Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Чорабиниҳо (122)

Чорабиниҳо

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ

РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

ГУЛОВ АСЛАМШО АМИРНАЗАРОВИЧ,
НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, МУДИРИ КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
 
Паём ин иттифоқу иттиҳод аст,
Барои халқи мо оби ҳаёт аст.
Мушаххас нуктаҳою иқтибосаш,
Чароғи равшани сулҳу субот аст.
Паёми Пешвои миллат дар ҳақиқат ифодагари тамоми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти халқи тоҷик мебошад. Ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари оқилу хирадманди тоҷик барои бунёдкорию созандагӣ, нангу номуси ватандорӣ, илмомӯзию хештаншиносӣ, рушду нумӯи кишвар, ҳамқадами ҷаҳони муосир гардидани Тоҷикистони азиз равона гашта, иҷрои нуктаҳои Паём халқи тоҷикро ба қуллаи мурод бурда мерасонад. Месазад, ки иброз намоем:
Боз дар таърихи халқу кишварам,
Сафҳаи фатҳу зафар во мешавад.
Сар ба сар дар Тоҷикистони азиз,
Мактабу фарҳанг эҳё мешавад.
Аз Паёми сарвари воломақом,
Мулки мо ободу зебо мешавад.
Боз Роғун авҷ мегирад зи нав,
Қудраташ даҳчанд боло мешавад.
Нурборон сарзамини тоҷикон,
Аз Паёми неки Пешво мешавад.
Роҳи абрешим миёни кӯҳҳо,
Таъмиру гулгашту барно мешавад.
Касбу кори мардумӣ бори дигар,
Пешсаф имсолу фардо мешавад.
Деҳаҳо обод мегарданд зи нав,
Зиндагӣ хубу гуворо мешавад.
Баҳри сайёҳон ҳама бурҷу канор,
Махзани сайру тамошо мешавад.
Аз Паёме то Паёми раҳнамо,
Хони мардум пур зи анво мешавад.
Дӯстию ваҳдати мо дар ҷаҳон,
Ибрату панди дигарҳо мешавад.
Баҳри иҷрои Паём ғайрат кунем,
Мулк пурзӯру тавоно мешавад.
Тоҷикистон чун нишони ориён,
Боз машҳуртар ба дунё мешавад.
Албатта, на соатҳо балки рӯзҳо пай дар пай дар бораи Паём ва нуқтаҳои асосии он, ки саропо барои мо муҳим аст, сухан гуфтану суҳбат кардан месазад.
Зикр бояд кард, ки Ҷаноби Олӣ дар баромадҳои худ дар сархати ҳар як масъала бо як боварию имони қавӣ ба миллати худ муроҷиат намуда, чунин қайд мекунад:
"... ҳар як фарди ватандусту бо нангу номус ... ",
"... қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост",
"... эътимоди комил дорам, ки мардуми бонангу номуси мо..."
Оё пас аз ин суханони волою нотакрор инсон дигар метавонад нисбати миллат ва Пешвои хеш бетафовут бошад. Ба фикри ман, ҳаргиз не!
Дар ҳақиқат Пешвои мо, сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди Худост. Мавлонои Рум дар Маснавии худ чунин ишорат мекунад:
То дили марди Худо н-ояд ба дард,
Ҳеҷ қавмеро Худо расво накард.
Мо бояд дастҷамъ дили ин марди Худоро наранҷонем ва ҳама вақт пайгир, сипосгузор ва тақлидгари ӯ бошем. Ин аст вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо тоҷику тоҷикистониён!

6-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рўзи Ғалаба чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўён баргузор гардид.

Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии таббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон аҳли нишастро ба муносибати Рўзи Ғалаба табрику таҳният намуданд. Муҳтарам ректор зимни суханронӣ оид ба талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи фармакология ва микробиология Ҷулаев А.С. дар мавзуи «Қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва донишҷўи курси дуюми факултети тиббӣ Ҷураев М. дар мавзуи «Баъзе оморҳои ҷолиб оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво карданд

Барои болидахотирии ҳозирин дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ барномаи адабӣ - мусиқиро пешкаши тамшобинон гардонид. Чорабинӣ аз қироати шеърҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба васфи ҳомиёни Ватан, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан бо забони тоҷикӣ ва русӣ, рақсҳои миллии тоҷикӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ иборат буд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, барои аҳли нишаст саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан руҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу намуданд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

27-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Ҷӯразода Ҷамшед - муовини якуми вазири маориф ва илм, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т. Боронов Ҳ.А. ширкат варзид.

Муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, барои  фаъолияти самарабахш ва иштироки фаъолона дар ҷаласа изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд гардид, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шӯрои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур масоили интихоби раис, муовинон ва котиби Шӯро, нақшаи кории татбиқи муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҳолати маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти касбии зертобеи вазорат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, таҷрибаи фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯрои мазкур тибқи нақша ба роҳ монда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки қабл аз баргузории ҷаласа дар донишгоҳи зикргардида намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодони донишгоҳ баргузор гардид.

МУОВИНАТИ ИЛМ

ВА НАШРИЯИ ДДТХ

16 ноябри соли ҷорӣ ба ифтихори «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Сараввал, ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният намуданд. Қайд гардид, ки ҷонбозиҳои Сарвари давлат барои сулҳу субот ва нигоҳ доштани якпорчагии давлат бемислу монанд аст.

Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии «Дурахшон» бо сурудҳои дилнишин дар васфи Пешвои миллат ва рақсҳои зебо дили ҳозиринро шод намуданд.

Ҳангоми иҷрои суруди  «Пешвои ман» иштироккунандагон бо кафкӯбиҳои бардавом муҳаббат ва садоқати худро нисбат ба Пешвои миллат изҳор намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагони чорабинӣ ва дастаи ҳунарии «Дурахшон» барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ арзи сипос карданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

16 ноябри соли равон дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ иштирок намуданд.

Ҳамоишро мудири кафедраи тибби ҳарбӣ полковник Б. Маҳмуд ҳусни оғоз бахшида, аз кору фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул гардидааст, дар ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ Холова А. ва Азимов Ш. дар мавзӯъҳои «Ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат» ва «Нақши Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш мудири кафедра Б.Маҳмуд ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ҳамоиш арзи сипос намуд.

 КАФЕДРАИ ҲАРБӢ

5 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори моувинати фарҳанг ва тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраи ҷомеашиносӣ чорабинии адабӣ - фарҳангӣ баргузор гардид.

Сараввал, муовини ректор оид ба илм ва нашрия Боронов Ҳ.А. сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон     д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат карда, аҳли нишастро табрику таҳният намуд.

Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» ба намоиш гузошта шуд.

Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо қироати шеърҳо, иҷрои сурудҳои дилнишини ватандӯстона ва рақсҳои мавзун дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ муовини ректор оид ба илм ва нашрия Боронов Ҳ.А. ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

       5 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ чорабинӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшиданд. Профессор Убайдулло Қурбон ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо ин ду ҷашни фархунда табрик ва таҳният намуданд. Қайд гардид, ки ин ду ид бо ҳамдигар ниҳоят тавъам буда, яке дигареро ташаккул ва рушду нумуъ мебахшад.  Агар тифл дар ибтидо забонро аз модар омӯзад, дар даврони мактабхонӣ ва овони донишҷӯӣ забондониашро омӯзгор сайқал медиҳад.

Як рукни асосии пойдории давлат ва миллат забон мебошад. Пешвои миллат муҳим будани нақши забон дар мустаҳкамии давлат чунин арзёбӣ кардаанд:

«Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзиаш - забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии «Дурахшон» дар васфи забон ва омӯзгор шеърҳо қироат намуда, бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун  дилҳои ҳозиринро шод намуданд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ҳусни анҷом бахшида, дар васфи омӯзгор аз суханони Рӯдакии бузургвор ёдовар шуданд:

Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,

        Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ҳамзамон, муҳтарам ректор бори дигар таъкид намуданд, ки «Вазифаи ҳар яки мо соҳибзабон аст, ки забонро поку беолоиш нигоҳ дошта, баҳри омӯзишу аз худ кардани нозукиҳои он камари ҳиммат бандем».

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

22 майи соли равон  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал, Ректори Донишгоҳи давлатии таббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аҳли нишастро табрику таҳният намуданд. Сипас, аз ҷониби муҳтарам  ректор бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни ДДТХ, барои ғолибони Олимпиадаҳои байналмилалии Бухоро, Самарқанд ва Тошкент, ғолибони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ғолибони озмуни “Фестивали бозиҳои варзишӣ”, ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ аз рӯи номинатсияҳои “Омӯзгори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Беҳтарин маҳфили илмӣ”, “Гурӯҳи беҳтарин” ва “Кафедраи беҳтарин”, волонтёроне, ки дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳҳои пешгирии бемории сироятии КОВИД - 19 фаълона иштирок намуда буданд ва аъзои фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки пайваста дар корҳои донишгоҳӣ саҳми назаррас доштанд,  бо Ифтихорномаи ДДТХ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида  шуданд.

   Ҳамзамон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, Камолов Д.Ғ. - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён, Наботова О.З. - раиси Шӯрои занон ва духтарон ва Раҳимов Х. С. - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон  барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо Ифтихорномаи ДДТХ ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

 Дар идомаи чорабинӣ барномаи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш  гузошта шуд. Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда,  барои аҳли нишаст хушиҳои рӯзгор ва саломативу сарбаландӣ орзу намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 1 of 11
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид