Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Тарбия ва фарҳанг
Тарбия ва фарҳанг 2 дақ. 2

БАХШИДА БА КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

3-юми ноябри соли 2026 дар кафедраи забонҳои ба номи Должикова В.А. бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Файзуллозода Алишер Файзулло дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳуҷҷати сарнавиштсоз» суханронӣ намуда, нақш ва аҳаммияти ин санади тақдирсозро дар бунёди ҷомеаи демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ шарҳ дод.

Сипас, саромӯзгори кафедра, номзади илмҳои филологӣ Одинаев С.П. дар мавзуи «Таърихи пайдоиш ва рушди Конститутсия» баромад намуда, оид ба таърихи ташаккул ва қабули аввалин конститутсияҳо дар давлатҳои Аврупо ва Амрико маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Қисмати фарҳангии чорабиниро донишҷӯёни гурӯҳи 105-уми факултети педиатрӣ таҳти роҳбарии сарпарсти гурӯҳ Рӯзиматова Н.Т. бо пешниҳоди суруду рақс, қироати шеър ва саҳначаҳои тарбиявӣ рангин гардониданд. Ҳамзамон, донишҷӯён оид ба аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа ва давлат андешаҳои олимону мутафаккиронро иброз дошта, нақши ин санади муҳимро дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими давлатдории миллӣ шарҳ доданд.

Зимни дарси кушод аҳаммияти таърихии Конститутсия, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон дар назди давлату ҷомеа, инчунин масъулияти касбии табибон дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, касби ман-ифтихори ман ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дарси кушоди навбатии тарбиявӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва ифтихори донишҷӯён аз давлату миллат ва касби интихобкардаашон таъсири мусбат хоҳад расонид.

Кафедраи забонҳо.

Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
Ҳоло баҳо нест — аввалин шавед!

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд