Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 24 Сентябр 2022 00:00

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДДТХ

22 - юми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори кафедраи забонҳо ва муовинати тарбия ва фарҳанг бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” чорабинии ботантана баргузор гардид.

              Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. ҳоизиринро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ табрик ва таҳният намуда, қайд кард, ки абармарди адабиёт ва қофиласолори назми тоҷик - Абӯабдуллои Рӯдакӣ бо хизмати наҷибонааш абадан  дар хотираи халқи форсу тоҷик нақш бастааст. Дар суханҳои сеҳрофарини худ шоир насли инсонро ҳамеша ба дӯстиву рафоқат ва некиву ҷавонмардӣ талқин намудааст.

              Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ва профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А. дар мавзуъҳои “Хусусиятҳои забонии осори Рӯдакӣ” ва “Рудаки - родоначальник персидско - таджикской литературы” маърузаҳои пурмуҳтаво хонданд.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Абдураҳмонова С. доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ тавассути презентатсия маъруза намуд. Аз ҷониби донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ - Шарипов М., Сафаров А., Қураев М., Ҳалимзода М. ва Атоев Ш. аз ашъори Рӯдакӣ порчаҳои манзум қироат гардиданд.

Дастаи ҳунарии “Дурахшон” бо рақсҳои мавзун ва сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод гардониданд.

 Дар анҷоми чорабинӣ Қурбонмамадов С.Х. - муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг барои иштирокчиён ва дастаи ҳунарии “Дурахшон” изҳори сипос намуд.

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО,

МУОВИНАТИ ТАРБИЯ

ВА ФАРҲАНГ

 

21 сентябри соли равон бо дархости Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби масъулони ширкати “Барс - Консалтинг”  Мороз Э. ва Каримов Ш. дар ҳузури масъулони Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” Ҳакимов Ҳ. ва Исмоилов И. санҷиши мебелу таҷҳизоте, ки дар доираи лоиҳаи мазкур  ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дастрас гардидааст, гузаронида шуд.

Зимни санҷиш масъулони ширкат ва лоиҳаи болозикр дар машғулиятҳои амалии донишҷӯён низ иштирок карданд, ки бевосита аз таҷҳизоти тиббӣ мақсаднок истифода мебурданд. Масъулон бо омӯзгорон ва донишҷӯён суҳбат ороста, барои истифодаи мақсадноки таҷҳизоти тиббӣ дар машғулиятҳои семинарӣ дар Маркази симулятсионӣ баҳои баланд доданд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи грантии Барномаи грантҳои озмунӣ дар доираи  Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани  сифати таҳсилот ва мутобиқати он ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ бо Сертификат сарфароз гардонида шуд.

ХАБАРНИГОРИ ДОНИШГОҲ

Ҷумъа, 23 Сентябр 2022 00:00

СЎГВОРӢ

22 - юми сентябри соли   равон дили яке аз беҳтарин пизишкони ҳозиқи кишвар, олими маъруф, доктори илмҳои тиб, профессор АБДУРАҲМОНОВ ФОЗИЛ АБДУРАҲМОНОВИЧ аз тапидан бозмонд.

Абдураҳмонов Фозил Абдураҳмонович 5 декабри соли 1930 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1952 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро хатм намуда, солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Донишкадаи тиббии 2-юми ба номи И.В.Сталин (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов) таҳсили худро идома додааст.

Солҳои 1955-1961 ба ҳайси ассистент ва солҳои 1961-1967 ҳамчун дотсент дар кафедраи анатомияи эътидолии одами ДДТТ ва ҳамзамон, муаллими калони факултети тарбияи ҷисмонии ДДОД ифои вазифа намудааст.

              Аз соли 1968 то соли 1993 мудири кафедраи анатомияи одами факултаҳои педиатрӣ ва дорусозӣ, солҳои 1994 - 2005 мудири кафедраи умумии анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳмонови Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли 2006 ба ҳайси профессор - мушовири кафедраи мазкур фаъолият кардааст.

Ӯ олими маъруфи соҳаи морфологияи экспременталӣ, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1969), Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), узви ҳақиқии Академияи омӯзгорӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2004), Аълочии мактаби олии ИҶШС, Аълочии  тандурустии ИҶШС ва ходими намоёни ҷамъиятӣ буд.

Профессор Фозил Абдураҳмонович дар мавзуи “Сохтори макро- ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои ҷавфи шикам дар ҳолати муътадил, ноқисӣ ва таҷриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ ” тадқиқот бурда, дар ташкилёбии кафедраи навбунёд ва осорхонаи анатомӣ саҳми арзанда гузоштааст.

              Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмию методӣ, аз ҷумла монографияи “Рагҳои хунгарди сифоқ”, китотобҳои дарсии дуҷилдаи “Анатомияи одам” ва  китоби якҷилдаи “Атласи мухтасари анатомияи одам” синхронӣ бо се забон: лотинӣ, русӣ ва тоҷикӣ, китоби дарсиии дуҷилдаи “Атлас - учебник по функқиональной анатомии человек ” мебошад.

              Абдураҳмонов Фозил барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи маориф ва тандурустӣ сазовори мукофоти “Оли Сомон”, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

              Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нисбат ба марги бемаҳали  Фозил Абдураҳмонович сахт андўҳгин буда, ба аҳли оила ва наздиконаш сабри ҷамил мехоҳад.

РАЁСАТИ  ДДТХ

15 сентябри соли равон дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  маҳфили “Нобиғаҳои илми тиб” баргузор гардид. 

Дар маҳфил донишҷӯёни курси якуми ДДТХ иштирок карданд. Ризокори китобхона Мажнунов Ш. оид ба ҳаёт ва фаъолияти нобиғаҳои илми тиб - Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович ва Раҳимов Яҳё Абдуллоевич барои донишҷӯён маълумоти муффасал дод.

Бояд қайд намуд, ки маҳфили мазкур ҳамеша фаъол буда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба нобиғаҳои  соҳаи тиб мусоидат менамояд.

        КИТОБХОНА

13 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо мақсади таҳким бахшидани корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳи донишҷӯёни ДДТХ бо донишҷӯёни хобгоҳ ҷаласа баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. (масъул барои кори мутасаддиён), муовини декан Омонов Э., коменданти хобгоҳ Сулаймонова Р., мутахассиси шуъбаи тарбия Назиров Р. ва ҳуҷҷатнигори шуъбаи тарбия Раҷабова Г. ширкат варзиданд. 

 Дар идомаи ҷаласа аз ҳисоби омӯзгороне, ки дар хобгоҳи донишҷӯён истиқомат мекунанд, дар ҳар як ошёна шахси мутасаддӣ таъин карда шуд ва донишҷӯён бо мутасаддиёни ошёнаҳои хобгоҳ шинос карда шуданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои риояи қоидаҳои дохилихобгоҳ, бандҳои асосии вазифа ва уҳдадориҳои истиқоматкунандагон (донишҷӯён), муносибатҳои байниҳамдигарӣ,  эҳтироми кормандон, тозаву озода нигоҳ доштани дохил ва гирду атрофи хобгоҳ  баррасӣ карда шуданд.

 Ҳамчунин, ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода шуда, пешниҳоди донишҷӯён низ дар ҷаласа шунида шуд.

МУОВИНАТИ ТАРБИЯ

ВА ФАРҲАНГ

Панҷшанбе, 15 Сентябр 2022 00:00

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАҲОИ КУРСӢ ДАР ДДТХ

 Моҳи сентябри (аз 6-ум то 16-ум)  соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаҳои курсӣ аз курсҳои якум то шашум дар факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷаласаҳо муовинони ректор, декани факултетҳо, мувинони декан, кураторони гурӯҳҳо ва донишҷӯён вобаста ба курс иштирок карданд.

Дар ҷаласаҳои мазкур масоили пӯшидани либоси тавсиявӣ, риояи тозагӣ, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, риояи одобу ахлоқ дар донишгоҳ ва берун аз он, истифода аз китобхонаи донишгоҳ, аз ҷумла, китобхонаи электронӣ, истифодаи мақсаднок аз шабакаҳои интернетӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшуда, пешгирӣ аз амалҳои корупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон  баррасӣ гардиданд.

            Аз рӯи масъалаҳои зикргардида декани факултетҳо Холов Ш.И., муовинони декан - Омонов Э.О., Каримов М.Р., Набиева А.А. ва Халифаева Ф.И.  бо донишҷӯён суҳбат намуданд.

ДЕКАНАТ

Page 1 of 106

Таърихи ДДТХ

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид