Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Тарбия ва фарҳанг
Тарбия ва фарҳанг 2 дақ. 5★★★★★★★★★★5,0 (1)

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН БАХШИДА БА «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ЧОРАБИНИҲОИ МАЪРИФАТИВУ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР ГАРДИДА ИСТОДААНД

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муовинати тарбия ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузории як силсила чорабиниҳои маърифатӣ, сиёсиву тарбиявӣ ва адабиву фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар доираи нақшаи мазкур ташкили мизҳои мудаввар, барномаҳои адабиву фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, соатҳои кураторӣ, нишасту намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Дар ин замина, айни замон дар ҳамаи гурӯҳҳои куратории донишгоҳ аз ҷониби кураторони гурӯҳҳо соатҳои тарбиявии мавзуӣ ташкил ва баргузор гардида истодаанд. Зимни ин дарсҳо ба донишҷӯён дар бораи аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи мазкур дар яке аз марҳилаҳои мураккабтарини таърихи давлатдории навини тоҷикон баргузор гардида, дар муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлат, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот нақши сарнавиштсоз гузоштааст. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, масъулияти роҳбарии давлатро дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ ба зимма гирифтанд.

Ҳамзамон, дар рафти дарси тарбиявӣ ба масъалаҳои саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Баргузории соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ дар тамоми гуруҳҳо идома дорад ва нақшаҳои дигар низ амалӣ хоҳанд гардид.

Муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва дигар масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо ва фарогирии ҳарчи бештари донишҷӯён тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Бунёдзода С.Х.

Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
5,0аз 5 · 1 овоз

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд