Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Тарбия ва фарҳанг
Тарбия ва фарҳанг 2 дақ. 5★★★★★★★★★★5,0 (2)

ДАР КАФЕДРАҲОИ ФАНҲОИ МУОЛИҶАВӢ № 2 ВА КАФЕДРАИ ПЕДИАТРӢ ҲАМОИШИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ ВА СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар идомаи силсилаи чорабиниҳои донишгоҳӣ, ки дар асоси нақшаи муовинати тарбия ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд, дар кафедраи фанҳои муолиҷавӣ № 2 ва кафедраи педиатрия ҳамоиши адабӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон, аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёдкориву созандагӣ, рушди ҳамаҷониби Тоҷикистони азиз, хизматҳои шоён дар баҳамовардани мардум, аз вартаи нестӣ наҷот додани миллати тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мудирони кафедраҳо - доктори илмҳои тиб, Кузибаева Н.К. ва Одинаев Б.С. зимни суханрониҳои худ ба аҳаммияти омӯзиши таърихи давлатдорӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокдорон доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои маорифу илм, тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар андешаронӣ намуда, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардашуда барои донишомӯзӣ, касбомӯзӣ ва хизмат ба ҷомеаро таъкид карданд.

Дар маҷмуъ, баргузории чунин ҳамоишҳо дар фазои муассисаҳои таълимӣ ба густариши маърифати сиёсиву таърихӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии созандаи донишҷӯён мусоидат менамояд.

Бунёдзода С.Х.

Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
5,0аз 5 · 2 овоз

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд