Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Чорабиниҳо (122)

Чорабиниҳо

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ

     Ваҳдату иттиҳод барои ҳар як миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ низ вобастаи ин арзиши сарнавиштсоз аст.        Бояд ёдовар шуд, ки таъмини сулҳу субот ва пойдории он дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аст.

      Баргардонидани гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон ба Ватан, таъмини сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, тарҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ, ташкили қӯшуну мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, устувории сарҳаду амнияти давлат, бунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворию баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқӣ, қабули қонунҳои миллии марбут ба манофеи давлатӣ аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки дар саргаҳи  тарҳрезӣ ва таъмину иҷрои он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.  

    Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон мо хуб дар ёд дорем, ки дар бунёд кардану азми ватандорӣ ба Пешвои муаззами миллат монеаҳои зиёде пеш омаданд, аммо руҳи шикастнопазираш хастагиро напазируфт. Тамоми ҳадафҳои неку созандааш ба хотири истиқлолу рушди Тоҷикистони азиз зина ба зина амалӣ гардиданд. Икдомҳои ташаббускоронаи ватансозиаш тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор кард, ки ин бедорӣ моро ба шоҳроҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят намуд.

     Воқеан, ӯ хуб дарк мекард, ки бунёди қасрҳову иншоотҳои стратегӣ ва нақбҳову роҳҳо бе устувории тафаккури миллӣ бақо надоранд. Аз ин ру, рисолати таърихиашро дар назди ватану миллат ба ҷо оварда, миллаташро соҳибватан кард ва бо итминону боварӣ дар арсаи сиёсат қадам гузошт. Ӯ пайваста дар суханрониҳояш ғурури миллии ниёгонро ба аҳли ҷомеа талқин намуда, дар баррасиву муҳокимаҳои мавзуъҳои дорои хусусияти глобалӣ манфиатҳои Тоҷикистони азизро ҳифзу ҳимоят менамояд.  

     Агар мо ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаю назари хирадмандона нигоҳ кунем, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи мӯҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор сохта, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошт.  

      Пешвои тоҷикон бо шердилию ҷасорати худ пурарзишии ин  ваҳдатро ба оламиён нишон дод. Ҳарчанд душманони берунаи кишвар  намехостанд, дар Ҷумҳурии мо Сулҳ, Ваҳдати миллӣ пойдор бошад, бо кӯшишу ғайрати пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, бо  сарварии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамоми тоҷиконро муттаҳид  сохта, гурезагоне, ки  зиёда аз як миллион буданд, ба Ватан баргардонанд.Танҳо ҳамин дастовордҳои Ҷаноби Олӣ шоҳид аст, ки ба ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром гузошта, мақоми ӯро ба мисли «Пешвои ваҳдати миллӣ»  ба ҷо орем. Пешвои Ваҳдати миллии тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ барои миллати тоҷик ва давлатдории навини мо хизматҳои арзанда кардааст. Хизматҳое, ки ӯ дар ҳаққи миллати бостонию тамаддунофари тоҷик дар замони нав анҷом додааст, бешубҳа, ӯро дар қатори сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ ворид менамояд.

      Маҳз бо саъю кӯшиш  ва талошҳои  пайвастаи роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи оштии миллӣ созмон дода шуд, ки   ба он намояндагони ҳукумат ва иттиҳоди мухолифини тоҷик шомил шуда, масъалаҳои  мубрамро давра ба давра баррасӣ  ва ҳал намуданд. Таҷриба ва амалияи ба даст овардаи сулҳи миёни тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро амсоли хуби ҳалли фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи тоҷикон дар ин ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион  гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали  Мутаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда,  ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.      

         Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.  Пешвои миллат нисбати ин неъмати бебаҳо ибрози назар карда, аз ҷумла чунин таъкид менамоянд: “Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Точикистон мебошад ва маҳз, ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем ”.

    Дар солҳои пойдории ваҳдат ҷумҳурии азизамон  низ ба маротиб пеш рафт, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоию фарҳангӣ беҳтар гардиданд. Даҳҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта маврид истифода қарор дода шуданд. Зиндагии мардум тадриҷан баланд гардид. Истифодаи самарноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда  ҳосил аз он имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ пурра татбиқ карда мешавад, ки ин пешравиҳо самараи ваҳдат аст.

       Дар ҳақиқат ҳам халқ талошу ҷонбозиҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлат, Президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллат, ба Ватан бозгардонидани фирориён, ободсозии вайронаҳои ҷанг, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, хизматҳои шоиста ва кӯшишҳояшро барои ободии Ватани азизамон ба назар гирифта ин тахту тоҷро барояш  арзанда шуморид. 

Санаи 27 июни соли 1997 баробари ба  имзо расидани  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, байни роҳбарони давлати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини собиқи тоҷик  ҷонибҳо ба якдигар оғӯши меҳр боз карда, сӯйи ҳам дасти дӯстию бародарӣ дароз карданд, дилҳоро аз кинаю кудурат холӣ намуда, дар канори ҳам қарор гирифтанд. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дилҳоро аз фараҳ лабрез намуда, аз дидаҳои тоҷикон ашки шодиро ҷорӣ кард. Дар қалби онҳо шуълаи умедро ба ояндаи нек равшан намуд. Оқибат он рӯзҳои наҳсу чун абри тори миллати мо ба поён расид. Субҳи сафед, субҳи умед дамид.

        Дар он вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо нотинҷ, балки дар арафаи порашавӣ қарор дошт. Ба ифодаи дигар, Тоҷикистон ба ашки нӯги мижгон шабоҳат дошт. Беҳокимиятӣ ҳукмрон буд. Гуруҳҳои гуногуни яроқнок  бо ақидаҳои мухталифи худ дар ҳар як минтақа ба  қатлу ғорат, талаю тороҷ ва  ҳукмронӣ машғул буда, бо ибораи халқӣ худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобиданд. Ва ҳамин бархӯрди ақидаҳо намегузошт, ки ҷумҳуриро аз гирдоби бало бароварда, дар мамлакат тинҷию оромӣ  барқарор гардад. Ҳатто қувваҳое пайдо шуданд, ки Тоҷикистонро қисмат кардан мехостанд. Пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷанубу шарқӣ макони нооромию даргириҳо буд.    

      Фаромӯш намешавад шоҳбайти Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Ашӯр Сафар, ки он рӯзҳои тираву ҳузноварро пеши рӯ оварда гуфта буданд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.  

        Мардуми бегуноҳи ҷумҳурӣ бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъияти тоқатфарсо зудтар барҳам дода шавад. Дар чунин шароити муракаб, ки сухан дар бораи будан ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли  Тоҷикистон мерафт, даъват намудани Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гардид. Азбаски вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ягона минтақаи тинҷу ороми ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, қарор дода шуд, ки иҷлосияи навбатӣ дар он ҷо гузаронида шавад. Дар чунин вазъияти ҳассос кори Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ идома ёфт. Дар иҷлосияи мазкур аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар вакилон ширкат варзиданд.

     Рӯзномаи Иҷлосия 23 масъаларо дар бар гирифта буд. Аз ҷумла муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Давлатҳои Мустақил; дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон; дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи авфи умумӣ;дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ;  дар бораи эътидол овардани  вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра буда, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

    19 ноябри соли 1992 Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳонӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Иҷлосия инчунин Ҳукумати нави Тоҷикистонро ташкил дод. Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд.

     Дар ҳамон солҳои сангину душвор ӯ бо як мардонагию ҷасорат ба хотири тамомияти  арзии кишвар, ба хотири пойдории давлат, ба хотири ҳифзи нангу номуси миллат, ба хотири тинҷию  осудагии мардум, ба хотири дар арсаи байналмилалӣ нарезонидани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон шуруъ намуд ба гузоштани аввалин хиштҳои қасре ба номи «Ваҳдат». Раиси тозаинтихоби дурандеш роҳи ростиро интихоб карду мардумӣ буданашро исбот намуд.

        Маҳз ба шарофати роҳбарии оқилонаю  сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар саросари ҷумҳурӣ на фақат оташи ҷанги шаҳрвандӣ батамом хомӯш гардид, балки муҳити созгори сулҳу суббот  ба мардуми сарзамини куҳанбунёд имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ харобаҳои ҷангро бартараф сохта, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даст бизананд. 

       Соли ҷорӣ аз ба имзорасии Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар  ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо –Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба вуқуъ пайваст, 21 сол   сипарӣ мешавад. Ҳамдиёрони мо онро ҳар сол бо унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ   бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд. Мафҳуми «ваҳдат» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои «ягонагӣ, танҳоӣ, яке будан» шарҳ дода шудааст.Воқеан то расидан ба Рӯзи ваҳдати миллӣ  халқи тоҷик чӣ рӯзҳои сиёҳу  наҳсеро паси сар намуд, ки бо таъбири халқӣ  Худо медонаду онҳое, ки дар ин гирдоби бало печида буданд. Сокинони Тоҷикистон дар давоми ҷанги ҳамватанӣ аҳамияти сулҳу амонӣ ва яктаниву ҳамдилиро бештар эҳсос намуданд ва орзую ормони ягонаашон ин буд, ки сарони ду ҷониб ҳар чӣ зудтар дастӣ оштӣ ҷониби ҳамдигар дароз намоянд.

      Мувофиқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ зарари ба иқтисодиёти кишвар асар карда, 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод. 35700 хонаву манзили зист  вайрону валангор шуданд, 300 мактаби шаҳру деҳот, 61 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба куллӣ хароб гаштанд, роҳҳо, пулҳо, садҳо иншооти бузурги саноатӣ, нақлиёт ва сохтмон талаву тороҷ  ва корношоям гардиданд. Ин ҷанги хонумонсӯз иқтисодиёти  ҷумҳурии моро даҳсолаҳо қафо партофт.

       Ана дар чунин  як ҳолати фалаҷ  гардидани  иқтисодиёту аксар рукнҳои давлатдорӣ,  ҷавонмарди ватандӯсту боҷасорат Эмомалӣ Раҳмонов зимоми давлатдориро ба даст гирифта, на фақат ба хомӯш кардани оташи ҷангу сарҷамъ кардани «қавми парешон»муваффақ гардид, балки  бо роҳнамоии хирадмандонаи  ӯву пуштибонии халқи  Тоҷикистон  дар ҷумҳурӣ  дар як муддати кӯтоҳ  харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ бартараф гардида, ҷумҳуриамон  ба роҳи пешрафту рушди устувор қадам бардошт.

        Имрӯзҳо дар чандин давлатҳои хурду бузурги олам таҷрибаи  сулҳофаринии тоҷиконро омӯхтаю аз таърихи он  бохабар гардида, ин рӯйдоди нодири сиёсиро барои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ  дар кишварҳояшон мавриди истифода қарор   медиҳанд.

      Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷику Тоҷикистон хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукуфоиҳои зиёде насиб гардонид. Ҳамкориҳои дӯстона бо зиёда аз 200 кишвари дунё, бунёд гардидани роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, корхонаҳои бешумори истеҳсолӣ, ки ба ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар мусоидат менамояд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бунёди нақбҳои Истиқлолу Хатлон ва Шаҳристону Шаршар, неругоҳҳои Бойғозӣ, Сангтӯда,  Роғун аз ҳамон қабил мебошанд. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ-туҳфаи бебаҳоест, ки масъулияти ҳифзи он ба ҳамаи шаҳрвандон, пеш аз ҳама ба ҷавонони бонангу номуси диёр вогузор шудааст.

     Пӯшида нест, ки то ҳанӯз душманони миллату давлатамон барои халалдор кардани амну осоиш, сулҳу сафо, бунёдкориву созандагӣ, ваҳдату якпорчагии  Тоҷикистони азиз нақшаҳо тарҳрезӣ менамоянд. Мо бархилофи нияту амалҳои онҳо бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз мадди назар дур накарда, барои ҳифзи самараҳои ваҳдати миллӣ, амнияти давлату миллат саъю талош дошта бошем.

      Дар масири обод намудани ватан иродаи мардуми тоҷик устувору қавӣ аст ва маҳз ҳамин якдилӣ миллати шарафманди моро ба ваҳдат оварда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.  Аз ин ру, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои 21 соли пойдории ваҳдат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон  аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. 

       Ҷовидон бод Ваҳдати миллии мо, поянда бод якдилию ҳамбастагии ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён!

 

Мушовири ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

Азизуллоев А.А

Санаи 23 – юми майи соли 2018  дар ДДТХ «Ҳафтаи ҷавонон» бо шукуҳ таҷлил гардид.  Барномаи фарҳангиро муовини Ректори  донишгоҳ Ғафуров Б.А бо нутқи табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, пеш аз ҳама донишҷӯёну омӯзгоронро ба иди Ҷавонони  Тоҷикистон самимона  табрику муборакбод намуд. Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки  «…вазъи сиёсии ҳар як ҷомеъаро гурӯҳҳои сиёсие муайян менамоянд, ки дар як низом ва ё ташкилоти сиёсӣ муттаҳид гашта, барои расидан ба рушду тараққиёти иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ намудани  ҳадафҳои олии  фарҳангӣ якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.

        Фаъолияти ҷавонон, ки аз назари шумора дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ифодагари он аст, ки нақши ин табақа дар ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «..мо ба масъалаи  ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 дарсади  аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30- сола ташкил медиҳанд».

       Ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд, ки он аз таваҷҷуҳи  зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ба ҳалли проблемаҳои  ҳаёти ҷавонон шаҳодат медиҳад.

    

   Дар марҳилаи имрӯзаи инкишоф бошад, ташаккули маърифати сиёсии аҳолӣ, хоса ҷовонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати тозаистиқлоли мо гаштааст. Зеро раванди ҷаҳоншавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқуъ меояд, сари вақт баҳои воқеӣ дода, мавқеъи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

       Таъкид гардид, ки  донишҷӯёни ДДТХ баъди хатми ин даргоҳи илму маърифат рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеаро ба дӯши худ мегиранд, ҳамеша ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис карда, дар раванди ободсозӣ  ва бунёдкориҳои ҷомеа ҳамеша бояд нақши муассир гузоранд. Боварӣ аст, ки ҷамъомади мазкур дар болоравии тафаккури сиёсии донишҷӯёни мо,  нақши муассир гузошта, мавқеи сиёсию ҷамъиятии аҳли Донишгоҳи навбунёди тиббиро дар марҳилаи имрӯза боз ҳам равшантар муайян месозад…».

        Дар рафти баргузории  чорабинӣ ва аз тарафи Раёсати  донишгоҳ дар доираи баргузории ин ҷашн 56 нафар ҷавонони  боистеъдоди  донишгоҳ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ  қадрдонӣ карда шуданд.

      Илова бар ин,  ҷиҳати дастгирии  ятимони кул ва маъюбони донгишгоҳ ки дар айни замон  8 нафарро ташкил медиҳад дар доираи ҷашни  ҷавонон ба ҳар як нафари онҳо ба миқдори 250 сомонӣ  кӯмакпулии яккарата расонида шуд.   

     Сипас, барои хотирмон гузаштани ин ҳамоиш барномаҳои фароғатию фарҳангӣ ба диққати ҳозирин пешкаш карда шуд. Зимнан қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин маҳфили зеборо бо номи «Шоми ҷавонӣ» донишҷӯи курси 1-ум ва 2-юм Баҳодурова Т. Муҳаммади С. ба уҳда доштанд. Чеҳраҳои болида ва аз самими дил хурсандӣ намудани донишҷӯён далели он буд, ки дар ҳақиқат ҳам ин чорабинӣ дар сатҳи  баланди ташкилию фароғатӣ баргузор карда шуд.

 

                                                                                                                Шуъбаи кор бо ҷовонон

   Маъмурияти китобхона дар якҷоягӣ бо Мудири  кор бо ҷавонони ДДТХ тибқи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, илмию маърифатии  Ҳукумати ноҳияи Данғара бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон 23-май» «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» маҳфили бошукуҳе  бо номи «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» доир намуд.

     Ҳамзамон дар рафти маҳфил донишҷӯён бо баромадҳои худ оид ба гиромидошти китоб хотири иштирокчиёнро шод намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси якум Бобиев К дар мавзӯи«Китоб ва пайдоиши он» Сатторова А, «Книга-познаний великий океан»  Баҳодурова Танноз муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва гурӯҳҳои 104 ва 105 педиатрӣ  низ дар маҳфили номбурда фаъол буданд.

     Инчунин, донишҷӯи курси 2-юм Муҳаммади С виктаринаеро омода намуд, ки  нишастагони толорро бо саволҳои ҷолиби худ оид ба китоб ба ваҷд оварда, ғолиби виктарина бо китоби «Анатомияи одам ҷилди 1» қадрдонӣ карда шуд.

     Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин маҳфил Мудири бахши ҷавонони  ноҳияи Данғара Салимзода Шамсулло ширкат варзид ва  дар рафти маҳфил баромад намуда донишҷӯёнро ба китобдӯстиву китобхонӣ ва илмомӯзию ватанпарварӣ даъват намуд.

Китобхона

12 - апрел Рӯзи Кайҳоннавардон

  Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи физикаи биологӣ ва информатика ба муносибати Рӯзи Кайҳоннавардон 12-апрел  ҷамъомади илмии донишҷӯён ва омӯзгорон гузаронида шуд.

       Дар ҷамъомади мазкур мудири кафедраи физикаи биологӣ ва информатика,  дотсент Ситамов С. бо маърузаи  «Таърихи азхудкунии кайҳон ва кайҳон ҳамчун озмоишгоҳи тадқиқотии табибону олимон» баромад  намуда,  ба ҳозирин аз дастовардҳои олимони соҳаи физика, химия, биология, тиб ва ғайра маълумот дод: ҳамзамон  ҳозиринро бо баъзе аз ин таҷрибаҳо ба воситаи видеороликҳо ошно намуд.

     Баъди маъруза ба иштирокчиёни ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Кайҳон лабораторияи тадқиқотии табибон» ва «Тадқиқотҳои кайҳонӣ» кинофилмҳои хурд дар ҳаҷми 20 дақиқагӣ нишон дода шуд.

    Ҷамъомад хеле шавқовар ва диқатҷалбкунанда ба анҷом расид. Дар охир ба ҳамаи саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

    Ҳангоми ҷамбасти ҷамъомад якчанд донишҷӯён баромад карда фикру мулоҳизаҳои худро оид ба  омӯзиши кайҳон ва дастовардҳо дар бораи кайҳон  иброз  намуданд.

 

Кафедраи физикаи биологӣ ва информатика.

     Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оиди баргузории идҳои баҳорӣ санаи 15-уми марти соли 2018 озмуни “Гулбазми наврузӣ” баргузор карда шуд. Дар озмун 14 нафар донишҷӯёни курси якуму дуюм иштирок намуда, вобаста ба шарти озмун маҳорат ва малакаи худро санҷиданд.

        Аъзоёни Кумитаи тадорукот - муовини ректор оид ба таълиму тарбия Ғафуров Б.А., муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Аҳмадов Ш.Р., сардори МТИ Мардонзода Қ., декани факултетҳо Саидов И.З., мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. тамоми ҳусну қубҳи баромади иштирокчиёнро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, озмунро ҷамъбаст намуданд.

       Мақсади асосии баргузор намудани озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” ин омодагӣ ба ҷашни “Наврӯз” ва ба ин васила дарёфт кардани истеъдодҳои нав, ки маҳорати баланди саҳнавӣ доранд, мебошад.

        Натиҷаи озмун ғолибони зеринро муайян намуд:

        Ҷойи аввал – Ғайратова Навруза, донишҷӯи соли дуввуми факултети педиатрӣ.

        Ҷойи дуюм – Ҳошимзода Сафомиддин, донишҷӯи соли аввали факултети педиатрӣ.

        Ҷойи сеюм – Давлатова Нилуфар, донишҷӯи соли аввали факултети тиббӣ.

       Ғолиби озмун дар чорабинии умумидонишгоҳии таҷлили иди Наврӯз ба Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва мукофот қадр карда мешавад.

       Ғолиби озмун дар чорабинии умумидонишгоҳии таҷлили иди Наврӯз ба Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва мукофот қадр карда мешавад.

Кафедраи забонҳо

  Дар асоси нақша чорабиниҳои раёсати донишгоҳ бахшида ба таҷлили бошукуҳи “Наврӯзи байналмилалӣ -2018” дар кафедраи Морфология ва физиологияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои баланд бардоштани сатҳи зеҳнии донишҷӯён озмуни «Тайёр намудани  кроссворд ва чайнворд» - анатомӣ баргузор  гардид. Дар озмун донишҷӯёни 20 гурӯҳҳои академии бахшҳои якум ва дуюми ҳамаи факултетҳои донишгоҳ бо пешниҳоди кроссворд ва чайнворҳои ҷолиби диққат вобаста ба фанни  анатомияи одам,  иштирок намуданд.

      Озмун аз тарафи комиссияи озмунӣ бо раисии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.

     Ғолибони озмун ба чунин тартиб муқаррар гардиданд,  донишҷӯёни гурӯҳи 106 факултети тиббӣ сазовори ҷойи якум, донишҷӯёни гурӯҳи 102 факултети стоматологӣ сазовори ҷойи дуюм ва дониҷӯёни гурӯҳҳои 105 факултети педиатрӣ ва  103 факултети тиббӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Кафедраи морфология ва физиологияи одам

НАВРӮЗИ ДИЛАФРӮЗ МУБОРАК БОДО!

      Рӯзи 20-уми марти соли 2018 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Барномаи фарҳангӣ бо номи «Наврӯзи дилафрӯз муборак бодо!»  баргузор гардид. Тамоми майдон бо   чодирҳои гулдӯзӣ, мизҳои ҳафтсину ҳафтшин, шамиму накҳати гулҳо, чеҳраи шоду хандони устодону донишҷӯён наврӯзгоҳи донишгоҳро ҳусну таровати аҷибе бахшида буд. Дар як тарафи майдон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дар тарафи дигар гулҳои ранг ба ранг, дар як гӯшаи майдон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хаймаҳои туристӣ  насб карда шуда буданд. Чунин ҳамоҳангии зебогӣ ва табиати наврӯзӣ боиси болидахотирии ҳамагон гардида буд. Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ ва паёми наврӯзӣ  ректори Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон,  д.и.т.,  профессор Убайдулло  Қурбон баромад карданд. Қайд карда шуд, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст.  Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

        Композитсияи адабӣ- мусиқӣ  бо номи «НАВРӯЗ  дар фарохнои таърих» дар майдон садо дод. Ба саҳна шоҳ Ҷамшед, сарбозон ва шоирон баромада, мардумро бо фарорасии ҷашни бузурги Наврӯз табрику таҳният намуданд. Аз ҷониби дигар майдон маликаи зебои наврӯзӣ – Баҳори нозанин, Бобои деҳқон ҳамчун рамзи Наврӯзи хуҷастапай ҳунарнамоӣ карданд.

       Суруди «Аз ман рафт» дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Тошбоев Муслимбек дар саҳна бо рақси дилангез Қодирова Мафтуна, рақси «Чупонбача» дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Қаҳҳоров Исомиддин ба базми пуршукӯҳи наврӯзӣ оғоз бахшиданд. Боиси хушнудӣ ва пайки неки наврӯзии мо ин аст, ки муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги ҷумҳурии азизи мо бо яке аз мамолики таърихан ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии ӯзбекистон дар асоси дӯстию бародарӣ ба роҳ монда шуда  истодааст. Ба ин хотир суруди ӯзбекӣ дар иҷрои донишҷӯёни соли дуюм Фозилов Насим  ва Алиева Фарида) садо дод.

      Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Аз ин сабаб  як гурӯҳ донишҷӯён дар нақши намояндагони мамолики гуногуни дунё аз ҷумла ИМА, Ҷопон, Хитой, Итолиё, Ҳиндустон, Арабистон, Россия бо забонҳои мамлакатҳои худашон ҳамагонро ба Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, аз дастурхонҳои наврӯзии донишҷӯён ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

      Монолог аз эҷодиёти Убайди Зоконӣ дар иҷрои донишҷӯйи соли дуюм Шукуров Дамир, рақси бадахшонӣ дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Дустмамадова Гулмира, суруди халқии «Уштур ба чаман»  дар иҷрои Шукуров Дамир, суруди “Куштаи тири нигоҳ” дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Абдуллоев Муҳибулло ва донишҷӯйи соли якум Шукуров Абдулло, суруди “Омад баҳор”  дар иҷрои донишҷӯёни соли якум Каримова Шукрона, саҳначаҳои ҳаҷвии наврӯзӣ ва дигар суруду рақсҳои халқӣ шукуҳи ин ҷашни дар ҳақиқат ҳам наврӯзиро шаҳомати хоссае бахшиданд. Қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин намоишномаи адабию фарҳангиро донишҷӯёни соли дуюм Ғайратова Наврӯза ва Муҳаммади Саидмустафо ба уҳда доштанд.

        Дар охир таҳти суруди “Ватан” дар иҷрои гурӯҳи донишҷӯён тамоми иштирокчиёни ин намоиши хотирмони наврӯзӣ ба майдон баромаданд. Аз номи раёсати донишгоҳ ректори Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон,  д.и.т.,  профессор Убайдулло  Қурбон ҳамагонро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табриқ намуда, ба иштирокчиёну масъулони ин чорабинӣ миннатдории хешро иброз доштанд.

 

Қурбонмамадов С.Х. – мудири кафедраи забонҳо,

Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо

ЗДОРОВЬЕ ДЛЯ ВСЕХ

Всемирный день здоровья – отмечается ежегодно 7 апреля начиная с 1950 года. В этот день в 1948 году вступил в силу устав Всемирной организации здравоохранения (ВОЗ)

ВОЗ посвящает каждый ежегодный Всемирный день здоровья каким-либо темам и проводит различные пропагандистские мероприятия, как в этот день, так и длительное время после 7 апреля .

Каждый год Всемирный день здоровья посвящается глобальным проблемам, стоящим перед здравоохранением планеты и проходит под разными девизами: «В безопасности твоей крови - спасение жизни многих», «Активность - путь к долголетию». Сделаем его безопасным, защитим здоровье от изменений климата…

"Здоровье для всех» под таким лозунгом пройдет Всемирный день здоровья – 7 апреля текущего года. «Здоровье для всех» является нашим руководящим принципом и придает импульс кампании, проводимой в настоящее время на уровне всей организации в поддержку стран в их движении к обеспечению всеобщего охвата услугами здравоохранения (ВОУЗ). Основные идеи Всемирного дня здоровья

      Всеобщий охват услугами здравоохранения означает, что все люди могут получать качественные услуги здравоохранения там и тогда, где и когда они в них нуждаются, не испытывая при этом финансовых трудностей.

      Никто не должен делать выбор между хорошим здоровьем и другими жизненными потребностями.

      ВОУЗ – это ключ к здоровью и благополучию народов и стран.

      ВОУЗ достижим. Некоторые страны добились больших успехов. Их задача – поддерживать охват на уровне, отвечающем ожиданиям людей.

      Разные страны будут по-разному продвигаться к ВОУЗ – универсального средства не существует. Но каждая страна должна прилагать усилия для обеспечения ВОУЗ.

     Для обеспечения действительно всеобщих услуг здравоохранения необходимо, чтобы системы здравоохранения были ориентированы не на болезни и институты, а на людей.

В 2018 году  будет отмечаться юбилей: 70-летие со дня вступления в силу Устава Всемирной организации здравоохранения (ВОЗ).

    Проведение и история этого праздника напрямую связаны с деятельностью Всемирной организации здравоохранения – специального учреждения Организации Объединенных наций, на которую возложено решение международных проблем, связанных со здравоохранением населения планеты. Всемирная организация здравоохранения была создана на основании принципа, заключающегося в том, что все люди должны иметь возможность для реализации своего права на обладание наивысшим достижимым уровнем здоровья.        

     6 апреля 2018 в ХГМУ под руководством кафедры клинических дисциплин была проведена культурно-просветительное мероприятие посвященная международному дню здоровья. Цель праздника – привлечение внимания к проблемам здравоохранения и необходимости развернутой и всеохватной профилактики заболеваний, здорового образа жизни.

     Приветственным и поздравительным словом мероприятие открыл проректор университета Ахадов Ш.Ф. С поучительным докладом выступил доцент кафедры морфологии и гистологии ХГМУ Бустонов М.О, который придал большое значение празднованию этого дня. В своем выступлении уважаемый  Бустонов М.О. отметил, что здоровье – это когда ты радуешься жизни, это счастье в жизни, здоровье надо беречь, заботиться о нем с ранних лет. В продолжении программы, студентами ХГМУ были продемонстрированы сценки о значении здоровья в жизни, о здоровом образе жизни. Множество прекрасных стихотворений и песен были прослушаны присутствующими, в честь дня здоровья и о роли здоровья в жизни человека.

     

     Хорошее здоровье – условие и гарантия благополучной и счастливой жизни. Забота о здоровье – это не только обязанность каждого человека, но и широкий спектр мер, проводимых общественными и государственными организациями, системами здравоохранения.

Кафедра клинических дисциплин ХГМУ

Page 7 of 11

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид