Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
Асосӣ / Рисолат, дурнамо ва арзишҳо

Рисолат, дурнамо ва арзишҳо

Ба чӣ интизорем, ба чӣ арзиш медиҳем ва донишҷӯи ДДТХ чӣ гуна бояд бошад.

Рисолат

Рисолати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон – дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муассисаи пешсаф ва рақобатпазир будан дар соҳаи таҳсилоти олии тиббӣ, ординатура, аспирантура ва таҳсилоти муттасили тиббӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва хизматрасонии тиббӣ бо такя ба сифат, такмил, дастрасӣ ва ҳамкорӣ.

Дурнамо

Тавассути ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии ДДТХ ва ворид шудани он ба қатори марказҳои пешсафи илмию таълимии тиббии ҷаҳон.

Ҳадафи стратегӣ

Мутобиқ намудани низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, олӣ ва иловагӣ ба талаботи муосири бозори меҳнати ватанӣ ва байналмилалӣ, ки босуръат рушд меёбад; ташаккули механизмҳои рушди устувори таҳсилот ва навсозии доимии он бо дарназардошти ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии истифодабарандагони хизматрасониҳои таълимӣ.

Арзишҳо

Сиёсат

Ташаккули тасаввуроти мусбат дар бораи ДДТХ ва баланд бардоштани шинохту эътибори он дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла обрӯи академӣ, сатҳи таҳсилот, нишондиҳандаҳои илмсанҷӣ, иқтидори кадрӣ, идоракунии молиявӣ ва идоракунии тағйирот.

Савганди донишҷӯёни ДДТХ

Одоби донишҷӯи ДДТХ

Ҳар як донишҷӯи мо меъёрҳои оинномаро иҷро намуда, дар баланд бардоштани обрӯ ва мақому манзалати донишгоҳ саҳм мегузорад. Донишҷӯ дар фаъолияти худ мувофиқи қоидаҳои зерини одобу ахлоқ амал мекунад:

  1. муносибати неку хайрхоҳона ба одамон;
  2. эҳтироми қоидаҳо ва шаъну шарафи донишгоҳ;
  3. боадабӣ;
  4. поквиҷдонӣ ва ростқавлӣ;
  5. масъулият ва вафодорӣ ба ӯҳдадориҳои худ;
  6. ҷиддият ва боэътимодӣ.
Мо ба ҷавонон – донишҷӯёни арзандаи худ ва ба эҳсоси гарми илмдӯстии онҳо боварии бузург дорем ва бо ахлоқи намунавии онҳо ҳам дар дохил ва ҳам берун аз донишгоҳ ифтихор мекунем.
Ҷашни фарҳанги миллӣ дар донишгоҳ
Манбаъ: буклети расмии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон.
Ба мо нависед