ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар кафедраи фанҳои стоматологӣ ва Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳамоиш бо ҳадафи бознигарии саҳифаҳои муҳими таърихи давлатдории тоҷикон, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихии донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид.
Дар қисмати илмии ҳамоиш маърӯзачиён масъалаҳои марбут ба раванди ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таъмини суботи сиёсӣ ва хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зимни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик имкони таърихии бунёди давлати миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақилонаи рушди ҷомеаро фароҳам овард. Дар ин раванд, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба ризоияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои калидии давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд.
Бахши адабии ҳамоиш бо пешниҳоди намунаҳои ашъори ватандӯстона ва қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ватан, сулҳу ваҳдат ва ифтихори миллӣ идома ёфт. Баромадҳои иштирокдорон мазмуну муҳтавои чорабиниро ғанӣ гардонида, фазои онро ба маҳфили арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон табдил доданд.
Ҳамоиши илмӣ-адабӣ дар фазои самимӣ ва бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардида, ба силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ин санаҳои муҳими таърихӣ зам шуд.
Бунёдзода С.Х.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



