Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Таърихи ДДТХ

Таърихи таъсисёбии донишгоҳ 

Соли равон ба таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон – дуюмин муассисаи таҳсилоти олиии тиббие, ки табибони олидараҷаро ба воя мерасонад ва дар пешрафти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ нақши босазо мегузорад, 5 сол пур мешавад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қонеъ гардондани талаботи ҷомеа бо мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ таъсис ёфта, имрӯзҳо дар марҳи-лаи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 –уми январи соли 2016 дар ш.Душанбе баргузор гардида буд, дар баробари арзёбии масоили дигаре, ки ба сиёсати беруниву дохилии ҷумҳурӣ рабт дошт, роҷеъ ба масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, вазъи таъминот бо мутахассисони соҳаи тиббиро дар кишвар, бахусус дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда арзёбӣ намуданд:

 

              

 

«Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолияш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад. Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори      Кӯҳистони Бадахшон 23 ва вилояти Суғд 20 нафар мебошад».

Ҳамчунин Ҷаноби олӣ дар идомаи суханрониашон таъкид доштанд, ки "... Донишгоҳи тиббӣ (ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино), ки дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиббӣ ягона муассиса дар мамлакат мебошад, талаботи ҷомеаро пурра қонеъ карда натавониста истодааст". Сарвари мамлакат барои ба таври мусбат ҳаллу фасли шудани масъалаи мазкур ягона тадбирро дар таъсис додани донишгоҳи наву замонавӣ дониста, дар хулоса ба чунин натиҷа расиданд:

Бо назардошти иҷроиши супориши мазкур Ҳукумати ҶТ зимни баргузории ҷаласаи махсус аз 21.01.2016, таҳти

№1 тибқи банди 11 -уми Протоколи маҷлис вазоратҳо ва мақомоти марбутаро вазифадор сохт, ки роҷеъ ба бунёд кардани биноҳои таълимии ҳозиразамон ва лоиҳаи сохтмони донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод манзур намоянд.

Ҷиҳати иҷроиши Протоколи мазкур ба хотири чораҷӯӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои мушаххас, раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти сарварии доктори илмҳои тиб, профессор У. Қурбон Ситоди корӣ оид ба таҳияи "Лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" таъсис дод. Ситоди номбурда, ки ба ҳайати он шахсони корозмуда ва соҳибтаҷриба шомил буданд, баъди омӯзиши ҳаматарафаи дастурҳои байналмилалӣ оид ба лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, истифодаи таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисону коршиносони соҳа оид ба сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ дар вилояти Хатлон фикру мулоҳизаҳои хешро дар таърихи рӯзи 11 – уми феврали соли 2016, таҳти № 01/321 -1 ба Президенти Ҷумҳуррии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд. Фикру мулоҳизот, таҳлилҳо ва пешниҳодоте, ки тибқи дастурҳои байналмилалӣ сурат гирифта буданд, ба куллӣ пазируфта шуданд. Бо назардошти ба эътибор гирифтани пешниҳодоти мазкур тарҳи бинои маъмурии донишгоҳ, биноҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои маишӣ дар шакли маҷмаа (кампус) қобили қабул дониста шуд. Дар натиҷа, ҷиҳати таъсису ташкили ДДТХ Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02 соли 2016, таҳти

№79 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" дар кӯчаи И.Шарифов – 3, н.Данғара қабул карда шуд. Мутобиқи банди 3 – юми он Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, барои таъсису ташкили ДДТХ муваззаф гардидаанд. Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 феврали соли 2016, таҳти

№ 80 "Дар бораи таъйин намудани Қурбон У. ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" ба тасвиб расид.

Ҳамин тариқ, фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон расман аз марти соли 2016 оғоз гашт. Дар донишгоҳ раёсати муваққатӣ ташкил карда шуд, ки 11 нафарро дар бар мегирифт. Ташкил намудани фаъолияти донишгоҳ, мақомоти идора, таҳияи ҳуҷҷатҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, ҷалби кадрҳои баландихтисос, оғоз бахшидани таълиму тарбия, қабули аввалин донишҷӯён ва таъмини шаффофияти имтиҳоноти нахустин дар назди раёсати донишгоҳ вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёфт.

 


Дар асоси таҳлили адабиётҳои илмӣ вобаста ба ташкилу таъсис додани муассисаи олии таълимӣ маълум мегардад, ки дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва тараққиёти технология таъсис додани як муассисаи олӣ, пеш аз ҳама дарёфти кадрҳои баландихисос ва ботаҷрибаро тақозо менамояд. Чунки дар марҳилаҳои аввалини кори таъсисёбӣ идора ва қабули қарорҳои душвор ҳатто дар мавридҳои ҳассос, бо назардошти мушкилиҳо (иқтисодӣ, иҷтимоӣ) ва дигар омилҳо бояд дар сиёсати идоракунӣ шароити тағйирпазирии ақидаву холосаҳо мавҷуд бошад. 

Дар аососи ин ақидаҳо раёсати донишгоҳ дар раванди таъсисдиҳии Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон тамоми омилҳои воқеиро ба назар гирифта, ҷиҳати заминагузории дуруст, расидан ба ҳадафҳо ва рушди босуръати донишгоҳ, ки дар минбаъда ҳамчун маҳзани бузурги таълимиву илмӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, тамоми чораҳои зарури ро андешид.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ то оғози аввалин соли таҳсил раёсати муваққатии донишгоҳ тавонист, ки дар марҳилаи якум корҳои зеринро ба сомон расонад:

  1. Дар ин давра бори аввал "Оин- номаи ДДТХ" коркард ва таҳия гарди- да бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз аз 07 марти соли 2016, таҳти №152 тасдиқ ёфт, ки дар Раёсати нозироти андози н. Данғара ба қайди давлатӣ гузошта шуд.
  2. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба донишгоҳ "Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъо- лияти таълимӣ ва дигар намудани фаъо- лияти субектҳои хоҷагӣ" аз 7 марти соли 2016, таҳти №49, Силсилаи 0000029 дода шуд.
  3. Дар асоси коркард ва таҳияи басти воҳидҳои кории донишгоҳ дар марҳилаи аввал, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ "Басти воҳидҳои кории ДДТХ" аз 07.03 соли 2016, таҳти № 153 тасдиқ шуд.
  1. Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ "Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии ДДТХ" аз 5 марти соли 2016, таҳти № 22110003437, Силсилаи 0248901 ва Шаҳодатнома дар бораи гузоштани рақа- ми мушаххаси андозсупоранда (РМА)" Силсилаи № 22/007134 ба донишгоҳ дода шуд.
  2. Аз 10 - уми апрели соли 2016 донишгоҳ дар Реестри давлатии корхонаҳо ва ташкилотҳои Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз ҷониби Агентии мазкур дар вилояти Хатлон бо доро будани рамзҳои худ ба қайд гирифта шуд.
  3. Мутобиқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 25- уми июни соли 2016, таҳти №45-ф, аввалин "Буҷети ДДТХ" барои соли 2016 дар ҳаҷ- ми 2,6 млн. сомонӣ тасдиқ ёфт.
  4. Аз ҷониби раёсати навтаъсиси ДДТХ санаи 19 – марти соли 2016 лоиҳаи Буҷаи донишгоҳ барои соли 2016 дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор таҳия карда шуд ва "Сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти маблаҳои буҷавӣ ва хусусии ДДТХ" бо фармоиши Вазорати молияи ҶТ санаи 07 соли 2016, таҳти №190 тасдиқ шуд.
  5. Санаи 25 –уми августи соли 2016 дар Раёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистион "Суратҳисоби бонкии ДДТХ" расман кушода шуд.
  6. Дар асоси қарори Раёсати донишгоҳ аз 07 –уми апрели соли 2016, таҳти № 03, "Рамзи ДДТХ" таҳия гардида ва аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот бо Шаҳодатномаи молии №TJ 12443 ба қайд гирифта шуд.
  7. Дар асоси Қарори раиси ноҳияи Данғара аз 02 соли 2017, №91 ба ДДТХ(к.Исмат Шарифов -3) аз ҷониби КДФ "Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул" дар н. Данғара "Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин", ки 5,3га –ро ташкил медиҳад дода шуд.
  8. Дар асоси Қарори раиси ноҳияи Данғара аз 19 январи соли 2018, №668 ба ДДТХ аз ҷониби КДФ "Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул" дар н. Данғара "Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин" дар масоҳати 7,8га – ро барои заминҳои сохтмони Биноҳо ва иншооти таълимию маишии ДДТХ дода шуд.
  9. Дар асоси қарори Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Хатлон соҳиби "Рухсатнома" гаридид.
  10. Барои пешбурди фаъолияти байналмилаии ДДТХ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҶТ "Рамзи ягонаи ДДТХ" №4178572342 аз 29.11 соли 2018 дода шуд.
  11. Барои нашр намудани таълифоти олимони донишгоҳ, соҳиби Шаходатномаи маҷаллаи илмӣ – тиббии "Симурғ", гардид, ки он аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ №057/МҶ аз 17.04 соли 2018 дода шуд.
  12. Инчунин соҳиби Шаходатномаи рӯзномаи донишгоҳӣ "Пайки Шифо" шуд, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ №057/РЗ аз 17.04 соли 2018 дода шудааст.

     

     

     

    Дар марҳилаи дуюм дар назди раёсати навтаъсис ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои ҳукумат корҳои муҳими дигаре меистод. Вобаста ба маблағгузории фаъолияти донишгоҳ, раёсатро зарур буд, ки дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва бастҳои корӣ сохторҳои муҳиму аввалиндараҷаро таъсис дода, барои ба фаъолияти таъ- лимию илмии донишгоҳ оғоз бахшидан мутахассисони варзидаро ҷалб намояд. Илова бар ин, раёсатро мебоист барои оғоз намудани корҳои таъмирии биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ – техникӣ ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин мақсад дар донишгоҳ: Шуъбаи таълим, Деканати факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, 5 кафедра (фанҳои ҷомеашиносӣ, забонҳо, химия ва био- логия, анатомияи одам, физика) Шуъбаи кадрҳо, Шуъбаи муҳосибот, Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, Китобхона, Ташкилотҳои ҷамъиятӣ - Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, Шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ аввалин маротиба таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи ба сомон расонидани корҳои ташкилӣ моҳи августи соли 2016 мақомоти иҷроия ва мақомоти идоракунанда, Раёсат (иборат аз 16 нафар) ва Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (иборат аз 23 нафар) дар ҳайати мутахассисон таъсис дода шуд.

    Чун қоида оғози фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ аз қабули донишҷӯён ба донишгоҳ оғоз мегардад. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аввалин довталабон баъдан донишҷӯён ва ташкили имтиҳоноти озмунӣ ба уҳдаи роҳбарияти ДДТХ вогузор гардид. Ҳол он ки аз соли 2014 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули донишҷӯён ба МТОК ба таври имтиҳоноти мутамарказонидашуда аз ҷониби Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.    Бо мақсади таъмин намудаи шаффофияти маъракаи қабул аз ҷониби раёсати донишгоҳ «Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2016 -2017» таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Комиссияи қабул тавонист, ки бо кӯмаки роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино маъракаи қабули довталабонро новобаста аз шароит ва маҳдуд будани заминаҳои моддӣ – техникӣ ва мавҷуд будани бисёр монеаҳо аз 1–уми апрел то 15 – уми майи соли 2016 ба анҷом расонад. Дар натиҷаи ҷамъбаст намудани имтиҳонҳои қабул барои соли таҳ- сили 2016-2017 маълум шуд, ки аз 1633 нафари ҳуҷҷатсупорида, 353 нафар до- вталаби беҳтарин ҳамҷун донишҷӯ ба курси якум қабул шуданд. Аз теъдоди қабулшидагон 58,0%-и донишҷӯён аз вилояти Хатлон, 19,6% аз вилояти Суғд, 0,6% аз вилояти ВМКБ, 11,3% ноҳияҳои тобеъи маркази ҷумҳурӣ ва 10,5% до- нишҷӯён аз шаҳри Душанберо ташкил медоданд.         

                                                              

        

                                                                                                                                                                                                                                                          

                   

 

 

 

                                                        Рӯзи аввали дониш дар ДДТХ

Мавриди зикр аст, ки 1 – уми сентябри соли 2016 ҳамчун санаи таъ- рихӣ барои донишгоҳ ба ҳисоб меравад, зеро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ маҳз аз ҳамин рӯз оғоз намуд. Дар асоси Стан- дартҳои давлатӣ барномаҳо ва нақшаҳои таълимии донишгоҳ аз рӯи ихтиссосҳои "Кори табобатӣ", "Педиатрӣ" ва "Стома- тологӣ" таҳия гардида, раванди таълим ба роҳ монда шуд. Вобаста ба хусусияти фанҳо ва соатҳои таълимӣ барои аз курсҳои якум то панҷум аз рӯи 67 фанҳои таълимӣ, ки дар маҷмуъ 112 128 соатро ташкил медиҳад, 15 кафедра (4 кафедраи назариявии умумитаълимӣ, 4 кафедраи тиббӣ-назариявӣ ва 6 кафедраи клиникӣ) ташкил ва фаъолият намуда истодаанд.

            

   

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муассисаи олии касбии тиббӣ ба шумор рафта, дар тавозуни худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 4 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳ, биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар 4 бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Лозим ба зикри хос аст, ки масоҳати таъ- лимии биноҳои донишгоҳ соли 2018 зим- ни истифода қарор дода шудани 2 бинои нави таълимӣ афзуда, ҳамакнун таълиму тадриси донишҷӯён дар биноҳои мутааллиқ ба ДДТХ (к.Исмат Шарифов-3 дар масоҳати 5,3га ва к. Киров мавриди дар масоҳати 2,2 га) ба роҳ монда шудааст. Масоҳати умумии биноҳои таълимии донишгоҳ аз 18 285 м2 иборат буда, аз ин миқдор 16 829 м2 –и онро масоҳати муфиди таълимӣ ташкил медиҳад, ки мутобиқ ба нишондодҳои меъёрӣ (1:9м) мебошад. Дар маҷмуъ, дар донишгоҳ 114 адад синфхона, 11 адад толори лексионӣ бо фарогирии 3380 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Дар назди роҳбарият ва кормандони ДДТХ вазифаҳои дигари пурмасъул аз қабили, беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ва сатҳу сифати он, таъмини пурраи шаффофияти сессияҳои санҷишиву имтиҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки омили мазкурро метавон сароғози кулли пешравиҳои донишгоҳ арзёбӣ намуд. Далели ин раванд дар натиҷаи панҷ соли фаъолият беҳтар гаштани вазъи заминаи моддӣ - техникӣ, афзудани имкониятҳои молиявии донишгоҳ ва ҳамзамон баланд шудани сатҳи дарсазхудкунии донишҷӯён, буда метавонад. Қобили қайд аст, ки дар соли 2016 аз шумораи умумии донишҷӯёне (350нафар), ки танҳо бо баҳои хубу аъло таҳ- сил намуданд аз 111 (31%) нафар иборат буд, дар соли таҳсили 2020 -2021 бошад, теъдоди чунин донишҷуён ба 977 нафар ё худ 52,2 % расид. Дараҷаи дарсазхудкунӣ дар ин сессияҳо ба 99% баробар шудааст. Натиҷаи сифати таълим дар алоҳидагӣ вобаста ба фанҳо бошад аз 60 то ба 80 % -ро ташкил медиҳанд. Давомот ба дарсҳо то 99 % - ро ташкил медиҳад. Теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмидошта, низ дар давоми панҷ сол мунтазам рӯ ба афзоиш дошта, дар ин давра дараҷанокии илмии ҲПО анқариб ба 20% баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар ин давраи фаъолияти донишгоҳи навтаъсис бояд мувофиқ ба меъёрҳо ҳисобида шавад.

Аз рӯи таҳлилҳо ва фаъолияти панҷсолаи донишгоҳ метавон қайд намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб ҳамеша дар маркази диққа- ти роҳбарияти ДДТХ қарор гирифта буд. Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас роҳбарияти донишгоҳ аз шаклу усулҳои беҳтарини кор, таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии дохилӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва имкониятҳои воқеии дар таълимгоҳ мавҷуда ба таври самарабахш истифода мебурд.

Ин аст, ки сатҳу сифати дарсгузаронӣ ва хондани лексияҳо аз ҷониби омӯзгорон ҷавобгӯ ба талабот ба роҳ монда шуда, ҳамзамон сифати дарсазхудкунии донишҷӯён, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо, риояи иҷроиши барномаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дода мешуд. Новобаста аз норасоиҳои маводҳои таълимӣ, воситаҳои айёнӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ омӯзгорони кафедраҳо машғулиятҳои амалию лексиониро дар сатҳи хуб ба роҳ мемонданд (дар соли таҳсили 2016 -2017 қариб ки ягона айёният китобҳо буданду халос, бо ташаббуси худи кормандони раёсат ва омӯзгорон воситаҳои айёнӣ, аз қабили препаратҳои анатомӣ, микроскопҳо, видиеолексияҳо ва ғ. ҷамъоварӣ карда мешуданд).

Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии макотиби олӣ, ин таъмини маводи таълимӣ барои донишҷӯён ва мунтазам ғанӣ гардонида- ни фонди китобхона ба шумор меравад. Бо ин мақсад, чуноне ки дар боло зикр гардида буд,аз моҳи августи соли 2016 дар сохтори донишгоҳ Китобхона таъсис дода шуд. Мувофиқи сметаи хароҷотии буҷаи донишгоҳ барои харидорӣ намудани адабиётҳои таълимию илмӣ дар соли 2016 - 350 000 сомонӣ, дар соли 2017 - 381 000 сомонӣ, дар соли 2018 - 180 000 сомонӣ, дар соли 2019 – 381 000 сомонӣ, дар соли 2020 252 000 сомонӣ ва дар соли 2021 461 000 сомонӣ ҷудо гардида аст, ки дар маҷмуъ 2 005 000 со- мониро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ 186 номгӯй китоб бо теъдоди 19 479 нусха китобҳои баландсифати таълимии ихтисосӣ харидорӣ карда шуд. Илова бар ин, 103 номгӯи китоб бо теъдоди 22 048 нусха ба донишгоҳ туҳфа гардидаст, ки аз ин шумора беш аз 16000 – и он аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод гардидааст. Дар маҷмуъ, фон- ди китобхонаи донишгоҳ аз 1106 нус- хаи соли 2016 ба 29 244 нусха дар соли

      

 

 

 

 

 

 

 

 

 

2021 расонида шудааст, ки 26 200 ё худ 89,5% онро адабиёти таълимӣ ташкил додааст. Дар таркиби фонди китобхона инчунин, адабиётҳои электоронӣ ҷамъ- оварӣ гардидааст, ки шумораи он аз 69 367 маводи таълимию методӣ ибо- рат мебошад. Таъминоти донишҷӯён бо китоб вобаста ба забони таҳсил, яъне тоҷикӣ ва русӣ аз рӯи меъёри 1:2, 100% таъмин буда, дар маҷмуъ таъминот дар ДДТХ вобаста ба теъдоди донишҷӯён, ки 1877 нафарро ташкил медиҳад, дар доираи меъёр қарор гирифтааст.

 

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид