Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Донишгоҳ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, аз 1 сентябри соли 2016 фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва табобатии худро оғоз намудааст.
Таъсис
Зарурати таъсиси донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (январи соли 2016) қайд гардид: дар вилоят ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 11,3 корманди тиббӣ рост меомад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, №79 таъсис дода шуд.
Санаҳои муҳим
- Январи 2016 – дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъсиси донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон қайд гардид
- 25.02.2016 – қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №79 дар бораи таъсиси донишгоҳ
- 2016 – ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи донишгоҳ санги асос гузошта шуд
- 01.09.2016 – донишгоҳ аввалин соли таҳсилро оғоз намуд
- 2018 – ду бинои нави таълимии донишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
- 2020 – Маркази омӯзиши симулятсионӣ таъсис ёфт
- 2021 – Коллеҷи тиббии донишгоҳ дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ба истифода дода шуд
- 2022 – бинои якуми хобгоҳи донишҷӯён мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
- 2022 – ДДТХ узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии сифати таълими тиббӣ ва таҳсилот дар соҳаи тандурустии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гардид
- 2022 – бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ Озмоишгоҳи биохимиявӣ кушода шуд
- 01.09.2023 – Пешвои миллат бинои асосӣ ва бинои таълимии №1-и донишгоҳро ифтитоҳ намуданд
- 2023 – ДДТХ ба Феҳристи умумиҷаҳонии донишгоҳҳои тиббӣ (World Directory of Medical Schools) ворид гардид
- 2023 – бо маблағгузории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Озмоишгоҳи таълимӣ-амалии вирусологӣ кушода шуд
- 2024 – бо ташаббуси Пешвои миллат омӯзгорони донишгоҳ соҳиби ду бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ гардиданд
- 2024 – Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология» ва факултети фармасевтӣ ба фаъолият оғоз карданд
- 21.11.2025 – VI конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ
- 31.12.2025 – Оинномаи нави донишгоҳ тасдиқ гардид
- 2026 – таҷлили 10-солагии донишгоҳ; 20 ноябр – VII конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Рушд дар рақамҳо
- Шумораи омӯзгорон ва кормандон аз 97 нафар (2016) ба 382 нафар (2024–2025) расид
- Ҳайати профессорону омӯзгорон аз 37 нафар ба 201 нафар афзуд
- Аз соли 2021 то 2024 донишгоҳро 1131 нафар хатм намуданд, ки 99 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло гаштанд
- Дар соли таҳсили 2026–2027 дар донишгоҳ 3367 донишҷӯ аз тамоми ҷумҳурӣ ва аз кишварҳои хориҷӣ дар чор факултет – тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ таҳсил мекунанд
Маълумоти муфассал: ДДТХ дар рақамҳо · Рисолат ва арзишҳо · 10 соли ДДТХ

Манбаъ: буклети расмии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон.