Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
×

Огоҳинома

JUser: :_load: Unable to load user with ID: 558

Истиқлоли давлатӣ барои раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ замина гузошт

18 Апрел 2015 Муаллиф :  

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқу таҳкими ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҳадафи Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ заминаҳо гузошта, шароит фароҳам овард.

 Аз рӯзҳои авввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ татбиқ гардидааст. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, бахусус, давоми солҳои 2008 – 2020 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди «Мурғоб – Кулма», «Шоҳон – Зиғар», «Шкев – Зиғар», «Душанбе – Бохтар – Данғара – Кӯлоб», «Дӯстӣ – Панҷи Поён», «Душанбе – Чаноқ – сарҳади Ӯзбекистон», «Бохтар – Дӯстӣ», «Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон» ба анҷом расонида шуд. Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи амалӣ намудани лоҳиҳаҳои дахлдори соҳа роҳҳои байналмилалиро бунёд хоҳад кард.

Дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме шарафёб гардид, ки онҳо барои садсалаҳо хизмат мерасонанд. Корномаҳои   беназири    даврони    Истиқлолият ин пеш аз ҳама    бунёди роҳу пул ва нақбҳои мошингард аст, ки бо талошу тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири раҳоии мамлакат аз бунбасти  коммуникатсионӣ  амалӣ   гардидааст.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бунбасти коммуникатсионӣ яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб меёфт. Зеро дар он давра ҳамагӣ 42% роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 20% роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш  буданд, ки аз   он  73% дар ҳолати паст, 26% дар ҳолати миёна ва танҳо 1% дар ҳолати хуби техникӣ  қарор доштанду  халос. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 5 нақби мошингузар - «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» мушкилоти рафтуомади тамоми воситаҳои нақлиёт аз як минтақа ба минтақаи дигар куллан аз байн рафт. Аввалин нақбе, ки дар  даврони  соҳибистиқлолии мамлакат бунёд  ёфтааст, нақби “Истиқлол” мебошад.  Нақби “Истиқлол” дар фосилаи 80 километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3 ҳазору 372 метр аз сатҳи баҳр, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷой  дорад.  То   ба  истифода  додани   нақби “Истиқлол”, ки дар роҳи мошингарди Душанбе -Хуҷанд –Чаноқ воқеъ гардидааст, мушкилоти фасли зимистон намегузошт, ки сокинони  мамлакат то 6 моҳ тавассути роҳи мазкур рафту омад намоянд. Дар замони Истиқлолият  бунёди   нақби мазкур аз  ду  тараф – шимолу  ҷануб оғоз  ёфта, моҳи июли соли 2006 расман мавриди истифода қарор гирифтааст. Бо ифтитоҳи   нақби “Истиқлол”  ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиётии байни тамоми минтақаҳои мамлакат пурра таъмин ва  қисмати таърихии “Роҳи бузурги абрешим” эҳё гардид. Дарозии нақби «Истиқлол» 4 ҳазору 996 метрро ташкил медиҳад.  Дар баробари бунёди нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душунбе-Хуҷанд-Чаноқ нақби «Дӯстӣ» бо дарозии 1047 метр ва Нақби “Шаҳристон” бо дарозии 5 ҳазору 289 метр, ки самараи  Истиқлоли давлатӣ мебошанд, бунёд карда шудаанд. То сохта шудани  нақбҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ду ағба сурат мегирифт  ва  аз шаҳри Душанбе то маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд 10-15 соатро ташкил медод ва  хисороти молию ҷонӣ дар пай дошт.

Баъди сохта ба истифода додани нақбҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ   ҳаракати  воситаҳои  нақлиёт дар тамоми фасли сол таъмин гардид.  Хафву  хатаре, ки  қаблан   вуҷуд  дошт, аз байн рафт.

Нақби дигаре, ки дар даврони соҳибистиқлолии   мамлакат  сохта ба истифода дода шуд, нақби «Хатлон» мебошад.  Дарозии нақби “Хатлон” 4450 метр аст. Сохта  ва мавриди  истифода  қарор гирифтани  нақби «Хатлон» дар баробари хеле кӯтоҳ кардани  фосилаи роҳ ва таъмини бехатарии ҳаракати мусофирон, инчунин, ба сарфаи вақт ва сӯзишворӣ мусоидат  карда,  имконияти рафтуомади мунтазами воситаҳои нақлиётро дар тамоми фаслҳои сол таъмин сохт. Бузургтарин аҳамияти нақб раҳо ёфтани воситаҳои нақлиёт аз машаққати убури ду ағбаи хавфнок, яъне ағбаҳои душворгузари Шаршару Чормағзак дар фасли зимистон, ҳамзамон  пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва талафоти ҷонист. Нақби «Озодӣ» бо дарозии 2224 метрро сохта шудааст. Бунёди  нақби “Озодӣ” фосилаи роҳи Душанбе - Кӯлобро 7 километр ва вақти ҳаракати воситаҳои нақлиётро 40 дақиқа кӯтоҳ намуд.

Дар ин давра дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат 5 терминали ҳозиразамони мусофирбарӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ҳамчунин, 9 терминали замонавии байналмилалии боркашонӣ, ки аз онҳо 3 терминал фосилавӣ ва 6 терминал наздисарҳадӣ мебошад, бунёд гардидаанд. Муҳимтарин дастоварди соҳа дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бунёд, таъмир ва навсозии пулҳои мошингузар дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумот дар ин давра наздики 250 пули нав сохта ба истифода шудааст. Ҳамчунин, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе роҳҳои бисёрсатҳа ё худ эстакадаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки бо амалӣ гарштани чунин тарҳҳо пеш аз ҳама тамбашавии воситаҳои нақлиёт аз байн рафт.

Роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб дар соли 1999 ба истифода дода шуд. Дарозии умумии роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб 132 километр буда, дар ин масир 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал сохта шудааст. Бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар дар ин давра дар самти нақлиёти роҳи оҳан сохтмони роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ сохта шудааст, аз ҷумла соли 2016 қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб бо дарозии  умумии 40,7 километр сохта ба истифода дода шуд. Дар умум дар даврони Истиқлолият 218, 95 километр хати роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудааст. 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

0 Шарҳ 163 нафар мутолиа намуданд

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид