Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

“РЎЗИ ХАТМ” ДАР ДДТХ

18 Апрел 2015 Муаллиф :  

3 -юми июни соли 2022  бахшида ба Рӯзи хатми аввалин дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии бошукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.

ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲ БАХШИДА БА “РЎЗИ ХАТМ” ДАР ДДТХ

Дар чорабинии мазкур меҳмонони олиқадр, аз ҷумла Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Фирӯза Шарифӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, Раиси Шӯрои ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Мамадшоҳ Қурбоналӣ, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои тиб, узви вобастаи АМИТ  Ғоибзода Алиҷон Ҷура иштирок намуданд.

                                                                                                  

                                                                                               

Бояд қайд кард, ки барномаи чорабинӣ аз ду қисм иборат буд ва нахуст ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон қадами мубораки меҳмонони олиқадр ва волидайни хатмкунандагонро ба ин даргоҳи маърифат хайра мақдам гуфта, хатмкунандагонро бо ин рӯзи фаромӯшношуданӣ ва фараҳбахш, яъне хатми аввалин табрик  намуданд.

Сипас, меҳмонони олиқадр  бо суханони табрикотии хеш аз дастовардҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд гардид, ки ДДТХ дар муддати кӯтоҳ бо дастовардҳои назаррасаш дар қатори дигар донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ худро муаррифӣ карда, мавқеи хешро пайдо намуд.

Пас аз табрикоти меҳмонони олиқадр маросими супоридани дипломҳо баргузор шуд. Аз ҷониби  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон барои хатмкунандагоне, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намудаанд, дипломҳои аъло супорида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки 29 нафар аз факултети тиббӣ, 15 нафар аз факултети педиатрӣ ва 2 нафар аз факултети стоматологӣ, дар маҷмуъ 46 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд, ки ин теъдод боиси ифтихори ДДТХ мебошад.

Лаҳзаи маросими савгандёдкунии хатмкунандагон низ фаро расид. Хатмкунандагон савганд ёд карданд, ки бо дилу нияти пок ба халқу Ватани хеш хизмат мекунанд.   

                                                    

Дар поёни қисми якуми чорабинӣ ситораи санъати тоҷик Нигина Амонқулова ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов баҳри болидахотирии иштироккунандагони чорабинӣ  сурудҳои  дилнишин пешкаш намуданд.

                                                   

Қисми дуюми чорабиниро асосан барномаи мусиқӣ, табрикоти волидайни хатмкунандагон ва изҳори сипоси эшон ба устодони донишгоҳ дар бар мегирифт.

Ҳунарпешаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон Холов Абдулвоҳид ва Боев Шарофиддин - ҳунарпешаи Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев бо сурудҳои дилнишини хеш дилҳои ҳозиринро шод намуданд.

                                                   

Номзади илмҳои физика Ойматова Ҳоҷармоҳ Холмуродовна,  сардори Маркази матбуоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Хайринисо ба ҳайси волидайн суханронӣ намуда, барои устодони донишгоҳ   изҳори сипос намуданд.

 Яке аз хатмкунандагони аввалини Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Фозилов Насим суханронӣ намуда, саҳми устодонро дар тарбия ва илмомӯзии шогирдон хеле муҳим арзёбӣ намуд ва эшонро равшанкунандагони роҳи ҳаёт номид.

Ниҳоят “Суруди табибон” аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон” танинандоз гардид. 

Дар анҷоми чорабинии пуршукӯҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон бори дигар хатмкунандагонро табрик намуда, барояшон роҳи сафед орзу намуданд. Ҳамзамон, барои ташрифи меҳмонони олиқадр ва ҳофизони саршиноси ҷумҳурӣ ба чорабинии мазкур изҳори ташаккур намуданд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 468 нафар мутолиа намуданд
KinzelKC

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид