Хабарҳои ДДТХ (1029)
БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ ВА ПАТОЛОГӢ
Дар ДДТХ дарсҳои кушод барои табодули таҷриба, истифодабарии усулҳои фаъоли таълим, ғанӣ гардонидани маҳорати педагогии омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳавӣ гузаронида мешаванд. Боиси хушнудист, ки омӯзгорони ҷавон барои ғанӣ гардондани маҳорати педагогӣ ва сайқал додани дониши касбии худ пайваста худомӯзӣ мекунанд.
Санаи 12-уми апрели соли 2025 дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ дарси кушоди омӯзгор Халилова Г.Б. аз фанни физиологияи патологӣ дар гурӯҳи 305-и факултети педиатрӣ дар мавзуи “ Физиологияи патологии ҷигар” ва санаи 15-уми апрели соли 2025 дарси кушоди омӯзгор Давлатова Ш.С. аз фанни физиологияи нормалӣ дар гурӯҳи 205-факултети педиатрӣ дар мавзуи “Тавсифи анализатори шунавоӣ” баргузор гардид. Мавзуи дарсҳои амалӣ актуалӣ ва ба вазъи имрӯза ва ояндаи илму фан мувофиқ буданд. Дар ҷараёни дарс омӯзгорон аз воситаҳои таълимии техникӣ, видеороликҳои таълимӣ ва презентатсияҳо истифода бурданд. Донишҷӯён дар дарс фаъолияти хуб нишон доданд. Ба саволҳои омӯзгорон ва таҳлилгарон ҷавобҳои саҳеҳ мегардонданд. Дарсҳои амалӣ ба мубоҳиса (дискуссия) мубадал гаштанд. Ҳамзамон дар равиши дарс аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи 305 факултети педиатрӣ кори мустақилона ҷиҳати дар хун муайян кардани билирубин (пигменти талха) ва вируси гепатити В иҷро карда шуд. Донишҷӯён кори мустқилонаро бомуваффақият ба анҷом расониданд, ки аз ҷониби таҳлилгарон ва омӯзгорони таҷрибадор - мудири кафедраи анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология Алиев А.А. ва мудири кафедраи анатомияи нормалӣ Зарипов И.А. ба кори анҷомдодашуда баҳои баланд дода шуд.
Дарсҳои кушодро сардори БИСТ Қурбонов Х.Ш, ваколатдори сардори шуъбаи таълим Эргашев Х.Ю. ва мутахассиси БИСТ Шарипов А.Ф. ҷамъбаст намуда, таъкид карданд, ки омӯзгорони ҷавон Халилова Г.Б. ва Давлатова Ш.С. дар ташаккули сифатҳои шахсӣ ва касбии донишҷӯён саҳм гузошта метавонанд. Ба омӯзгорони ҷавон Халилова Г.Б. ва Давлатова Ш.С. аз тарафи масъулини муовинати таълим ҷиҳати ташаккули маҳорати педагогӣ ва боз ҳам босифат баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ тавсия ва маслиҳатҳои методӣ дода шуданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки баргузории дарсҳои кушод ва таҳлили онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишгоҳ ва савияи дониши омӯзгорону донишҷӯён таъсири мусбат расонида метавонад.
Бахши идоракунии сифати таҳсилот дар ДДТХ.
ДАР ДДТХ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ ҶАРРОҲИИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН” ДОИР ШУД
Санаи 15-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳии давлатии тиббии Хатлон конференсияи ҷумҳуриявии ҷарроҳони кишвар таҳти унвони “Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.
Пас ас садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сухани ифтитоҳӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони олиқадр, иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баланди илмиро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфт. Дар идомаи баромад, ректори донишгоҳ густариш додани равобити илмию амалии олимони ватаниро бо ташкил ва баргузор намудани чунин конференсияҳои сатҳи баланд таъкид намуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба ҳисоб рафта, баргузории конфронси имрӯза низ баҳри табодули таҷриба ва омухтани навгониҳои соҳа миёни мутахассисони соҳа ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба шумор меравад. Дар ин замина, қайд карда шуд, ки бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ давоми солҳои охир бахши ҷарроҳии инноватсионӣ дар мамлакат ба маротиб рушду пешрафт намуда, ба дастовард ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Дар идомаи конференсия, тибқи барнома, аз тарафи олимону ҷарроҳон ва мутахассисони соҳа вобаста ба самтҳои дигари ҷарроҳии инноватсионӣ ба аҳли иштирокдорон маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуда, дар баррасии мавзуъ саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ байни иштирокчиён ва маърузакунандагон сурат гирифт.
Хабарнигори сомона.
«ҶОИЗАИ АМИТ БАРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН» МУБОРАК АКМАЛ ДАВЛАТАЛИЕВИЧ
Санаи 14-уми апрели соли 2024, бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар бинои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Олими ҷавон» ҷамъбаст гардид. Пас натиҷагирӣ намудани озмун мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №4-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои тиб Холов Акмалҷон Давлаталиевич беҳтарин дониста шуда, бо гирифтани ҷойи I-ум сазовори дипломи «Ҷоизаи АМИТ барои олимони ҷавон» гардид.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №4-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои тиб ро барои ноил шудан ба ин муваффақияти илмӣ самимона табрику таҳният намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои навтарин ва нодиртаринро орзӯ менамояд.
Ҷоиза муборак, Акмал Давлаталиевичи гиромӣ.
Шуъбаи илм ва нашрия
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ФАРХУНДА БОД!
Санаи 11-уми апрели соли 2025 мудири кафедраи педиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дотсент Кузибаева Наимахон Конбобоевна дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-008-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» рисолаи доктории худро дар мавзуи «Врождённые пороки сердца: распространённость, фактори риска, клинико-функциональные и иммунологические особенности у детей» бомуваффақият ҳимоя намуд.
Кузибаева Наимахон Конбобоевна хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, аз аввали таъсисёбии ДДТХ дар вазифаҳои гуногун дар ин боргоҳи маърифат фаъолият менамояд. Дар тарбияи шогирдон ва дар оянда ҳамчун табиб ба воя расидани онҳо саҳми арзанда гузошта истодааст.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Кузибаева Наимахон Конбобоеваро барои расидан ба чунин муваффақияти навбатии илмӣ самимона табрику таҳният намуда, дар кору фаъолияти минбаъда ба ӯ комёбӣ ва муваффақиятҳои навинро таманно менамоянд.
Шуъбаи илм ва нашрия.
ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ” ДАР ДДТХ
Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон корҳои назаррасе ба анҷом расидаанд. Санаи 28-уми марти соли равон дар доираи амалишавии Барномаи мазкур ва “Рӯзи умумиҷаҳонии Об” дар донишгоҳ ҳамоиши илмӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамоиш таҳти унвони “Об унсури асосии мавҷудияти ҳаёт аст, аз ин рӯ обро бояд гиромӣ дошт” баргузор гашта, дар он маърузаи ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С. Ситамов - Саъдуллоев Ҳ,С. дар мавзӯи “Об манбаи ҳаёт”, маърузаи мудири кафедраи химияи тиббӣ ва экология Султонмамади Гулмамад дар мавзуи “Об барои рушди устувор”, маърузаи мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, дотсент Гулов А.А. дар мавзуи “Нақш ва мавқеи об дар “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и И. Ҷурҷонӣ”, маърузаи ассистенти кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Баҳодуров Қ.А. дар мавзуи “Тоҷикистон - ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об”, маърузаи мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология н.и.т., Исаева Б.И. дар мавзуи “Инфекции передающие водным путем”, маърузаи мудири кафедраи биохимия ва биологияи тиббӣ Султонов Р.А. дар мавзуи “Муҳофизати пиряхҳо ва обҳои ошомиданӣ ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ” ва маърузаи мудири кафедраи забонҳо н.и.п., Шарипов А.Ф. дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он” шунида шуд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Абдуллозода Ҳ.А. ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани ҳамоиш ва пешниҳоди маърузаҳои ҷолиб ба масъулон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.
Хабарнигори сомона.
МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ФИЗИОЛОГҲОИ ҶАВОН” ДОИР ШУД
Маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи физология нормалӣ ва патологӣ дар соли таҳсили 2024-2025 низ тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор гардида, дар ҳар баргузории маҳфил мавзуъҳои мубрам мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор мегиранд. Ин навбат низ маҳфили мазкур бо омодагиҳои ҳамаҷонибаи аъзои он дар сатҳи баланд баргузор гардид. Маҳфили навбатиро мудири кафедра Назаров Ҷ.Т. ҳусни оғоз бахшид. Дар маҳфил ваколатдори сардори шуъбаи таълим - Эргашев Ҳ.Ю., сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот - Қурбон Х.Ш., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ - Зарипов И.А., мудири кафедраи анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т., дотсент Алиев А.А., мутахассиси шуъбаи илм ва нашрия Набиева А.А. ва дигар омузгорони кафедраҳо иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи маҳфил гурӯҳи “Урологҳо” мавзуи “Физиологияи нормалӣ ва патологии системаи ихроҷ”-ро пешниҳоди аъзои маҳфил ва иштирокчиён намуданд. Аз ҷониби аъзои маҳфил: Якубова М., Деҳқонова Ш., Рабиев С. бо забони тоҷикӣ ва русӣ маърӯзаҳои илмӣ перомуни мавзуи зикргардида манзур гардонда шуданд. Сипас ҷиҳати мустаҳкамкунии дониши иштирокчиён донишҷӯи курси 3-юм Гулова Ф. викторина ва саволу ҷавоби интерактивиро бо иштирокчиён доир намуд. Инчунин, дар маҳфил бо роҳбарии ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ - Азимов А.С. аъзои маҳфил бо дарназардошти шароити лабораторияи донишгоҳ таҳлили умумии пешоб ва муайян намудани сафеда ва намакҳо дар онро чун кори амалӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонданд.
Дар ҷамъбасти кори маҳфил мудири кафедра Назаров Ҷ.Т. барои омодагии хуб ва сатҳи баланд доир намудани маҳфили навбатӣ ба роҳбари маҳфил ва аъзои он изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.