Дастовардҳо
Санаи 22.05.2017 дар театри марказии шаҳри Қурғон теппа конференсия бахшида ба “Ҳафтаи Ҷавонон” бо иштироки раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д ва кулли ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 7 нафар донишчӯёни фаъол аз ҷумла Ҳамроев Муҳаммадзамон, Комилова Бибисоро, Фарзонаи Убайдуллозода, Султонова Гулшан, Ҳакимов Муҳим, Нурмуҳаммади Холбозор, Валиев Сафархон ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Донишчуёни Донишгоҳ иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур ҷавонони фаъоли вилоят аз ҷониби Раёсати ҳукумати вилоят бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин дар ин чорабинӣ ҷавононе, ки дар давоми сол соҳиби дастовардҳои беҳтарин гардидаанд ва инчунин нафароне, ки дар соли 2017- Соли Ҷавонон ба стипендияи раиси вилоят пешниҳод шуда буданд дар фазои тантанавӣ соҳиби стипендияҳои худ гардиданд.
Лозим ба қайд аст, ки аз ДДТХ донишҷӯи гуруҳи 10-уми тиббӣ Ҳамроев Муҳаммадзамон барои дар озмуни “Донишҷӯи сол” ҷои I-умро ишғол намуданаш, сазовори стипендияи вилоятӣ гардид. Мо умед дорем, ки дар оянда сафи чунин ҷавонони болаёқад дар Донишгоҳ зиёд мегарданд ва боиси ифтихори Донишгоҳи азизи мо хоҳанд шуд. Чорабиниро базми фарҳангии ҷавонон идома дод ва онҳо як барномаи пуршукуҳи ҷолибро ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Сипас донишчуён аз осорхонаи “ Бибихонум”-и шаҳри Қурғонтеппа дидан намуда бо таърихи 2000 солаи ин Қалъаи бузург шинос шуданд. Донишчӯён аз тамошои ин осорхона ба худ маълумотҳои зиёд ва таассуроти хуб гирифтанд.
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон
ва донишҷуёни ДДТХ
Даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология 21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б. А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеъашиносӣ н.и.ф.,дотсент Гулов А.А., мудири кафедраи забонҳо д.и.ф.,дотсент Тағоймуродов Р.Ҳ, мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.б.,дотсент Чориев С.А, мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика н.и.ф-м.,дотсент Ситамов С, омӯзгори фанни забони русӣ дотсент Должикова В.А., Омӯзгори фанни забони англисӣ Мамадалиева С.А ва донишҷӯён Комилова Бибисоро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Тоҷибоева Наима аз фанни забони русӣ, Ҳамроев Муҳаммадзамон аз фанни забони англисӣ, Тоатов Шаҳром аз фанни таърихи халқи тоҷик, Абдуллоев Муҳибулло аз фанни биология ва экология, Абдуқаюмов Отаҷон аз фанни химия, Ҷобири Қурбоналӣ аз фанни физика,Ҳомидов Хайём аз фанни математика, Сафаров Ҳусейн аз фанни технологияи информатсионӣ барои шитрок дар олимпиада сафарбар карда шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Санҷиши натиҷаи дониши донишҷӯён ба тариқи тестӣ аз фанҳои химия, биология ва экология, физика, математика, таърихи халқи тоҷик, назарияи иҷқтисодӣ, технологияи информатсионӣ ва эссе аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик,забони англисӣ ва забони русӣ гузаронида шуд. Баъди санҷиши натиҷаи онҳо ва ҷамъбасти озмун ғолибони зерин аз донишгоҳи мо муқаррар гардиданд:
- Комилова Бибисоро – ҷойи дуюм аз фанни забону адабиёти тоҷик.
- Абдуллоев Муҳибулло - ҷойи чорум аз фанни биология
- Ҷобири Қурбоналӣ - ҷойи чорум аз фанни физика
Дар ҷаласаи ҷамъбастии олимпиада Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иштирок намуда, ғолибонро табрик намуда, ҳамзамон ҳадафу дурнамои баргузории олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар охир ба ғолибони озмунҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Шуъбаи таълим
Хабари дар озмуни вилоятии «Маликаи наврӯз» соҳиби ҷойи аввал ва шоҳҷоиза гаштани ҳамсабақи худ – донишҷӯйи гурӯҳи 4-уми тиббии ДДТХ – Маҳмадалиева Бунафша моро шоду масрур гардонид, чунки дар чунин як озмуни пуршукуҳе маҳз соҳиби ҷойи аввал гаштани вай дили ҳар яке аз моро саршори фараҳмандонию ифтихор гардонид.
Бо камоли хушнудӣ Бунафшаро аз номи кулли донишҷӯёни ин таълимгоҳи навтаъсиси тиббии Хатлон табрику муборакбод намуда, дар кору хониши вай комёбиҳои нав ба навро таманно дорем.
Гурӯҳи ҳамсабақон ва Созмони ҷавонони ДДТХ
Санаи 03.03.2017 сол, соати 10.00 дар маркази ноҳияи Данғара фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони “Моҳпайкари Наврӯз” миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ноҳия аз гузаронида шуд, ки аз 3 қисмат иборат буд:
- Қисмати либосҳои ҳаррӯза
- Қисмати либосҳои маросимӣ ва идона
- Қисмати либосҳои расмӣ
Дар фестивал аз донишгоҳи мо 3 нафар донишҷӯдухтарон:
- Маҳмадиева Бунафша – гурӯҳи 4, факултети тиббӣ
- Сафарова Манижа – гурӯҳи 5, факултети тиббӣ
- Раҳимова Адиба – гурӯҳи 6, факултети тиббӣ
Боиси хурсандист, ки донишҷӯдухтарони ДДТХ барои гирифтани шоҳҷоиза сазовор дониста шуданд ва ба донишҷӯ Маҳмадиева Бунафша барои иштирок дар фестивали вилоятӣ роҳхат дода шуд.
Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ,
н.и.х. Усмонова У.Х.