Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 17-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои занон ва духтарони ДДТХ баргузор гардид, ки масъалаи якуми рӯзномаро “Баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ” ташкил медод. Қайд карда шуд, ки Паём тамоми самтҳои фаъолият, дастоварду афзалиятҳо ва пешравию шукуфоии кишвари азизамонро инъикос намуда, ҳамзамон, рушду нумуи минбаъдаи мамлакат низ аз ҷониби Сарвари мамлакат дар он пешбинӣ гардид. Дар баробари дигар самтҳо, ҳамчунин, Президенти кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса равон намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки “...Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад...”

Инчунин, зимни баррасӣ ва омӯзиши Паём дар ҷаласаи Шурои занон қайд гардид, ки барои мо бонувон боиси ифтихор ва фараҳмандӣ аст, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар як суҳбату вохӯрӣ ва дар Паёмҳои ҳамасола ба фаъолияти занон, ҷойгоҳ ва мақоми зан-модар, эҳтироми ҷинси латиф, иззату ҳурмати бонувон, саҳми бонувон дар рушду нумуи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар робита ба ин, ҳар яки мо бонувон-кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро зарур аст, ки аз беш аз пеш дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи тиб саҳми худро гузорем.

Хабарнигори сомона

                                                               

Дар таҷрибаи ҷаҳони муосир дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва ба тамоми халқи кишвар ироа намудани паёми  Президенти кишвар, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Пешниҳод шудани  Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне, Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар айни замон, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.  

           Санаи 28-уми декабри соли 2024 Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар он сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан инъикос ёфт.

          Пешвои миллат  дар Паёми худ сараввал аз вазъияти ноустувори сиёсии ҷаҳон сухан намуда,  қайд кард, ки Тоҷикистон омодааст, ки бо дарназардошти вазъияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҳамкориҳои васеъро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшад.  Аз ҷумла Президенти кишавар афзуд, ки «Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

      Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем».

           Дарвоқеъ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳони муосир ва зуҳур намудани  ҷиноятҳои муташакил назар ба солҳои қаблӣ хеле печида, хеле хатарнок ва хеле нозук гаштааст. ҷангҳои харобовар   як қатор кишварҳои ободу зебо ва муқтадири  мамолики араб ва Аврупоро  ба чӣ ҳоле овардааст. Дар ҳар рӯзу ҳар соат қатлу ғорат ва таркишҳо дар Ливия, Ироқу Сурия, Исроилу Фаластин ва як қатор давлатҳои дигари қитъаи Африко авҷ гирифтани террор, афзудани миқдори ҷавонони маргталаб, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротӣ - ҳамаи ин ҳолатҳо нигаронкунанда буда, аҳли ҷомеаро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст. Ин ҳолат мутаассифона ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ  аз ҷумла, Тоҷикистон низ  хатари таҳдидӣ дорад. Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, мардуми кишвар, бахусус ҷавонони  Тоҷикистон бояд ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯстӣ ва муқаддас донистани арзишҳои миллиро аз аз ҳар гунна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва мазҳабӣ бояд  боло гузоранд. 

             Равандҳои ҳаёти сиёсии имрӯзаи ҷомеаи муосир тақозо менамояд, ки доир ба пайдоиш ва  нишонаҳои ҳар гуна ифроту тафритҳо,  ақидаҳои тундгароӣ, ичунин  дар бораи зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ҳар як шахс маълумоти кофӣ додшта бошад.   

 Дар идомаи суханронӣ дар  самти сиёсати хориҷии кишвар, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ва дар маҷмуъ вазъи иқлими сайёра василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт арзёбӣ намуд. 

           Лозим ба қайд аст, ки Тоҷикистон дар соли 2024  боз як соли -  буҳрони молиявию иқтисодиро аз сар гузаронид. Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат соли 2024 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба беш аз 150 миллард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. ҳамчунон зикр гардид, ки  дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст             

            Ҳамзамон, Президенти кишвар қайд намуданд, ки дар доираи нақшаҳои ҳукумат дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф,  660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд меёбанд.

    Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар паёми Президенти мамлакат дарҷ ёфт, ин ба низом даровардани кори мақомоти андоз мебошад, ки ба дигаргунсозӣ ниёз дорад. Сарвари давлат қайд кард, ки бояд ба ҳама ва ҳар як фарди ҷомеа расонида шавад, ки пардохти андоз на танҳо амалияи ба буҷети давлат ворид намудани маблағҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ мебошад, балки бо мақсади пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Яъне бо ин мақсад Ҳукумати кишвар ҳамакнун ҷараёни андозсупориро боз ҳам сода  ва шаффоф гардонида,  вобаста ба такмили низоми рақамикунонии андоз низ ба сохторҳои дахлдори мамалакат дастур дода шуд.  ҳамчунин, масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ ба вазоратҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.  

Дар паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳаам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди онҳо торафт зиёд мекунад. Гаврчанде  ки  солҳои қабли буҷети давлатӣ барои аксари соҳаҳо кам карда шуда бошад, вале маблағгузории хароҷоти  соҳаи иҷтимоӣ дар доираи буҷети тасдиқшуда дар ин давра пурра таъмин гардид. Дар баробари он ҳамасола маблағҳои зиёди иловагӣ, фонди эҳтиётии Президентӣ, фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар захираҳои молиявӣ, инчунин, маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва грантҳо ба ин мақсад равона мегарданд.  Масалан,  дар давоми  соли 2024 маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шудааст.

Махсус қайд гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар бахши  маориф корҳои бузурге  роҳандозӣ гардида, дар натиҷа аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 4037 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2,3 миллон хонанда ташкил шудааст. 

Илова бар ин, аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиши илмҳои муосир  сохторҳои марбута тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳамзамон доир ба худшиносии миллӣ, масъалаҳои ватандӯстию  ифтихори ватандорӣ корҳои  тарбиявиро дар байни тамоми зинаҳои муассисаҳои таълимӣ тақвият дода шавад.  

Дар ин росто  Роҳбари давлат чунин қайд намуданд  «Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

      Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд”.

          Илова бар ин, қайд гардид, ки дар асоси талаботи ҷомеаи имрӯза, ки  ба мутахассисони  сатҳи баланди касбият ва донандаи забонҳои хориҷӣ  рӯз аз рӯз меафзояд, Тоҷикистон низ ниёз дорад. Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки “Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад”.

          Зимни суханрониҳо вобаста ба дигар бахшҳои  соҳаи иҷтимоии кишвар аз қабили масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ, ки  Ҳукумати мамлакат ба он эътибори хоса дорад, ҳарф зада шуд. Таъкид гардид, ки дар ин  соҳаи муҳими  сиёсати иҷтимоии кишвар корҳои ислоҳотсозӣ  ҳанӯз ҳам идома ёфта, дар давоми 33 соли соҳибистиклолии кишвар бо истифода аз ҳамаи имкноиятҳо 3076  муассисаҳои  тандурустӣ бунёд гардида ва бо таҷҳизоти муосири тиббию озмоишӣ  муҷаҳаз гардонида шудаанд.  Аз ҷумла, дар бораи бунёди ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДДТХ ишора намуданд. 

Лозим ба қайд аст, ки дар соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

          Аз ҷониби Президенти кишвар ба соҳаи тандурустии кишвар чунин дастури мушахас дода шуд “Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд”.

Мақсади асосии Ҳукумати мамлакат дар ин соҳаи муҳим аз он иборат аст, ки ҳифзи иҷтимоии мардум ҳарчӣ беҳтар таъмин гардад, соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушди бештар пайдо намоянд, шабакаи технологияҳои иттилоотӣ тавсеа ёбад, барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад. Дар татбиқи ин ҳадафҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг нақши ҳалкунанда доранд. 

            Ҳамзамон, дар Паём таъкид карда шуд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд  тамоми захираву имкониятҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ сафарбар намоем.

  Бояд гуфт, ки Сарвари давлат доир ба дурнамои масоили  иқтисодию иҷтимоии   Тоҷикистон то соли 2030  ибрози ақида намуда, оиди давра ба давра ва боз ҳам суръат бахшидани  иқтисодиёти миллӣ  ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зинаҳои гуногун вазифадор карда шуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

“Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

      Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

      Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

      Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

      Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

      Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

       Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

      Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”. 

       Хулоса, Паёми Роҳбари давлат дар раванди инкишофи минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣ ва  иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои  ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст, нақши муҳим гузошта, на танҳо дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи давлату ҳукумат, балки самтҳои нави кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамонро ба таври равшан муайян намудааст. Пас вазифаи имрӯзаи ҳар яки мост, ки нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа омӯхта, барои дар ҳаёт татбиқ гаштани онҳо аз тамоми воситаю имкониятҳои дар ихтиёрдошта самаранок истифода намоем.

 

МУОВИНИ ЯКУМИ РЕКТОРИ ДДТХ,

Н.И.С., ДОТСЕНТ АҲМАДИЁН Ш.Р.  

 

Санаи 11-уми январи соли 2025 бо иштироки аъзои Раёсати донишгоҳ, ҷиҳати баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, перомуни муҳиммият ва муҳтавои Паём сухан намуд.

Қайд карда шуд, ки Паёми навбатии Президенти кишвар тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро инъикос намуда, барои имрӯзу фардои кору фаъолияти мо як раҳнамову дастури  самараноки ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки ҳар як роҳбари сохторӣ бояд дар такя ба Паём таъкидҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намояд ва дар рушду нумуи ватани азизамон саҳмгузор бошад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, тасдиқ карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа Ректори донишгоҳ ба тамоми аъзои Раёсат супориш дод, ки дар ҳар як сохтор, кафедра ва деканату факултетҳо матни Паём ба пуррагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад ва мудирони кафедра ва кураторони гуруҳҳои академӣ бо донишҷӯён низ онро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Инчунин, бандҳои нақши чорабиниҳои донишгоҳиро дар муҳлати муайян ва босифат ба иҷро расонанд.

 

Хабарнигори сомона.

Баргузор гардидани имтиҳонҳои сессияи зимистона ва тобистона  ҳамасола дар мадди диққати Раёсати донишгоҳ қарор дорад ва ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани он Раёсати донишгоҳ тамоми чораҳои амалиро меандешад.

Сессияи зимистонаи соли таҳсили 2024-2025 низ бо омодагиҳои ҳамаҷонибаи муовинати таълим ва зерсохторҳои он оғоз гардид ва барои супоридани имтиҳонҳо тамоми шароитҳо барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.

Дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2024-2025 дар 6 курси панљ факултет ҳамагӣ 45 имтиҳон ба нақша гирифта шуда буд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида имтиҳонҳо баргузор гардида истодаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки имтиҳонҳо дар се шакл: хаттӣ, шифоҳӣ ва тестӣ доир гардида, шакли хаттию шифоҳӣ дар кафедраҳои донишгоҳ ва шакли тестӣ дар Маркази ягонаи тестӣ қабул карда мешавад.

Рафти имтиҳонҳо аз ҷониби Комиссияи имтиҳонӣ, ки тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ аз 31.12.2024, таҳти № 01/103 тасдиқ гардидааст, назорат гардида истодааст.

Муовинати таълим.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид