Чӣ тавр ба ДДТХ дохил шудан мумкин аст?
Тавассути имтиҳонҳои марказонидаи Маркази миллии тестӣ, кластери 5 «Тиб, биология ва варзиш». Тафсилот – дар бахши Ба довталабон.
Муҳлати таҳсил чанд сол аст?
Факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ – 6 сол, стоматологӣ ва фармасевтӣ – 5 сол. Таҳсил рӯзона аст.
Музди таҳсил чӣ қадар аст?
Барои соли таҳсили 2026–2027 (лоиҳа): Кори табобатӣ – 8 650, Педиатрия – 6 912, Стоматология – 9 763, Дорусозӣ – 7 335 сомонӣ дар як сол.
Оё хобгоҳ ҳаст?
Ҳа. Ариза аз 20 август то 5 сентябр қабул мешавад. Муфассал: Хобгоҳи донишҷӯён.
Оё таҳсилоти олии дуюм имконпазир аст?
Ҳа, дар асоси шартнома. Ҳуҷҷатҳо аз 1 июл то 25 август қабул шуда, суҳбат аз 26 то 30 август мегузарад.
Бо кӣ тамос гирам?
Комиссияи қабул: (83312) 2-10-34, 2-10-29. Ҳамаи рақамҳо: Рақамҳои хидматӣ. Ё дар WhatsApp ба мо нависед.