намуданд, ки аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат нисбати соҳаи маориф ва тандурустӣ, аз чунин ватани ободу зебо, аз чунин Роҳбари хирадманду дурандеш, аз фазои тинҷу ободи кишвар ҳар лаҳзаву ҳар замон бояд шукрона намоем.
Хабарнигори сомона.