Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 08 Сентябр 2022 00:00

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 31-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ

       

 

        8 сентябри соли равон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкурро муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб, дотсент Боронов Ҳ.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва таҳният намуд.

       Номбурда қайд кард, ки “Ин дастоварди беназири миллати тоҷдори тоҷик, яъни Истиқлолият дар баробари ба даст омадан осоиштагӣ, ободӣ, рушд кардани ин миллати тамадуниро дар ҳама самтҳои фаъолият ҳадя кард. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди Тоҷикистони азиз, бахусус ҷавонони ояндасози кишвар ба қадри ин неъмати бебаҳои ҳадяи Яздонӣ бояд расад ва ҳар як нафаси зиндагӣ аз Офаридгор шукргузор бошад”.

      Дар идомаи ҳамоиш профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва омӯзгори кафедраи мазкур Мардонова Н.М. дар мавзуъҳои  “Тоҷикистони соҳибистиқлол”, “Истиқлолият - рамзи саодат ва асолати миллат” ва “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маърӯзаи пурмуҳтаво хонданд.

       Ҳамзамон, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Юлдошев А.Н. ва донишҷӯи курси 2-юми факултети  педиатрӣ Абдураҳмонова С. дар мавзуъҳои “Истиқлолият неъмти бебаҳост” ва “Истиқлолият меваи шаҳдбори таърихи муосири Тоҷикистон”  маърӯза намуданд.

       Бо қироати шеърҳо дар васфи Истиқлолият аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни ДДТХ ҳамоиши илмӣ ҷамъбаст гардид.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

Хондан 134 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид