Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Варзиш

16 майи соли равон дар ноҳияи Данғара ба истиқболи Рӯзи ҷавонон воқеъ дар самти роҳи деҳаи Корез то майдони варзишии ноҳиявӣ мусобиқаҳои варзишии Дави миллӣ ва велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ фаъолона ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни дави миллӣ аз рӯйи синну сол ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар масофаҳои гуногун то ҷойи муқарраршуда давиданд.

Ҳамзамон, дар мусобиқаи велосипедронӣ донишҷӯи курси 3-юми  факултети стоматологӣ   Исоев Ҷ. ҷойи аввалро ба даст овард.

ШУЪБАИ КОР

БО ҶАВОНОН

     27 - уми апрели соли равон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббиии Хатлон вохӯрии донишҷӯён бо муовини  аввали сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон - Амирзода  Аловуддин баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сармутахассиси  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара - Раҳимзода Ф. ва директори КВД Маркази ҷавонони ноҳияи Данғара - Ғаффорзода Б. низ ширкат варзиданд.

Чорабиниро сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ҳомидзода И.Ҷ. ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Намояндагон дар мавзӯъҳои  «Сиёсати давлатии ҷавонон», «Забономӯзии ҷавонон», «Пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат» ва «Маърифати ҳуқуқии ҷавонон» маърӯзаи пурмуҳтаво  намуданд. Қайд гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, пайваста ба омӯхтани илму дониш машғул бошанд ва дар пешрафти давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Чорабиниро сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ҳомидзода И.Ҷ. ҷамъбаст намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро бо донишҷӯён хеле муҳим арзёбӣ намуд.

ШУЪБАИ ТАҲЛИЛ,

НАЗОРАТ ВА РОБИТА

БО ҶОМЕА

ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ

     8 - уми апрели соли равон Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Хатлон аз рӯи намудҳои варзиши шашкаю шоҳмот, волейбол, футболи хурд, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук баргузор гардид, ки  дастаи донишҷӯёни ДДТХ дар он ширкат варзида, маҳорату малакаи хуби варзишӣ нишон доданд.

Аз рӯи намуди гӯштини миллӣ Амонзода Э. - донишҷӯи курси 4-уми факултети стоматологӣ дар вазни 55кг ва донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ - Мирахмедов Э. дар вазни 100кг  сазовори ҷойи 3-юм, Ортиқов Ҷ. - донишҷӯи курси 3-юми факултети педиатрӣ дар вазни 70кг ва Тошзода К. - донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ дар вазни 75кг сазовори ҷойи 2-юм  гардиданд.

Дар намуди бозии шоҳмот аз шумораи 17 - нафар иштироккунанда Қаюмов И. - донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ ҷойи 3-юм ва Холиқов Ф. донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ ҷойи 2-юмро ба даст оварданд.

Дар намуди бозии шашка Тағоева Сабрина - донишҷӯи гурӯҳи 22-и Коллеҷи тиббии ДДТХ ва донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ Боқиев А. ҷойҳои 3-юм ва Гулов М. -  донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ ҷойи 2-юмро ишғол намуданд.

Аз рӯи намуди варзиши сабук донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ -Иброҳимов Р. дар самти ҷаҳиш ба дарозӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Дастаи футболбозони ДДТХ аз рӯи намуди бозии футболи хурд сазовори ҷойи 3- юм гардиданд.

Дар маҷмӯъ, ДДТХ дар намуди даставӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Хатлон бо гирифтани 5-медали нуқра ва 6-медали биринҷӣ  ҷойи 3-юмро ба даст овард.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ѓолибони Фестивали бозиҳои варзиширо самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ ва дар ҷодаи варзиш комёбиҳои беназирро хоҳонанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР ДДТХ

      Рӯ овардан ба варзиш - ин ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, ташаккули қобилияти зеҳнӣ, инкишофи муътадили ҷисмонӣ, барқарории шакл ва обутобёбии ҷисм мебошад.

  Дар давраи таътили зимистонаи донишҷӯён тибқи нақшаи Раёсати донишгоҳ байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ аз санаи 18 - ум то 28 - уми январ мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот, шашка, тенниси рӯимизии занона ва мардона, ҳамчунин футболи хурд байни омӯзгорони кафедраҳо доир гардида, аз ҷониби омӯзгорони варзиш - сардоварон натиҷагирӣ гардид ва ғолибони мусобиқаҳо муайян карда шуданд.

 Аз рӯйи бозии шоҳмот байни мардҳо мудири кафедраи физика ва информатика - Ситамов Саъдулло ҷои аввал, ассистенти кафедраи фанҳои муолиҷавӣ - Ҳасанов Ҳ. ҷои дуюм, директори МКМА - Насруллоев С. ҷойи сеюм ва  байни занҳо ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ - Аюбджанова Ш. ҷои якум ва профессори фахрии кафедраи забонҳо - Должикова В.А. ҷои дуюмро ишғол намуданд.

  Дар бозии шашка байни мардон ғолибият насиби  мудири кафедраи анатомияи нормалӣ - Зарипов И. гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ - Сафарализода Г. ва ассистенти кафедраи фанҳои муолиҷавӣ - Раҷабзода Б. соҳиб шуданд.

  Аз байни занон дар намуди бозии шашка ғолибиятро ассистенти кафедраи забонҳо - Набиева А. ба даст овард. Сардоварон ҷои дуюм ба лаборанти кафедраи тибби ҳарбӣ - Худойбердиева З. ва ҷои сеюмро ба лаборанти кафедраи беҳдошт, эпидемиология - Раҳимова Н.  лоиқ донистанд.

 Дар намуди бозии тенниси рӯимизӣ байни мардҳо Қурбонмамадов С. - дотсенти кафедраи забонҳо ғалабаи комилро ба даст оварда, сазовори ҷои якум гардид. Ассистенти кафедраи анатомияи патологӣ – Ғоибов А. ҷои дуюм, ассистенти кафедраи фармакология ва микробиология - Қурбонзода Д. ва ассистенти кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - Ҳошимов И. ҷои сеюмро ишғол намуданд.

 Аз байни занон нозири шуъбаи кадрҳо Халифаева Ф. маҳорати фавқулоддаро зоҳир намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Азизуллоева Ф. - лаборанти кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика  ҷои дуюм ва Кавракова С. - сарвари қисми махфии кафедраи тиббӣ ҳарбӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.

 Аз рӯи намуди бозии футболи хурд байни кафедраҳо ҷои авалро дастаи мунтахаби кафедраи ҷарроҳӣ ба даст овард. Кафедраи фармакология ва беҳдошт дар ҷои дуюм, кафедраи ҷомеашиносӣ  ва кафедраи муолиҷавӣ дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.

Ғолибони мусобиқаҳо бо Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ ва мукофотҳои пулии КИКК ҳавасманд ва қадрдонӣ карда шуданд.

МУОВИНАТИ ТАРБИЯ,

ОМӮЗГОРОНИ ВАРЗИШ

Page 1 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид