Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Ҳаёти ДДТХ
Ҳаёти ДДТХ 2 дақ. 2★★★★★★★★★★5,0 (1)

БАРГУЗОРИИ СОАТҲОИ ТАРБИЯВӢ ДАР ГУРӮҲҲОИ АКАДЕМИИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз 2-юм то 5-уми ноябри соли 2026 дар гурӯҳҳои академии ДДТХ тибқи нақшаи муовинати тарбия аз ҷониби кураторони гурӯҳҳо соатҳои тарбиявӣ бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, густариши ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва тарбияи эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ дар байни донишҷӯён, баргузор гардиданд.

Зимни баргузории соатҳои тарбиявӣ кураторони гурӯҳҳо оид ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои сиёсиву иҷтимоии таҳия ва қабули он, нақши ин санади олии ҳуқуқӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки донистану риоя намудани меъёрҳои Конститутсия на танҳо талаботи ҳуқуқӣ, балки нишонаи маърифати баланд ва масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Донишҷӯён низ дар ҷараёни соатҳои тарбиявӣ фаъолона иштирок намуда, доир ба аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ андешаву мулоҳизаҳои худро баён карданд. Инчунин, зарурати омӯзиши амиқи қонунгузории кишвар, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан таъкид гардид.

Қобили зикр аст, ки роҳандозӣ гардидани чунин чорабиниҳои тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбияи донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ аҳаммияти хоса дошта, дар баробари омода намудани мутахассисони соҳибкасб, ба ташаккули шахсияти дорои маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг.

Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
5,0аз 5 · 1 овоз

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд