16-17-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Пояи давлат набошад бе маориф устувор" баргузор гардид.
Дар олимпиадаи имсола 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ дар ду бахш-фанҳои гуманитарию иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва табиию риёзӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 36 нафар сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 4 нафар барои иштироки фаъолона сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Дар ин озмун, 11 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро аз рӯи 11 фанни таълимӣ - забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, физика, математика, информатика, химия, биология ва география иштирок карданд.
Рӯзи 17-уми май дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Боиси хурсандист, ки дар ин олимпиада Абдуллоева.М. Ш.-донишҷӯи курси 3-юми факултети педиатрӣ аз фанни забони англисӣ ва Қурбонов А.Р.-донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва Ҷ. Қурбоналӣ-донишҷӯи курси6-уми факултети тиббӣ аз фанни физика сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплому медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Камолова М.В. - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ бошад, аз рӯи натиҷаи холҳо дар ҷойи чорум қарор гирифта, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ғолибони олимпиадаро табрику таҳният намуда, барояшон комёбиҳои беназир орзу менамоянд.
ДЕКАНАТ