МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
12-уми ноябри соли 2026 дар кафедраи Биохимия ва биологияи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва шиносоии донишҷӯён бо аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмаон дар низоми давлатдории муосири Тоҷикистон мебошад.
Зимни баргузории мизи мудаввар ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдорсозии давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон, перомуни аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ба шумор меравад, андешаҳои ҷолиб иброз дошта шуданд.
Чорабинии мазкур яке аз тадбирҳои тарбиявию маърифатиест, ки дар доираи нақшаи муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шуд.
Бунёдзода С.Х.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



