Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Ҷумъа, 23 Сентябр 2022 00:00

СЎГВОРӢ

22 - юми сентябри соли   равон дили яке аз беҳтарин пизишкони ҳозиқи кишвар, олими маъруф, доктори илмҳои тиб, профессор АБДУРАҲМОНОВ ФОЗИЛ АБДУРАҲМОНОВИЧ аз тапидан бозмонд.

Абдураҳмонов Фозил Абдураҳмонович 5 декабри соли 1930 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1952 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро хатм намуда, солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Донишкадаи тиббии 2-юми ба номи И.В.Сталин (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов) таҳсили худро идома додааст.

Солҳои 1955-1961 ба ҳайси ассистент ва солҳои 1961-1967 ҳамчун дотсент дар кафедраи анатомияи эътидолии одами ДДТТ ва ҳамзамон, муаллими калони факултети тарбияи ҷисмонии ДДОД ифои вазифа намудааст.

              Аз соли 1968 то соли 1993 мудири кафедраи анатомияи одами факултаҳои педиатрӣ ва дорусозӣ, солҳои 1994 - 2005 мудири кафедраи умумии анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳмонови Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли 2006 ба ҳайси профессор - мушовири кафедраи мазкур фаъолият кардааст.

Ӯ олими маъруфи соҳаи морфологияи экспременталӣ, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1969), Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), узви ҳақиқии Академияи омӯзгорӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2004), Аълочии мактаби олии ИҶШС, Аълочии  тандурустии ИҶШС ва ходими намоёни ҷамъиятӣ буд.

Профессор Фозил Абдураҳмонович дар мавзуи “Сохтори макро- ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои ҷавфи шикам дар ҳолати муътадил, ноқисӣ ва таҷриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ ” тадқиқот бурда, дар ташкилёбии кафедраи навбунёд ва осорхонаи анатомӣ саҳми арзанда гузоштааст.

              Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмию методӣ, аз ҷумла монографияи “Рагҳои хунгарди сифоқ”, китотобҳои дарсии дуҷилдаи “Анатомияи одам” ва  китоби якҷилдаи “Атласи мухтасари анатомияи одам” синхронӣ бо се забон: лотинӣ, русӣ ва тоҷикӣ, китоби дарсиии дуҷилдаи “Атлас - учебник по функқиональной анатомии человек ” мебошад.

              Абдураҳмонов Фозил барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи маориф ва тандурустӣ сазовори мукофоти “Оли Сомон”, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

              Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нисбат ба марги бемаҳали  Фозил Абдураҳмонович сахт андўҳгин буда, ба аҳли оила ва наздиконаш сабри ҷамил мехоҳад.

РАЁСАТИ  ДДТХ

Хондан 151 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид