Аз 12-ум то 13-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар озмуни мазкур 1 нафар омӯзгор ва 6 нафар донишҷӯ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. ҷойи якумро ишғол намуд.
Дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. сазовори ҷойи якум, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, дар номинатсияи мазкур омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Раҷабова Г. ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ҳакамон донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ - Давлатова Н.-ро сазовори ҷойи якум донистанд.
Раёсати ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар оянда комёбиҳои бузургро таманно менамоянд.