16 майи соли равон дар ноҳияи Данғара ба истиқболи Рӯзи ҷавонон воқеъ дар самти роҳи деҳаи Корез то майдони варзишии ноҳиявӣ мусобиқаҳои варзишии Дави миллӣ ва велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ фаъолона ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни дави миллӣ аз рӯйи синну сол ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар масофаҳои гуногун то ҷойи муқарраршуда давиданд.
Ҳамзамон, дар мусобиқаи велосипедронӣ донишҷӯи курси 3-юми факултети стоматологӣ Исоев Ҷ. ҷойи аввалро ба даст овард.
ШУЪБАИ КОР
БО ҶАВОНОН