БАРГУЗОРИИ «АКСИЯИ ТОЗАГӢ” ДАР ДДТХ
Санаи 18-уми июни соли 2024 таҳти роҳбарии муовини аввали ректор дотсент Аҳмадиён Ш.Р. дар ҳудуди донишгоҳ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон “Аксияи тозагӣ” доир гардид. Аксияи мазкур аз соати 18:00 оғоз ёфта, то 20:00 идома ёфт. Омӯзгорону кормандон гирду атрофи донишгоҳро тоза намуда, алафҳои дарунро дарав намуданд, ҳамзамон, дарахт ва гулҳои ороиширо об дода, ба ин васила дар кабудизоркунии донишгоҳ ва тозаву озода намудани гирду атроф саҳмгузорӣ намуданд.
Раёсати донишгоҳ иқдом гирифт, ки чунин аксияҳоро минбаъд низ пайваста доир менамояд.
Муовинати хоҷагидорӣ.
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА
Санаи 15-уми июни соли 2024 бо ибтикори факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Шоҳнома – ойинаи забон ва адаби порсӣ-тоҷикӣ” бахшида ба бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ баргузор гардид.
Дар кори Конфрос мутахассисони соҳа, докторҳои илму профессорон, номзадони илму аспирантон, унвонҷӯён ва магистрҳо ширкат варзида, бо маърузаҳо баромад намуданд.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон н.и.ф., дотсент, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг бо маърузаи “Ҳаким Фирдавсӣ – донандаи илмҳои замон” ва н.и.ф., мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. бо маърузаи “Истифодаи вожаи “дил” дар воҳидҳои фразеологии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” дар конфронси мазкур ширкат варзиданд. Маводи конфронс дар шакли маҷмуа нашр ва дастраси иштирокчиёни конфронс гардонида шуд.
Муовинати илм ва нашрия.
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!
Раёсати ДДТХ дар баробари таълиму тарбияи донишҷӯён, ҳамзамон, ба тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон ва дараҷаи илмидошта низ диққати аввалиндараҷа равона карда, барои аспирантону докторантон барои ҳимояи корҳои илмӣ шароитҳои муосид фароҳам овардааст.
Ин аст, ки санаи 13-уми июни соли 2024 омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббии донишгоҳ Султонмамади Гулмамад дар Шурои диссертатсионии 6DКОА-038 – назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро таҳти унвони “Динамикаи ҷамъшавии пайвастагиҳои фитохимиявии растании Сич (Еeremurus) дар шароити гуногуни экологӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.01.04 – Биохимия, бо роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Ҷумъаев Б.Б. бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсати донишгоҳ, омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - Султонмамади Гулмамадро ҷиҳати сарбаландона ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи илмӣ ва пажуҳишҳои нав ба ӯ муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Раёсати донишгоҳ.
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҲПО
Санаи 7-уми июни соли 2024 вохӯрии муовинони ректор бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯрии мазкурро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки мақсад аз вохӯрии имрӯза ин дигарбора баррасӣ намудани се масъалаи асосӣ: “Баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ”, “Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” ва “Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар” мебошад.
Сипас муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан намуд. Таъкид карда шуд, ки Паём барои ҳар як сокини кишвари азизамон чун як раҳнамое мебошад, ки дар он фаъолияти тамоми самтҳо бо факту далелҳои раднашаванда таҳлилу баррасӣ гардидааст. Оморҳои дар Паём овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳу сифати зиндагии мардум сол ба сол беҳтару хубтар гардида истодааст ва ҳамаи ин аз баракати ваҳдату ягонагӣ, Истиқлолияти комил ва кушишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. дар навбати худ перомуни “Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” баромад намуд. Зимни баромад аз суханронии Пешвои миллат иқтибосҳо оварда шуда, масъалаҳои бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ҳамзамон, хизматҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик чун поягузорони бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом, риояи либоси милливу дастгирии ниёзмандон ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. перомуни “Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар” суҳбат намуд. Камбудиҳои ҷойдошта дар самти илми кишвар, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таъкид гардида буданд, дигарбора дар ҷаласа ба самъи ҲПО ва кормандон расонида шуд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар тарбияи шогирдон набояд бемасъулиятӣ зоҳир кард ва тарғиби илму дониш барои насли нав вазифаи аввалиндараҷаи мо – аҳли зиё мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. қайд карда шуд, ки ин се ҳуҷҷати бисёр муҳим дар самти фаъолияти дохиливу хориҷии кишвар, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ва рушду нумуъ додани илми кишвар хеле муҳиму саривақтӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми шумо – роҳбарони сохторҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва кураторони гуруҳҳои академиро лозим аст, ки онҳоро сармашқи кори ҳаррузаи худ намуда, дар ҷаласаҳои сохториатон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳед.
Хабарнигори сомона.