Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дастовардҳо

16-17-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Пояи давлат набошад бе маориф устувор" баргузор гардид.

Дар олимпиадаи имсола 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ дар ду бахш-фанҳои гуманитарию иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва табиию риёзӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 36 нафар сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 4 нафар барои иштироки фаъолона сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар ин озмун, 11 нафар  донишҷӯ  аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро аз рӯи 11 фанни таълимӣ - забон ва адабиёти  тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, физика, математика, информатика, химия, биология ва география иштирок карданд.

Рӯзи 17-уми май дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Боиси хурсандист, ки  дар ин олимпиада Абдуллоева.М. Ш.-донишҷӯи курси 3-юми факултети педиатрӣ аз фанни забони англисӣ ва Қурбонов А.Р.-донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва Ҷ. Қурбоналӣ-донишҷӯи курси6-уми факултети тиббӣ аз фанни физика сазовори ҷойи сеюм  гардида, бо  диплому медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Камолова М.В. - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ бошад, аз рӯи натиҷаи холҳо дар ҷойи чорум қарор гирифта, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ғолибони олимпиадаро табрику таҳният намуда, барояшон комёбиҳои беназир орзу менамоянд.

 

ДЕКАНАТ

15-уми майи соли 2023 мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Одинаев Саидаҳмад Полвонович рисолаи номзадиро дар мавзуи «Воҳидҳои фразеологии ҳамқолаб дар забони адабии муосири тоҷик» дар  Шӯрои дисертатсионии 6D КОА-028-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ ҳимоя намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Одинаев С.П. дар тӯли фаъолияти кориаш дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ мақолаҳои зиёди илмиро ба нашр расонидааст. Номбурда дар таълиму тарбияи шогирдон барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён саҳми арзанда гузошта, муаллифи  дастурҳои илмӣ, методӣ ва китоби дарсӣ мебошад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон омӯзгори кафедраи забонҳо ­- Одинаев С.П.-ро барои бомуваффақият  ҳимоя намудани  рисолаи номзадиаш табрику таҳният намуда, барои ӯ саломатӣ ва дар корҳои илмии ояндааш комёбиҳои беназирро орзу менамоянд.

 

РАЁСАТИ  ДДТХ

Аз 12-ум то  13-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

         Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар озмуни мазкур 1 нафар омӯзгор ва 6 нафар донишҷӯ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

         Дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”  донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. ҷойи якумро ишғол намуд.

         Дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. сазовори ҷойи якум, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

         Ҳамзамон, дар номинатсияи мазкур омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Раҷабова Г. ҷойи дуюмро ишғол намуд.

         Дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ҳакамон донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ - Давлатова Н.-ро сазовори ҷойи якум донистанд.

         Раёсати ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар оянда комёбиҳои бузургро таманно менамоянд.

29 - уми  апрели соли 2023 Асоев Ҷ.Х. - ассисенти кафедраи    “Забонҳо”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон рисолаи номзадиро таҳти унвони «Таҳлили сохторию маъноии истилоҳоти анатомия (остеология) дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» аз рӯи ихтисоси 10.02.20. забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ва қиёсӣ дар Шӯрои дисертатсионии 6Д КОА - 031 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон  барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ сарбаландона ҳимоя намуд.

   Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати омӯзгорону  профессорон ва донишҷӯён Асоев Ҷомӣ Хайруллоевичро барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ва шарафёб гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ самимона табрик ва муборакбод намуда, барояш  комёбиҳои беназир таманно доранд.

Page 1 of 8
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид