ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ОБОДОНИИ ВАТАН -МЕҲВАРИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АДАБӢ ДАР ДДТХ
29-уми октябри соли 2026 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш дар асоси нақшаи Раёсати донишгоҳ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ободонии Ватан, таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши илму маориф, адабиёт ва андешаи миллӣ дар тарбияи насли ҷавону созандаро фаро гирифта.
Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Шокирӣ У.Ғ. ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ бо такя ба далелу рақамҳои асоснок аҳаммияти вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллиро таъкид кард. Ӯ нақши ташаббусҳои созандаро дар пешрафти ҷомеа шарҳ дода, саҳми ҳар як шаҳрвандро дар ободонии маҳалли зист, рушди муассисаҳо ва пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.иф., дотсент Бунёдзода С.Х. зимни баромади худ аз Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи асосии пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар сухан намуда, иброз дошт, ки ҳифзи ин дастоварди таърихӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зикр гардид, ки худшиносию худогоҳии миллӣ бо эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва масъулияти созанда дар назди ҷомеа пайванди ногусастанӣ дорад.
Номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи забонҳои ба номи Должикова В.А. – н.и.ф. Одинаев С.П. дар мавзуи «Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар ашъори шоирони тоҷик» суханронӣ карда, нақши адабиёти миллӣ ва осори адибони тоҷикро дар ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ, бедории андешаи миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа баррасӣ намуд.
Мудири кафедраи забонҳои ба номи Должикова В.А., н.и.п. Файзуллозода А.Ф. дар мавзуи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат-омили наҷоти инсоният» баромад намуда, аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро таъкид кард.
Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., дотсент Гулзода А.А. дар мавзуи «Созандагию ободонӣ ва худшиносию худогоҳӣ аз нигоҳи фалсафӣ» андешаҳои худро баён намуда, моҳияти маънавию ахлоқии созандагӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши худшиносии миллӣ дар рушди устувори ҷомеаро таҳлил кард.
Омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Қурбонзода Д.Қ. перомуни ҷанбаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» андешаронӣ намуда, зарурати густариши корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худогоҳии миллиро дар шароити муосир таъкид намуд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ, аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-адабиро дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, рушди ҷаҳонбинии миллӣ ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту масъулиятшинос муҳим арзёбӣ кард.
Муовинати илм ва инноватсия.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



