
ADMIN
Санаи 7-уми марти соли 2025 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Нахуст Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон ва бонувони азизи донишгоҳро бо ин санаи мубораку фархунда табрику таҳният намуд. Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ аз бузургию шаҳомат ва лутфу садоқати Зан-Модар ибрози андеша намуда, қайд дошт, ки миллати тамаддунофари форсу тоҷик ҳанӯз аз давронҳои хеле қадим ба Зан-Модар эҳтироми хоса дошт ва ин нуктаро мо борҳо дар асарҳои ҷаҳоншумули таърихиву бадеии мутафаккирони тоҷик дучор гардидаем. Далелҳо собит месозанд, ки дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик Зан-Модар ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва то ба имрӯз ҳам он нигоҳ дошта шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари донишгоҳ манзури ҳозирин гардонда шуд. Чорабинии фарҳангӣ бо композитсияи адабӣ-мусиқии “Сиришти Модар” дар иҷрои дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ оғоз ёфт. Сипас, шеъру суруд ва таронаҳои дилангези ҳунармандон дар сифоти Зан-Модар садо дода, хотири иштирокчиёнро масруру шод намуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ Ректори донишгоҳ дигарбора тамоми занону модаронро бо ин санаи накӯ табрику таҳният намуд ва ба масъулон барои пешниҳоди чунин барномаи хуби адабию мусиқӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ кард.
Хабарнигори сомона.