Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Тарбия ва фарҳанг
Тарбия ва фарҳанг 2 дақ. 5★★★★★★★★★★1,0 (1)

БАХШИДА БА “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ” ЧОРАБИНИИ АДАБИВУ МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ШУД

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муовинати тарбия ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология чорабинии адабиву сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, фазои тантанавӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатиро фароҳам овард. Сипас, омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ андешаҳои худро баён карданд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёну омӯзгорон бо қироати шеърҳо дар васфи Президенти кишвар, Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ ба маҳфил ҳусни адабӣ зам намуданд. Қироати шеърҳо ифодагари эҳсоси баланди муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз давлатдории соҳибистиқлол буд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбиявию фарҳангии донишгоҳ қадами муҳим дар самти тарбияи маънавию ватандӯстии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Бунёдзода С.Х.

Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
1,0аз 5 · 1 овоз

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд