ҲАМОИШИ БОШУКУҲИ ИЛМӢ-СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ
13-уми ноябри соли 2026 дар толори калони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди арзишҳои миллӣ: аз худшиносии таърихӣ то пешрафти илму фарҳанг» ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, ҳҲамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба таълим, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Шодмон Раҷаб оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронии худ аҳаммияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуда, ин санаҳои таърихиро ҳамчун рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ кард.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.т. Шокирӣ Умеда Ғайбулло дар мавзуи «Аз Иҷлосияи тақдирсоз то Тоҷикистони шукуфон: нақши Роҳбари давлат дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ» маъруза намуд. Зимни баромад марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории навини тоҷикон, нақши роҳбарияти олии кишвар дар таъмини суботи сиёсӣ ва дастовардҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Бунёдзода Сомон Хушқадам дар мавзуи «Шукуҳи забони тоҷикӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат» маъруза намуда, перомуни нақши сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, ҳифзу гиромидошти мероси адабию фарҳангӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуд.
Мудири кафедраи педиатрӣ, д.и.т., дотсент Кузибаева Наимахон Конбобоевна дар мавзуи «Развитие системы здравоохранения Республики Таджикистан в период руководства Президента Эмомали Рахмона» баромад намуда, раванди ташаккул ва рушди низоми тандурустии кишвар, беҳтар гардидани заминаҳои моддию техникӣ, густариши хизматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳифзи саломатии аҳолиро дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дод.
Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, н.и.ф., дотсент Гулзода Аслам Амирназар дар мавзуи «Ту меарзӣ» баромад намуда, андеша ва назариёти олимону академикон, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи сатҳи ҷаҳониро дар бораи шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои таърихии ӯ дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва болоравии мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баён кард. Маъруза бо овардани дидгоҳҳои чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ аҳаммияти байналмилалии шахсияти Пешвои миллатро бозгӯ намуд.
Дотсенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2, н.и.т., дотсент Бустонов Махсум Отақулович дар мавзуи «Президент Республики Таджикистан, Лидер нации Эмомали Рахмон: государственное служение и международное признание» баромад карда, фаъолияти давлатдорӣ, хизматҳои таърихӣ дар роҳи таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ ва хизматҳои бузург барои миллати тоҷикро баррасӣ намуд.
Ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Каримзода Пирмаҳмад дар мавзуи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаҳои таърихӣ, аҳаммияти он дар давлатдории муосири тоҷик» маъруза намуда, оид ба заминаҳои таърихию ҳуқуқии таҷлили ин сана, ҷойгоҳи он дар низоми арзишҳои давлатдорӣ ва аҳаммияти тарбиявию ватандӯстонаи он барои насли ҷавон ибрози назар кард.
Дар охири ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. маърузаҳои пешниҳодгардидаро баландмазмун, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-маърифатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Пас аз анҷоми ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ барномаи фарҳангӣ-адабӣ бо иштироки донишҷӯёни ҳунарманди дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Барномаи мазкур бо суруду таронаҳои ватандӯстона, қироати шеър мазмуну муҳтавои ҳамоишро боз ҳам ғанӣ гардонид.
Ҳамоиш дар фазои ифтихору саодатмандӣ доир гардида, ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории тоҷикон ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандии аҳли донишгоҳ мусоидат намуд.
Бунёдзода С.Х.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



