Лоиҳаи нашр
Дар солҳои 2019–2024 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҳамкорӣ бо Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон матн ва феҳристи мафҳумҳои тиббии асари «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷониро таҳия намуда, онро бори аввал дар таърихи навини Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 150 нусха нашр кард.
Дар бораи асар
«Захираи Хоразмшоҳӣ» – яке аз бузургтарин энсиклопедияҳои тиббии асрҳои миёна мебошад, ки бо забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Нашри он саҳми донишгоҳ дар эҳёи мероси илмии ниёгон ва таълими истилоҳоти тиббӣ бо забони модарӣ мебошад.
Манбаъ: китоби «ДДТХ – меваи пурбори истиқлол» (2026). Китобро хонед