Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Эълон
Эълон 2 дақ. 2★★★★★★★★★★5,0 (1)

Озмуни грантҳои хурди донишгоҳӣ барои олимони ҷавон ва донишҷӯён оғоз ёфт

Лоиҳаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ то 26-уми ноябри соли 2026 қабул карда мешаванд.

Ба диққати олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ расонида мешавад, ки аз 26-уми октябри соли 2026 Озмуни пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи грантҳои хурди донишгоҳӣ оғоз мегардад.

Барои омодасозии дархостҳо то 26-уми ноябри соли 2026 муҳлат дода мешавад. Лоиҳаҳои дархостии грантӣ бояд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тартиб дода шаванд ва аз ду қисм иборат бошанд.

Талаботҳо
Лоиҳаҳои дархостии грантӣ бояд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тартиб дода шаванд ва ду қисмро дарбар гиранд.
Қисми аввали таклифи грантӣ аз ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ҳуқуқӣ ва маълумот оид ба шартҳои мутобиқат барои гирифтани гранти хурд (номи сохтор, суроға, рақами телефон, ном ва насаби иҷрокунандагон) иборат аст.
Қисми дуюми таклифи грантӣ бояд маълумоти зеринро дарбар гирад:
· Номгӯи корҳои озмоишӣ;
· Тавсифи корҳои озмоишӣ (мақсад, иҷрокунандагон, асосноккунии барномаи пешниҳодшуда;
· Нақшаи корҳои озмоишии пешбинишуда, муҳлати иҷроиш ва усули озмоишӣ;
· Таҷҳизот ва дастгоҳҳо, ки барои корҳои озмоишӣ истифода мешаванд;
· Маълумот дар бораи тахассуси омӯзгорон;
· Маблағи дархостшуда;
· Маълумот оид ба воситаҳои баҳодиҳӣ, ки барои муайян намудани сатҳи озмоишҳои гузаронидашуда истифода бурда мешаванд.
Барои маълумоти бештар ба Муовинати илм ва инноватсияи ДДТХ муроҷиат намоед.
Телефонҳо барои тамос: +992 918884263; +992 300020258;

Намунаи лоиҳа: https://t.me/c/1818315122/79/63294

Манбаъ: пост дар шабакаи иҷтимоӣ →
Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
5,0аз 5 · 1 овоз

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд