Эълонҳо (33)
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои соли хониши 2016 – 2017 ба кафедраҳои зерин озмун эълон менамояд |
Дар ҷойҳои холӣ ба вазифаи мудири кафедра, профессор, дотсент, муаллими калон, омӯзгор, ассистент:
- Анатомияи одам ва гистология (анатомияи одам, гистология, забони лотинӣ)
- Химия ва биология (химия, биология, география ва демография)
- Физикаи тиббӣ ва Информатика (Физика, информатика)
- Забонҳо(забони тоҷикӣ, руси, англиси, олмонӣ)
- Ҷомеашиносӣ (таърихи халқи тоҷик, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ)
Номзадҳо бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- Маълумоти олии тиббӣ ва тахассусӣ
- Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол дошта бошад (барои дипломи аъло, ординатори клиникӣ, магистратура бе собиқаи корӣ)
- Донистани асосҳои педагогика ва психология
- Кор кардан дар компютер ва шабакаи интернет
- Донистани ҳатмии забони давлатӣ ва хориҷӣ
- Қобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ
Имтиёз ба дорандагони дарачаи илми ва дараҷаи тахассусӣ, дода мешавад.
Ҷиҳати иштирок дар озмун маълумотнома (CV)-и номзадон аз 10.05.2016 то 10.06.2016 ба суроғаи: ш.Данғара, кӯчаи Марказӣ, 34, тел.8331221034 (35) қабул карда мешавад.
ХГМУ объявляет конкурс на замещение вакантных должностей на нижеследующие кафедры на 2016 – 2017 учебный год:
- Анатомии человека и гистологии (анатомия человека, гистология, латинский язык)
- Химии и биологии (химия,биология,география и демография)
- Медицинской физики и информатики (Физика, информатика)
- Кафедру языков (таджикский язык, русский язык, английский язык, немецкий язык)
- Кафедру общественных наук (история таджикского народа, религияведение, культорология)
на вакантные должности заведующего кафедрой, профессора кафедры, доцента, старшего преподавателя, ассистента:
Кандидаты должны отвечать нижеследующим критериям:
- Высшее медицинское или высшее специальное образование
- Стаж работы по специальности не менее 3 лет (для окончивших с отличием ТГМУ, клиническую ординатуру или магистратуру без стажа работы)
- Знание основ педагогики и психологии
- Умение работать на компьютере
- Знание таджикского языка, иностранных языков (приветствуется)
- Хорошие коммуникационные и организаторские способности
Предпочтение при выборе будет отдаваться имеющим ученую степень, врачам имеющим высшую, первую категории.
Для участия в конкурсе кандидаты должны предоставить резюме от 10.05.2016 до 10.06.2016 года по адресу: г.Дангара, улица Центральная, 34 тел.8331221034(35).
Ба таваҷҷуҳи довталабони ДДТХ расонида мешавад, ки даври дуюми имтиҳоноти қабул, ки ба таври хаттӣ гузаронида мешавад, соати 07:00 – субҳи 07 – юми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара баргузор мегардад.
Довталабони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, ки аз имтиҳони тестӣ соҳиби 60 хол ва зиёда аз он гардидаанд, ба имтиҳони хаттӣ роҳ дода мешаванд.
Хотиррасон карда мешавад, ки довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ӯ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст) дошта бошад.
Маълумот дар бораи имтиҳони хаттӣ
Имтиҳони хаттӣ: Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони тоҷикӣ хатм намудаанд аз забони давлатӣ иншо менависанд. Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд, аз забони давлатӣ диктант месупоранд.
Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.
Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, тартиботи дохилиро вайрон мекунанд ва аз воситаҳои мухталифи дар имтиҳон манъгардида истифода мекунанд, аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.
Довталабони ДДТХ метавонанд бо натиҷаҳои имтиҳони хаттӣ дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара шинос шаванд.
Комиссияи аппелятсионӣ аз соати 09:00 то 14:00, рӯзи 8 – уми май дар Мактаби Президентӣ баргузор мегардад.
Комиссияи қабул
- Довталабони ДДТХ метавонанд бо натиҷаҳои имтиҳони тестӣ дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара шинос шаванд.
- Комиссияи аппелятсионӣ аз соати 11:00 то 17:00, рӯзи 4 – уми май дар Мактаби Президентӣ баргузор мегардад.
- Хотиррасон карда мешавад, ки довталабони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, ки аз имтиҳони тестӣ соҳиби 70 хол ва зиёда аз он гардидаанд, ба имтиҳони хаттӣ роҳ дода мешаванд.
- Имтиҳони даври дуюм, ки аз кори хаттӣ (иншо ва диктант) иборат аст, соати 07:00, рӯзи 07 – уми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара баргузор мешавад.
- Довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ӯ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст) дошта бошад.
Комиссияи қабул
Ба диққати довталабон расонида мешавад, ки санаи 02.05.2016 имтиҳони тестӣ бо чунин тартиб ба роҳ монда мешавад:
I.Дар навбати аввал имтиҳон аз соати 07:00 барои гуруҳҳои зерин оғоз мегардад:
Факултети тиббӣ аз 1-11
Факултети педиатрӣ аз 1-14
Факултети стоматологӣ аз 1-7
II. Дар навбати дуюм имтиҳон аз соати 09:00 барои гуруҳҳои зерин оғоз мегардад:
Факултети тиббӣ аз 12 боло
Факултети педиатрӣ аз 15 боло
Факултети стоматологӣ аз 8 боло
Хотиррасон мекунем, ки дар ДАСТХАТи довталабон рақами гуруҳ ба тариқи зайл дарҷ гардидааст: