АКСИЯ БАХШИДА БА «РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИИ ВНМО/АНМБ»
Санаи 1-уми декабри соли 2024 кафедраи беҳдошт ва эпидемиологияи ДДТХ дар ҳамоҳангии шуъбаи кор бо ҷавонон, шурои занон ва духтарон, Маркази технологияҳои итилоотии донишгоҳ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории ВНМО/АНМБ» дар ноҳияи Данғара аксия доир карда шуд. Зимни баргузории аксия маводу маълумотҳо дар бораи пешгирӣ ва сабабҳои пайдошавии бемории мазкур аз ҷониби омӯзгорони кафедра: Камолзода С.Ф., Зарифзода Х.И., Гулов Р.А., Шоев Ш.С. ва намояндагони ҷавонону шурои занон ба аҳолии ноҳия тақсим карда шуд.
Аксияи мазкур аз назди бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оғоз гардида, то КВД «Амонатбонк», ШВКД ноҳияи Данғара, Донишгоҳи давлатии Данғара, МИҲД ноҳияи Данғара ва Бозори марказӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар рафти гузаронидани аксия ба 475 нафар шаҳрвандони ноҳия маълумотномаҳо тақсим ва лентаи сарисинагӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз бемории ВНМО/АНМБ гузошта шуд.
Кафедраи беҳдошт ва эпидемиологияи ДДТХ.
БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДДТХ (СОЛОНА V) ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТИБ ВА МАЪЛУМОТИ ОЛИИ ТИББӢ” БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 29-юми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (солонаи V) дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами тиб ва маълумоти олии тиббӣ” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори конфронс мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, академикону олимон, профессорону шахсиятҳои барӯманд ширкат варзида, суханҳои табрикотӣ ва маърузаҳои пурмуҳтаворо пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Конфронс аз қисмати тантанавӣ, қисмати пленарӣ ва 11 бахши алоҳида иборат буда, зиёда аз 150 маърузаҳои илмӣ дар онҳо шунида ва баррасӣ гардиданд.
Қисмати тантанавии конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, ҳамзамон, филми кутоҳ аз фаъолияти донишгоҳ намоиш дода шуд.
Бо сухани ифтитоҳӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Қурбон Убайдулло Абдулло тамоми иштирокчиён ва меҳмононро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, пас аз баёни мақсади баргузории конфронс дар бораи фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳ маълумоти арзишмандро пешниҳоди ҳозирин гардонид.
Сипас, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Ортиқов Каримҷон Пӯлодович, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло, директори клиникаи ҷарроҳии пластикии "Ҳамкор"-и Ҷумҳурии исломии Афғонистон, устоди Донишгоҳи улуми тиббии Кобул ба номи Абуалӣ Сино, профессор Аминулло Ҳамкор суханҳои табрикотӣ ва андешаҳо перомуни баргузории конфронсро иброз намуданд.
Дар идома сарояндагони шинохта ва маҳбуби кишвар: Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хуршед Иброҳимзода, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ақназар Ҳаловатов ва гулдухтарони дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои мавзун ба қисмати тантанавии конфронс ҳусни дигар зам намуданд. Қисмати тантанавии конфронс бо пешниҳоди “Суруди табибон”-и донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён ба анҷом расид.
Дар қисмати пленарӣ академики АМИТ Мироҷов Ғиёсуддин Қутбиддинович дар мавзуи “Фарбеҳӣ, илтиҳоби системавӣ ва бемории чарбзеркунии ҷигар”, профессори кафедраи фанњои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Саидов Абдулманон Саторович дар мавзуи “Баланд бардоштани сатњи маърифати њуқуқии шаҳрвандон – омили муҳими рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”, мудири кафедраи фанњои ҷарроњии №1-и ДДТХ, дотсент Пиров Бахтиёр Саъдуллоевич дар мавзуи “Критерии применения консервирующих растворов собственного приготовления после эксплантации почек», мудири кафедраи физиологияи нормалии Донишгоњи давлатии тиббии шаҳри Воронеж ба номи Н.Н. Бурденкои ФР, д.и.т., профессор Дорохов Евгений Владимирович дар мавзуи «Здоровьесберегающие технологии на кафедре нормальной физиологии Воронежского государственного медицинского университета, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ дар мавзуи “Хирургическое лечение кальцинированного эхинококкоза печени” ва профессори кафедраи физиологияи нормалӣ ва поталогияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич дар мавзуи “Оценка адаптационных возможностей организма с учётом индивидуальных особенностей” бо маърузаҳои ҷолиб ва барои соҳаи тиб муҳим баромад намуданд.
Пас аз нисфирӯзӣ кори конфронс дар бахшҳои “Ҷарроҳии умумӣ” бо баррасии 15 маърузаи илмӣ, “Ҷарроҳии №1” (микроҷарроҳии реконструктивӣ ва ҷарроҳии дилу рагҳо) бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Ҷарроҳии №2” (урология ва онкология) бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Ҷарроҳии №3” (ЛОР ва офталмология) бо баррасии 16 маърузаи илмӣ, “Педиатрия, бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология” бо баррасии 14 маърузаи илмӣ, “Бемориҳои дарунӣ” бо баррасии 13 маърузаи илмӣ, “Акушерӣ ва гинекологӣ” бо баррасии 15 маърузаи илмӣ, “Стоматология ва Фарматсия” бо баррасии 14 маърузаи илмӣ, “Фанҳои тиббии назариявӣ” бо баррасии 16 маърузаи илмӣ ва “Фанҳои ғайритиббии назариявӣ” низ бо баррасии 16 маърузаи илмӣ идома ёфта, табодули андеши перомуни мавзуъҳои баррасигардида сурат гирифт.
Пас аз баррасӣ гардидани маърузаҳо дар бахшҳои зикргардида ҷамъбасти кори Конфронс дар толори калон доир карда шуд. Раисони бахшҳо оид ба кори бахш, миқдори маърузаҳои шунидашуда, муҳиммияти мавзуъҳои баррасишуда ва сатҳи баргузории бахшҳо маълумот доданд.
Дар охир, қарор оид ба кори конфронс қироат карда шуд ва аз ҷониби масъулон, иштирокчиён ва Кумитаи тадорукот Қарори Конфронс қабул ва тасдиқ гардид. Бо ҳамин Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (солонаи V) дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами тиб ва маълумоти олии тиббӣ” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба анҷом расид.
Хабарнигори сомона.
ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНИИ ГИРДУ АТРОФИ ДОНИШГОҲ ВА ХОБГОҲИ ОМӮЗГОРОН
Санаи 18-уми ноябри соли 2024, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ҷиҳати идомаи кабудизоркунӣ ва сабзгардонии гирду атрофи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва хобгоҳи омӯзгорон, 200 адад дарахтони ороишӣ ба донишгоҳ дастрас карда шуданд.
Дарахтони ороишии мазкур аз 100 адад арчаи навъи “Кипарис” бо баландии то 3 метр, 50 адад «Акатсия» бо баландии то 2,5 метр ва 50 адад «Сирен» бо баландии то 1,5 метр иборат буданд.
Зикр бояд кард, ки санаи 18-ум ва 19-уми ноябр аз ҷониби қисмати хоҷагидории донишгоҳ ва сохторҳои дигар тамоми дарахтони воридгардида дар саҳни бинои асосии донишгоҳ ва саҳни ду бинои хобгоҳи омӯзгорон шинонида шуданд.
Раёсати ДДТХ барои дастгирии пайваста ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ҷиҳати рушду нумуи донишгоҳ ва бахусус, кабудизоркунӣ ва сабзгардонии гирду атрофи донишгоҳ, самимона изҳори сипос менамояд.
Бахши хоҷагидории донишгоҳ.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 23-юми ноябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон кушода эълон намуд ва аъзои ҷаласаро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Пеш аз баррасии масъалаҳои рӯзнома донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббии ДДТХ - Худойбердиев Ҳайдар Жоракуловичро ҷиҳати дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи фанни “Биология” сазовори ҷойи 2-юм гардидан аз ҷониби Раиси Шурои олимон бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Дар масъалаи якуми рӯзнома “Натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон аз ҷониби Комиссияи озмунӣ барои интихоб шудан ба вазифаҳои ҲПО ва кормандони илмӣ» ҷой дода шуд. Зикр бояд кард, ки дар овоздиҳии пинҳонӣ ду нафар барои аз сари нав таъин гардидан ба вазифаи мудири кафедра ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд. Пас аз баррасии ҳуҷҷатҳо ва натиҷагирӣ намудан аз овоздиҳии пинҳонӣ хулосаи Комиссияи озмунӣ пешниҳоди аъзои Шурои олимон гардонида шуд. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1, н.и.т. Пиров Б.С. ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи педиатрӣ н.и.т. Кузибаева Н.К. аз сари нав ба вазифаҳои мазкур интихоб гардиданд.
Дар масъалаи дуюм “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2023-2024” шунида шуд. Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дортсент Қурбонмамадов С.Х. аз корҳои дар давраи ҳисоботӣ анҷомдода, камбудӣ ва норасоиҳо, вазифа ва дурнамои муовинат маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, комиссияи санҷишӣ оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг маълумотнома пешниҳод намуд.
Масъалаи сеюми рӯзномаро «Қабул ба ординатура ва интернатураи клиникӣ дар соли таҳсили 2024-2025» ташкил дода, директори марказ Қурбонов З.Қ. оид ба натиҷаи қабул ва фаъолияти ординатура ва интернатура ба таври муфассал маълумотро пешниҳоди аъзои Шуро гардонид.
Дар масъалаи чоруми рӯзнома “Фаъолияти Дармонгоҳ ва Озмоишгоҳи марказӣ дар соли 2024” баррасӣ гардида, директори дармонгоҳ Камолов А.С. вобаста ба фаъолияти яксола маълумотро манзур намуд.
Дар масъалаи ҷорӣ лоиҳаи Қарори Шурои олимон “Дар бораи тасдиқи “Низомномаи МТК Стоматология”” пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.
Хабарнигори сомона.