БАРНОМАИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО БА НОМИ ДОЛЖИКОВА В.А. БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар идомаи иҷрои нақшаи чорабиниҳои муовинати тарбия ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, 13-уми ноябри соли 2026 дар кафедраи забонҳо ба номи Должикова В.А. барномаи адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсент Бунёдзода С.Х. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ мавсуф ба аҳаммияти ин ду рӯйдоди муҳими таърихи давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳ намуда, нақши онҳоро дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми давлатдории миллӣ ва тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли ҷавон муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳи 112-и ихтисоси тиббӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра, н.и.п. Файзуллозода А.Ф. барномаи рангини адабиву бадеиро пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар ҷараёни барнома донишҷӯён бо қироати шеърҳои ватандӯстона, пешниҳоди порчаҳои адабӣ ва иҷрои баромадҳои бадеӣ муҳтавои чорабиниро ғанӣ гардониданд. Мавзуъҳои “Президенти мо-Ифтихори мо”, “Мо Пайравони Пешвои миллатем”, “Нақши Президент дар таҳкими сулҳу суботи кишвар”, “Имкониятҳои фароҳамовардаи Президент барои мо ҷавонон” дар меҳвари баромадҳо қарор доштанд.
Қисмати ҳунарии барнома бо мазмуну муҳтавои тарбиявии худ таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуда, барои боз ҳам тақвият ёфтани эҳсоси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи мусоид фароҳам овард.
Кафедраи забонҳо.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



