Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

           С целью выполнения плана кружка “Олихаи тиб” числа 4.05.2017 г. был проведён конкурс “А ну-ка, девушки!”. В связи с этим на спортивном поле ХГМУ между девушками педиатрического и медицинского факультетов была проведена игра в волейбол.

        Из педиатрического факультета в игре приняли активное участие Нилуфари Алишер, Султонова Гулшан, Исмоилова Сайёра, Сафоева Маҳинабону, Мадинаи Аҳатӣ, Камолова Миҷгона  и из медицинского факультета Баҳоваддинова Шоиста, Сафарова Манижа, Раҳимова Адиба, Абдулҳаева Майсара, Фароғати Маҳмадалӣ, Саидзода Аниса. Судьёй этих двух команд был учитель физического воспитания Қурбоналиев Джурабек.  

      Девушки обоих факультетов играли очень позитивно, весело и ловко. Игра закончилась победой медицинского факультета, со счётом 2:0.             В будущем мы будем стремиться к тому, чтобы почаще проводить такие спортивные игры между девушками, развивая интерес к спорту, так как спорт является основой для их дальнейшего физического развития.

 

Председатель Совета женщин и девушек ХГМУ

к.х.н. Усмонова У.Х.

     Дар таърихи 29 апрел дар Донишгоҳ ба истиқболи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори  «150- рӯзи ободонӣ» шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарони  гурӯҳҳои 7-10 факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, гурӯҳҳои 3-4 факултети стоматологӣ дар маҷмӯъ 124 нафар иштирок карданд.

      Донишҷӯён ба  корҳои кабудзоркунӣ ва ободонии  гирду атрофи  биноҳои таълимӣ, саҳн ва майдони варзишии донишгоҳ машғул шуданд.

 

 

Декани факултетҳо   Саидов И.З.

              Ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 

 

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ба аҳли ҷамоатчиёни мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” 24-уми майи соли 2007 иншо намудаанд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро то ба як низоми муайян надарорем, ва хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии  аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем, ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки қисме аз мардуми мо бо сабабҳои зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо, маъракаҳо пойбанди таасуби хуруфот будани худ ва ба амалҳои даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.

      Бояд қайд намуд, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардад. 

       Аз ин рӯ, Сарвари давлат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро  андешида, бо аҳли зиё,  уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харчи зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои сахту сохта, чунон ки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст.

Ҳамин буд, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 8-июни соли 2007 қабул гардид.

        Қонуни  мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ҳмзамон  барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

        Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тулонӣ дорад ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ  дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Эҳтиром ва қадрдонии урфу одат, арзишҳои миллӣ, эҳтиром ва ҷаҳонбинии динӣ ва афзалият ба ғояи шаҳрвандӣ,  ташкили давлат аз ҷумлаи хусусиятҳоест, ки давлатҳои хурду тозаистиқлолиятро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд.

        Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, бояд мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ваҳату худшиносии миллӣ, дӯстӣ рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шавқат ба ҳамдигар доир шуда, дорои аҳамияти маънавию тарбиявӣ таҷассум гардад.

        Тибқи маълумотҳои расмӣ  то қабул шудани  Қонун "Дар бораи танзиму анъана ва ҷашун маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба сари ҳар як оила тахминан 30 маъракаю маросим, аз ҷумла 10-маросими азодорӣ ва 20-маъракаи хурсандӣ рост меомад.

Таҳлили аниқи баргузории ҷашну маҳракаҳои мардумӣ

собит менамояд, ки ѓолиб омадани ҳирсӣ манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд.  Таъиноти муҳими махракаҳо на адои вазифаҳои волидайн  дар назди фарзандон,  зоҳирпарастию худнамоӣ ва мусобиқаи беҷои соҳибони маъракаҳо маҳсуб мешуд.

     Бисёриҳо фикр менамоянд, ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надорад. Аммо, ин андеша куллан нодуруст аст. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаҳои муҳим бетаваҷҷӯҳ бошад. Аз ин лиҳоз, танзими анаъана ва ҷашну маросимҳо барои тараққиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад. Мақсади қабули Қонуни мазкур, ин ҳимояи манфиатҳои  иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ мебошад. Яке аз дастовардҳои нахустин  ва назарраси умумимиллӣ дар он ифода меёбад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ солҳои 2008-2009  тавонист манфиати мардуми кишварро ҳимоя намояд.

       Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар баробари дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи донишҷӯён, инчунин баҳри риояи талаботи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо» аз давраи оѓоз намудани фаъолияти худ, мунтазам  чораҳои судманд меандешад.

        Тибқи фармоиши Ректори Донишгоҳ аз 5.09.2017 ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ ДДТХ таъсис дода шудааст, ки Комиссия фаъолияти худро дар асоси Низомнома ва Нақшаи кории худ бароҳ мондааст.

      Бояд ёдоваршуд, ки  комиссия-баҳри амалӣ намудани Қонуни мазкур дар байни кормандон ва донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарѓиботиро ба роҳ монда, аъзоёни Комиссия мунтазам оид ба  риояи ҳатмии талаботи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо» баромад менамоянд.

           Комиссия ҳамкориро бо газетаи ноҳиявии «Симои Данѓара» хуб ба роҳ монда, оид ба фаъолияти худ дар мавзӯъҳои гуногун пайваста гузоришу маводҳои иттилоотиро интишор  менамоянд.

Чунон чи Дар таърихи 30-юми апрели 2017 дар газетаи «Симои Данѓара» мақолаи аъзои Комиссия Саидова М дар мавзӯи «Танзим кафолати шоистаи зиндагӣ»-ба нашр расонида шуд  ва чунин тартиб ба воситаи «Радиои вилояти Хатлон» - низ ба роҳ монда шудааст.

      Ҳамзамон, бинобар дуруст ба роҳ мондани назорати рафти баргузории ҷашну маросимҳои кормандон аз тарафи Комиссияи ҷамъиятӣ, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Дафтари бақайдгирӣ ва баргузории ҷашну маросимҳо барои кормандони ДДТХ тартиб дода шудааст, ки ҳар як ҷашну маросимҳо сари вақт ба қайд гирифта шуда, талаботи қонуни мазкур фаҳмонда дода мешавад.

     Боиси  тазаккур аст, ки дар давоми соли таҳсили  2016-2017 ва чор моҳи аввали соли 2017 дар Донишгоҳ як қатор чорабиниҳои муҳими милливу давлатӣ аз қабили; «25-солагии  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Рӯзи дониш», «Рӯзи китоб», «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Идҳои соли нави милодӣ», «Рӯзи Модар», «Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ» ва ѓайраҳо бо риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» гузаронида шудааст. Дар асоси нақшаи корӣ, Комиссия тасмин гирифтааст, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки васеи кормандон ва донишҷӯёни ДДТХ, дар мавзӯи мӯҳтаво ва нақши Қонуни мазкур семинари машваратӣ гузаронад.

        Дар воқеъ, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, моро водор месозад, ки назорат ва татбиқи Қонуни мазкурро пурзӯр намуда, барои амалӣ шудани ин нақшаҳо саҳми босазои худро гузорем.

 

Мушовири  Ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А

     

       Дар асоси нақша-чорабиниҳои якҷояи  Вазорати   маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон  баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз се марҳила иборат буд, дар марҳилаи якум дар ДДТХ байни донишҷӯён аз рӯи намудҳои волейбол, варзиши сабук ва намудҳои гуногуни гуштин  мусобиқаҳо мувофиқи низомнома гузаронида шуд.

     Аз натиҷаи мусобиқаҳо аз рӯи  намудҳои  волейбол (писарон ва духтарон), гуштини дзюдо ва миллӣ, варзиши сабук дастаҳои варзишӣ бо номи “ Пайки Сино” ташкил карда шуд.

     Дар мусобиқаи марҳилаи дуюм байни донишҷӯёни Донишгоҳҳои олии вилояти Хатлон аз рӯи намуди “волейбол”, ки дар таърихи 17-18.04 байни духтарон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, дастаи волейболбоздухтарони ДДТХ бо номи “Пайки Сино” дар ин мусобиқа иштирок намуданд. Дастаи ДДТХ бо дастаҳои ДДК, ДДД  ва Донишгоҳи политехникии ш.Кулоб қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

     Дар намуди “гуштини миллӣ” бошад, дастаи донишҷӯёни ДДТХ бо номи “Пайки Сино” дар 5-намуди дараҷаи вазнҳо: Холов Ашраф (60кг), Азизӣ Маҳмадалӣ (65кг), Камолов Муҳаммадҷон (70кг), Нуров Маъруф (75кг), Сафаров Акбар (80кг) баромад намуданд, ки дар натиҷа Азизӣ Муҳаммадалӣ, Камолов Муҳаммадҷон, Нуров Маъруф сазовори ҷои 2-юм ва Сафаров Акбар сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

      Гуштини “тарзи озод” дар таърихи 26-27.04.2017 дар н. Данғара дар  Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид. Дар ин мусобиқа донишҷӯи бахши аввали гурӯҳи 8-уми факултети тиббӣ Воҳидов Охунҷон ширкат варзид. Ӯ барои ишғоли мақоми 3-юм мубориза бурда, бо усули ба тахтапушт афтондан, ки соҳиби 4-имтиёз ва дар ҳамон ҳолат ба муддати 20 сония нигоҳ доштан ва тахтапушти ҳарифро ба гилем расонидан, ки донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии Данғара буд, дастболо гардид.

      Новобаста аз он ки ДДТХ навтаъсис мебошад ва донишҷӯёни ДДТХ, ки бори аввал дар ин гуна мусобиқаҳо иштирок менамоянд, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

      Чун соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардидааст, боварӣ дорем, ки донишҷӯёни ДДТХ дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷаҳони имрӯза, чӣ дар раванди азхудкунии илми ҷаҳонӣ ва чӣ  ба даст овардани дастовардҳои варзишӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, барои муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ  боз ҳам саъю кӯшиши зиёд менамоянд.  

 

                    Кафедраи фанҳои “Ҷомеашиносӣ”                                                                        

Подкатегории