Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Раёсат
Раёсат 3 дақ. 0

КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ ВА РОҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар таърихи ҳар як миллат рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо роҳи имрӯзу ояндаи онро муайян мекунанд, балки ҳамчун саҳифаҳои тақдирсоз дар хотираи таърихӣ боқӣ мемонанд. Барои миллати тоҷик 6-уми ноябри соли 1994 аз ҷумлаи чунин санаҳои фаромӯшнопазир аст.

Дар ин рӯзи таърихӣ мардуми Тоҷикистон бо иродаи озоди худ дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки он ба таҳкими пояҳои давлатдории мустақил заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсия танҳо санади олии ҳуқуқӣ ва маҷмӯи меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нест. Он таҷассумгари ормонҳои миллӣ, ифодагари иродаи халқ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳнамои рушди давлат мебошад. Ба маънои амиқ, Конститутсия паймони умумии миллат барои зиндагии шоиста, адолат, субот ва ояндаи ободу осуда аст.

Муҳиммияти қабули Қонуни асосӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он асосҳои сохтори давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуда, муносибати давлат ва ҷомеаро бар пояи қонун танзим мекунад. Дар моддаи якуми он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Ин арзишҳо пояҳои асосии давлатдории миллӣ ва самтҳои муҳими рушди ҷомеаи моро муайян менамоянд.

Ҳадафи муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими арзишҳои бунёдии давлатдорӣ мебошад. Меъёрҳои он соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатро ҳимоя намуда, барои ҳифзи забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Ҳамзамон, Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва ҳимояи иҷтимоиро кафолат медиҳад. Маҳз ҳамин муносибати инсонмеҳварона мазмуну моҳияти давлати иҷтимоиро ифода карда, заминаи ташаккули ҷомеаи адолатпарварро фароҳам месозад.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Конститутсия барҳақ таъкид доштанд, ки: «...Ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад...».

Мо аз чунин Конститутсия ифтихор дорем, зеро он рамзи соҳибистиқлолӣ, худшиносии миллӣ ва иродаи созандаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон, бахусус донишҷӯён, аҳаммияти махсус дорад. Донистани мазмуну муҳтавои бобҳо ва моддаҳои Конститутсия барои ҳар як ҷавон зарур аст, зеро он ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Донишҷӯ бояд ҳуқуқу озодиҳои худро шиносад, вазифаҳои худро дар назди давлат ва ҷомеа дарк намояд ва дар муносибат бо дигарон меъёрҳои қонунро риоя кунад. Ин масъала барои донишҷӯёни соҳаи тиб низ муҳим мебошад. Зеро табиби оянда дар баробари дониш ва маҳорати касбӣ бояд соҳиби ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, масъулияти баланди инсонӣ ва эҳтиромгузор ба шаъну шарафи ҳар як шахс бошад. Эҳтироми ҳуқуқи бемор, муносибати инсондӯстона ва риояи одоби касбӣ аз арзишҳое мебошанд, ки бо моҳияти Конститутсия робитаи ногусастанӣ доранд.

Ин аст, ки баргузории соатҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳои академӣ, ташкили мизи мудаввар ва суҳбату вохӯрӣ, баргузории чорабинии тантанавию фарҳангӣ мувофиқи мақсад мебошанд, ки Раёсати донишгоҳ ба нақша гирифта, давра ба давра мавриди амал қарор дода истодааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки насли ҷавони мо бо омӯзиши амиқи Конститутсия ва татбиқи арзишҳои он дар зиндагии ҳаррӯза дар таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорад.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бунёдзода С.Х., н.и.ф., дотсент,

муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон.

Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
Ҳоло баҳо нест — аввалин шавед!

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд