ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РОҲИ ТАЪРИХИИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН: ҲАМОИШИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТӢ ВА ТАРБИЯВИЮ СИЁСӢ
Дар идомаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои муовинати тарбия ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва силсилаи тадбирҳои донишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13-уми ноябри соли 2026 дар кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи ба номи С. Ситамов ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ ва тарбиявию сиёсӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар он донишҷӯёни курсҳои якум то сеюм, ҳайати омӯзгорон ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Холов А.А. бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, дар бораи марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории муосири тоҷикон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванди таърихӣ андешаронӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи тарбия ва фарҳанг, н.и.и., Давлатзода Г.М., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дотсент Гулзода А.А., мудири кафедраи забонҳо, н.и.п. Файзуллозода А.Ф., номзади илмҳои филологӣ Одинаев С.П. ва дигар омӯзгорони кафедраҳо иштирок доштанд.
Қисмати илмӣ ва маърифатии ҳамоиш ба баррасии масъалаҳои муҳимми таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бахшида шуда, донишҷӯёни курси якуми ихтисоси тиббӣ бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуданд. Аз ҷумла, мавзуъҳои «Президент-бунёдгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар» ва «Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» мавриди пешниҳоди иштирокдорон гардонда шуданд.
Ҷанбаи адабии чорабиниро қироати ашъори ватандӯстона дар васфи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои миллат аз ҷониби донишҷӯён, ташкил дод. Барномаи ҳунарӣ бошад, бо пешниҳоди рақси миллӣ ва иҷрои сурудҳо дар васфи Президент ва Ватан идома ёфта, ба фазои чорабинӣ шукӯҳи хос зам кард.
Ҳамоиш дар муҳити созандаву маърифатпарварона ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид. Чунин иқдомҳои донишгоҳӣ барои тавсеаи ҷаҳонбинии сиёсиву таърихии донишҷӯён, тақвияти эҳсоси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандии мутахассисони оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи ба номи С.Ситамов.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



