Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дастовардҳо

    28-уми декабри соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара маросими супоридани гувоҳномаҳо ба донишҷӯдухтароне, ки курси омӯзишии «Духтарони сарвар»-ро бомуваффақият хатм намуда буданд, баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 10-нафар донишҷӯдухтар дар курси мазкур фаъолона ширкат варзида, соҳиби гувоҳнома гардиданд.
     Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишии «Духтарони сарвар» бо ташаббуси собиқ муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ба роҳ монда шуда буд.
     Ҳадафи ташкили курс дар замири духтарон пайдо намудани ниҳодҳои сарварӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

ШӮРОИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН

    26-уми ноябри соли равон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон профессори фахрӣ Должикова В.А. ва сардори назорати сифати таълим Одинаев С.П. ширкат варзиданд.
   Барои иштироки фаъолона дар даври сеюми озмуни мазкур профессори фахрӣ Должикова В.А. аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва устод Одинаев С.П. аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
  Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони мамлакат роҳандозӣ гардидааст.
   Ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва бо ин мақсад арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

   

Аз 7 то 13 октябри соли ҷорӣ тибқи даъватнома ва маблағгузории ҷавонони Сарвар, ҳамзамон иҷозати ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон донишҷӯи курси сеюми факултети тиббии гурӯҳи 311 - Хоҷаева Марям озими шаҳри Сахкадзори Ҷумҳурии Арманистон гардид ва дар Мактаби Байналмилалии Ҷавонони Сарвар иштирок намуд.
     Мавзӯи чорабинии мазкур «Сарварӣ дар тиҷорат, санъати муошират ва идоракунии он» буд.
    Дар анҷоми Мактаби Байналмилалии Ҷавонони Сарвар Хоҷаева М., бо сертификат сарфароз гардонида шуд. Инчунин, оид ба иштироки донишҷӯ дар чорабинии мазкур ба унвонии донишгоҳ мактуби миннатдорӣ ирсол гардид. 
   Бояд зикр намуд, ки ҳадафи асосии Мактаби Байналмилалии Ҷавонони Сарвар омӯзонидани маҳорати сарварӣ дар байни мутахассисони ҷавон ва рушди он мебошад, ки барои аз худ намудани малакаҳои нав дар соҳаи бизнес, идоракунӣ ва коммуникатсия мусоидат мекунад.

ДЕКАНАТ

    Маълум аст, ки самти муҳими ҳар як муассисаи таълимӣ – ин фаъолияти илмии он мебошад. Хушбахтона, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Замима ба  Иҷозатномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  барои фаъолияти докторантура,  аспирантура, интернатура ва ординатураи клиникӣ, таҳсилоти баъдидипломӣ ва иловагӣ, докторантура аз рӯи ихтисос – PhD  ҳуқуқ дода шуд. Иҷозатномаи мазкур аз тарафи  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н.Олимзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз  31-уми августи соли 2019 ба имзо расидааст.

   Ҳадафи асосии ба роҳ мондани фаъолияти докторантура,  аспирантура, интернатура ва ординатураи клиникӣ, таҳсилоти баъдидипломӣ ва иловагӣ, докторантура аз рӯи ихтисос – PhD - ин пеш аз ҳама таъмин намудани донишгоҳи тиббӣ бо кадрҳои илмӣ - соҳавӣ, мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани иқтидор (потенсиал)-и илмии донишгоҳ   мебошад.

   Боварӣ дорем, ки   падидаи мазкур барои боз ҳам васеътар ба роҳ мондани фаъолияти илмии донишгоҳ ва рушди моликияти зеҳнӣ  мусоидат хоҳад намуд.

МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ

Page 4 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид