Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

         Ба мақсади тарбияи наслҳои худогоҳу хештаншинос, ҷалби ҷавонону наврасон ба забономӯзӣ, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор намудани озмуни телевизионии «Забон-ҳастии миллат»-ро дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ намудааст.

         Рӯзи 22-сентябри соли 2017 баромади донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дар бинои телевизиони вилоят баргузор гардид. Бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълими ДДТХ дотсент Ғафуров Б.А., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар асоси шартҳои озмун 16 нафар донишҷӯён дар ин озмуни телевизиони ширкат намуданд. Ҳадафи асосии озмуни мазкур татбиқи амалии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби илму дониш, бархурдор будан аз осори пурғановати шоирони классик ва муосири тоҷик, мусоидат  намудан ба рушди забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани забон, баланд бардоштани сатҳи шеърдонию луғатомӯзӣ ва дар руҳияи худшиносии миллӣ ба камол расонидани ҷавонону наврасон мебошад.

        Дар шарти аввали озмун – «Бузургон дар ситоиши забон» 4 нафар донишҷӯ – Ҳабибова Зуҳал, Адибаи Рустамдухт, Сафарова Меҳрбону, Азизӣ Муҳаммадфайёз баҳои олимону сиёсатмадорон, бузургони илму адаби тоҷик ва хориҷи кишварро оид ба мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ пешкаши тамошобинон намуданд. Шарти дуюми озмун – донистани луғатро   донишҷӯён Ҳамроев Муҳаммадзамон,  Мақсудзода Сорбон бо як маҳорати баланди сухандонӣ посух гуфта сазовори баҳои баландтарини ҳакамон гардиданд. Дар шарти сеюми озмун – таҳлили як байт аз адабиёти классикӣ ва як байт аз адабиёти муосир мувофиқи пешниҳоди баррандаи маҳфили телевизионӣ донишҷӯён Комилова Бибисоро, Қаюмов Сино ширкат намуда, як байт аз ашъори Рӯдакӣ ва як байт аз ашъори Лоиқ Шералиро бо шарҳу тафсири мувофиқ таҳлил намуданд.

     Дар асоси шарти чоруми озмуни телевизионӣ – донишҷӯён Ғайратова Наврӯза ва Валиева Шаҳноза аз ашъори Одамушуаро Рӯдакӣ ва устод Мирзо Турсунзода шеърҳо қироат намуда, сазовори баҳои баландтарини доварон гардиданд.

        Дар шарти панҷум гурӯҳе аз донишҷӯён саҳнаеро оид ба тозагии забон, поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ба марази тамошо гузоштанд. Дар шарти шашум – ба таври зинда, бе мусиқӣ қироат намудани шеър дар васфи забон – донишҷӯён Раҷабов Наъим ва Каримова Шукрона бо як маҳорати хосае аз ашъори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат намуданд.

       Дар фуроварди ин маҳфил, муҳаррири варзидаи телевизиони вилояти Хатлон – Саидов Шералӣ аз иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    изҳори қаноатмандӣ намуда, аз номи Идораи телевизион ва радиои вилоят ба раёсати ДДТХ арзи миннатдории худро баён намуданд.

     Сипас ба мақсади шиносоии донишҷӯён ба ҷойҳои таърихии шаҳри Қӯрғонтеппа ба осорхонаи вилоят, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва дигар мавзеъҳои дилнишини шаҳр сайёҳат ташкил карда шуд.

 

Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ