26 - уми январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби муовинати илм ва нашрия бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТХ ва Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара семинар-тренинг баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Боронов Ҳ.А. семинарро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки қадам гузоштан ба илм аз мутолиаи китобҳои илмӣ ва навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо оғоз мегардад. Чун мо дар ДДТХ соли 2023-ро “Соли рушди илм” эълон намудем, бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардем.
Дар идомаи семинар мудири кафедраи мудири кафедраи ҷарроҳии № 2, доктори РhD Норматова М.А. барои омӯзгорони ҷавон оид ба тарзи навиштани мақолаҳо ва роҳҳои истифода бурдан аз адабиёти илмӣ маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
Семинарро муовини ректор оид ба илм ва нашрия ҷамъбаст карда, омӯзгоронро вазифадор намуд, ки мақолаҳоро саривақт ба рӯзномаи донишгоҳии “Пайки шифо” ва маҷаллаи илмии “Симурғ” ирсол намоянд. Ҳамзамон, тезис ва мақолаҳои илмӣ навишта, дар конференсияҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок карда, шогирдонро барои иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳо тайёр намоянд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА