Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

                                             

Санаи 5-уми феврали соли 2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) баргузор гашт, ки дар кори он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, шарикон оид ба рушд, доираи васеи роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Шокирӣ У. Ғ. дар ҷаласа ширкат варзид.

Зимни суханронии хеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Ҷамолиддин Абдуллозода иброз доштанд, ки таҳлили татбиқ ва банақшагирии амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар ҳамкорӣ ва бо иштироки шарикон оид ба рушд, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва кормандони масъули соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Стратегияи мазкур самтҳои муҳими ислоҳоти низоми тандурустӣ ва рушди хизматрасониҳои тиббиро муайян намуда, беҳтарсозии нишондиҳандаҳои асосии соҳаро таъмин менамояд.

Дар навбати худ, Зулфия Давлатзода - сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода - муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва шарикон оид ба рушд суханронӣ намуданд.

Дар идома, аз ҷониби иштирокчиён ва мутахассисони соҳа маъруза ва баромадҳои пурмуҳтаво пешниҳоди ҳозирин гардонда шуданд ва пас аз таҳлилу баррасии маърузаҳо ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) кори худро ба анҷом расонид ва дар охир резолютсияи саммити мазкур қабул гардид.

 

Муовинати муолиҷавии донишгоҳ.

 





Санаи 5-уми феврали соли 2025 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо доираи васеи хабарнигорон нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Нахуст Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳайати хабарнигоронро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфтанд ва аз фаъолияти донишгоҳ дар 6 моҳи охир маълумотро пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мутобиқи  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, таҳти №79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли нуҳум аст, ки фаъолият менамояд.

Айни ҳол донишгоҳ дар тавозуни худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 3 бинои таълимӣ, 3 бинои хобгоҳ (донишҷӯён ва омӯзгорон), биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар  бинои  таълимӣ ва дар 5 пойгоҳҳо: Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара ва Маркази тиббии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ,  дар соли 2024 масоҳати умумии  биноҳои таълимии  донишгоҳ ба 39 550 м2  расида, аз ин миқдор  24 952 м2 –и онро масоҳати муфиди таълимӣ ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои  меъёрӣ (1:9м2) 2м2 зиёд мебошад. Дар биноҳои таълимии донишгоҳ 168 синфхона, 4 синфхонаи компютерӣ, 2 толори хониш, 5 толори маҷлисӣ, 20 толори лексионӣ, 1 толори фарҳангӣ, 24 озмоишгоҳи кафедравӣ, 1 китобхонаи электронӣ бо лавозимоти таълимӣ - озмоишӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд. Дар маҷмуъ дар донишгоҳ барои 7500 ҷой шароит муҳаё гардидааст.

Корҳои сохтмонии 2 бинои таълимӣ ва 1 бинои хобгоҳ барои донишҷӯён бо маром идома дошта, тибқи нақша дар соли таҳсили 2025 -2026 мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.

Дар соли 2024, аз рӯи маълумотҳои оморӣ, шумораи умумии омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 402 нафар иборат буд. Аз шумораи умумии кормандон 199 нафар ё худ 49,5% -ро  ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил дода, аз ин шумора 146 (73,3%) нафарашро ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медод.

Теъдоди умумии донишҷӯён аз 2604 нафар иборат буд. Аз ин шумора, донишҷӯёни факултети тиббӣ  1227 (47,1%) нафар, факултети педиатрӣ  861 (33,1%) нафар, факултети стоматологӣ 417 (16%), факултети тиббӣ-профилактикӣ 49 (1,8%) нафар ва факултети фармасевтӣ 50 (1,9%)- ро ташкил додааст. Аз шумораи умумии донишҷӯён 811 (31,1%) нафар тариқи буҷавӣ ва 1793 (68,9%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамуданд. Теъдоди духтарон 757 (29,1%) нафар  ва  писарон  аз 1847 (70,9 %) нафар иборат буд. Донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ 121 (4,6%) нафарро ташкил медод. Дар байни донишҷӯён 15 (0,57%) нафар ятими кулл ва 18 (0,7%) нафар маъюби гурӯҳи  2 таҳсил менамуданд. Миқдори гурӯҳҳои академӣ аз 127 адад иборат буда, аз ин миқдор 42 (33%) гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 85 (67%)  гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд.  

Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ  теъдоди аспирантҳо  аз  1 нафар, унвонҷӯён аз 16 нафар, доктарантҳо аз 2 нафар, интернаҳои клиникӣ аз 31 нафар ва ординаторони клиникӣ  аз 71 нафар иборат буд.

Зикр карда шуд, ки дар соли 2024 аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар самти корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидорию байналмилалӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Ректори донишгоҳ дастовардҳои дар ин самт бадастовардаи донишҷӯёну кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгоронро бо мақому арзиш ва сифату арзёбиашон ба самъи хабарнигорон расонид.

Дар навбати худ хабарнигорон вобаста ба фаъолияти донишгоҳ, сатҳу сифати таълим, дараҷаи илмии омӯзгорон, фаъолияти илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидории донишгоҳ, равобити байналмилалӣ, нақшаи қабули донишҷӯен, таъсири шароитҳои фароҳамовардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳу сифати таълим, дурнамои донишгоҳ ва дигар масъалаҳо саволҳо пешниҳод намуданд ва аз ҷониби Ректори донишгоҳ посухи мушаххас гирифтанд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 27-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои кураторон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои кураторон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оғоз бахшид ва дар баробари масъалаҳои дигари дар рӯзнома дарҷгардида, ҳамзамон, оид ба масъалаи “Баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ “ сухан намуд.

Раиси Шурои кураторон зимни баррасии Паём иброз дошт, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо тамоми паҳлуҳо ва нозукиҳояш бо факту далелҳои раднашванда аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таҳлилу натиҷагирӣ гардид ва дар баробари ин, барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азизамон дастуру супоришҳо ба масъулин дода шуд.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва рушду нумуъ бахшидани соҳаҳои мазкурро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои соҳа мешуморад. Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд... Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст...”.

Албатта, чунин дастгириву чораандешиҳои пайвастаи соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои муосир барои донишадӯзиву тарбияи насли нав шоистаи таҳсин аст ва тамоми ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳамонро зарур аст, ки бо дарназардошти чунин оморҳои дақиқу шароитҳои хуби корӣ, таълиму тарбияи донишҷӯёнро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монем.

Дар баробари зикри дигар омор ва далелҳои дар Паём садода, инчунин, Раиси Шурои кураторон аз дастгирӣ ва диққати ҷиддӣ додани давлат ва ҳукумат ба соҳаи тандурустии кишвар андешаронӣ намуд ва аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иқтибос овард, ки: “...Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем...”.

Ќайд гардид, ки бо дарназардошти чунин таъкидҳои Пешвои миллат, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака, таҷрибаву кордонӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани табибони оянда аз роҳу усулҳои беҳтарин истифода барем ва дар пешрафти рӯзафзуни соҳаи тандурустии кишвар бо ба воя расонидани мутахассисони ояндаи тиб саҳмгузорӣ намоем.

Дар ҷамъбасти масъалаи мазкур, ба деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми кураторони гуруҳҳои академӣ супориш дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соатҳои тарбиявӣ ва ҷаласаҳои сохторї мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Хабарнигори сомона.

                                         

Санаи 25-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои олимон доир карда шуд. Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, бо кушодани ҷаласа, аъзои Шуроро бо масъалаҳои баррасишавандаи рӯзнома шинос намуд.

Қабл аз баррасии масъалаҳои рӯзнома Раиси Шурои олимон мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Гулов А.А. ва муовини сардори мудофиаи шаҳрвандӣ дар ДДТХ Насруллоев Д.-ро бо ҷашни зодрӯз аз номи аъзои Шурои олимон табрику таҳният намуд.

Сипас, тибқи рӯзнома масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати муолиҷавии ДДТХ дар соли 2024” муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. баромад намуда, аз дастовардҳою муваффақият ва дурнамои фаъолияташон маълумоти муфассал манзур намуд. Дар навбати худ, Раиси Комиссияи санҷишӣ н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., ки тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ барои санҷиши фаъолияти муовинат комиссия таъсис дода шуда буд, оид ба фаъолияти назарраси муовинат, дастовардҳою комёбиҳо, инчунин, камбудиву норасогии муовинат маълумотро пешниҳоди ҳозирин гардонид. Пас аз таҳлилу баррасии ҳисоботи муовинат фаъолияти муовинати муолиҷавӣ дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар масъалаи дуюм сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ. оид ба иҷрои сметаи даромад ва хароҷотии маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ дар соли 2024 маълумоти таҳлилшуда ва асоснок пешниҳод намуд.

Масъалаи сеюми рӯзномаро “Маълумот оид ба тайёрии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025” ташкил дод, ки ваколатдори шуъбаи таълим Эргашев Х.Ю. маълумотномаро манзури аъзои шуро гардонид. Қайд гардид, ки барои оғози нимсолаи дуюми соли таҳсил тамоми чораҳои амалӣ андешида шуданд, ҷадвали дарсӣ ба пуррагӣ омода шудааст, кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба бастҳои кориашон ягон мушкилӣ надоранд, синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, таҳҷизоти техникӣ таъмин аст, деканатҳои факултет низ тамоми корҳои вобаста ба оғози нимсолаи дуюми соли таҳсилро ба анҷом расонидаанд.

Дар масъалаи сеюми рӯзнома директори Китобхонаи  донишгоҳ Ҳалимов М.А. “Дар бораи фаъолияти китобхона дар соли таҳсили 2024-2025” маълумоти пурраро пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки миқдори китобҳои чопӣ ва электронӣ бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва вазоратҳои дахлдор сол ба сол зиёд шуда истодааст. Шумораи ҷойи нишаст ва миқдори адабиёт дар китобхона ба меъёрҳо мутобиқат менамояд. Барои истифода аз махзан ва пойгоҳҳои электронӣ масъулони китобхона тамоми чораҳои амалиро андешидаанд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида Раиси Шурои олимон нуқтаву назари худро пешниҳод намуд ва ба роҳбарони сохторҳо барои иҷрои вазифаҳо ва уҳдадориҳояшон як қатор супоришҳо доданд.

Дар масъалаи ҷорӣ, фармоиши ректор оид ба таъин намудани н.и.п. Шарипов Алишер Файзуллоевич ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи забонҳо қироат гардид. Барои боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти кафедраи мазкур Раиси шуро ба Шарипов А.Ф. дастурҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, дар масъалаи ҷорӣ лоиҳаи Қарори Шурои олимон “Дар бораи тасдиқ намудани сохторҳои МДТ “Донишгоҳи давлатиии тиббии Хатлон”” (дар таҳрири нав) ва “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Комиссияи доимамалкунандаи донишгоҳӣ оид ба танзими ҷашну маросимҳо барои соли 2025” пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд.

Хабарнигори сомона.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид