Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Чорабиниҳо (122)

Чорабиниҳо

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ

ҶАШНИ РОДМАРДОНИ ВАТАН

 Рӯзи 23-уми феврали соли 2018 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмию фарҳангӣ баргузор гардид. Сараввал аз номи раёсат ва ректори донишгоҳ декани факултетҳо Саидов И.З. ҳозиринро бо ин ҷашни барои ҷумҳуриямон хеле муҳим табрику таҳният гуфтанд. Сипас, омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Нодиров Н.С. дар мавзӯи «Артиши миллӣ – такягоҳ ва сипари боэътимоди миллат»  барормад намуданд.

    Баъдан намоиши фарҳангӣ бо номи «Сипари боэътимоди ҷумҳурӣ» пешкаши ҳозирин гардонда шуд.  Рақсҳои миллии бадахшонию хатлонӣ дар иҷрои донишҷӯён Дустматова Г., Шукронаи Р., навозиши най дар иҷрои Ҳамидов З., суруди «Идёт солдат по городу» дар иҷрои донишҷӯи соли дуюм Фозилов Н. ва саҳначаи пешниҳоднамудаи гурӯҳи донишҷӯён бо номи «Аскарбачаи ихтиёрӣ»  ба ин ҷамъомад шукуҳи хосае бахшид.

     Дар анҷоми намоиш декани факултетҳо Саидов И.З. ба ҳамоиш ҳусни анҷом бахшида, ба ҳозирин ва ташкилкунандагони чорабинии мазкур аз номи раёсати донишгоҳ арзи миннатдорӣ изҳор намуд.

 Кафедраи ҷомеашиносӣ

СПИД ВАБОИ АСР АСТ, ВАЛЕ…

   Рӯзи 1-уми декабри соли 2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД чорабинии кафедраи фанҳои клиникии донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раёсати донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён, инчунин як гурӯҳ донишҷӯён аз Донишгоҳи давлатии Данғара ширкат доштанд. Тамоми толорро шиору рӯзномаҳои девории ҳар як гурӯҳҳои донишҷӯён дар мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин вабои даҳшатовари асри кунунӣ, инчунин маводҳои рангини ороишӣ  зиннат медоданд.

       Ҳамоишро ректори ДДТХ, д.и.т., профессор, Узви вобастаи АИТ ВТҲИА ҶТ Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки бо ибтикори Ташкилоти Умумҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола 1-уми декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубриза алайҳи СПИД таҷлил карда мешавад ва сабаби чорабинии имрӯза низ маҳз ҳамин аст. Мавзӯи ВНМО/БНММ яке аз масъалаҳои мубрами тиб аст, зеро шаҳрвандон дар бораи нишонаҳо, роҳҳои сироят, пешгирӣ ва муносибат бо ҳомилони он маълумоти ночиз доранд. СПИД – синдроми норасоии пайдошудаи масуният  – ҳолати вазнине мебошад, ки дар инсон дар заминаи норасоии зоҳиршавандаи масуният инкишоф меёбад ва сабаби он ҷараёни давомноки сирояти ВНМО мебошад.

     Дар мавзӯи «СПИД – аз домани ҷавонон мегирад» омӯзгори кафедраи фанҳои клиникӣ Додоҷонов Ҷ.Ю. маърӯза намуда,   роҳҳои сироятнокшавӣ, аломату нишонаҳои ин бемории марговарро бо слайдҳои ҷолиб  пешкаши ҳозирин намуд. Ҷавонони имрӯза ҳамчун насли созанда ва ояндадори миллат, махсусан донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ – табибони оянда бояд аз ВНМО ва бемории СПИД огоҳии бештаре дошта, дар кори пешгирӣ ва кам намудани сатҳи нашъмандӣ ва дигар падидаҳои номатлубе, ки барои бемории СПИД замина шуда метавонанд саҳми боризи худро гузоранд.

      Омӯзгори кафедраҳои клиникӣ Халифаев И.Р дар маърӯзаи худ  «ВИЧ/СПИД – вабои асри ХХI»  низ   таърихи пайдоиши беморӣ, сабабҳои дар ҷаҳон паҳншавии онро  мавриди таҳлил қарор доданд. Қайд карда шуд, ки ВНМО бе ягон нишонаи клиникӣ буда, вирус дар дохили хун ҷой дорад. Агар бемор сари вақт ба табиб муроҷиат накунад ва аз дору истифода набарад, ин вирус дар хун  инкишоф меёбад ва бо гузашти солҳо ба бемории маргбори СПИД мубаддал шуда метавонад.

        Дар рафти чорабинӣ ба ҳамаи ҳозирин тасмачаи сурх, ки рамзи мубориза алайҳи СПИД дар тамоми ҷаҳон мебошад ва варақаи иттилоотӣ «5 қадам   ба сӯи нигоҳдории ВНМО. Ёддошт барои ҷавонон» тақсим карда шуд.

        Презентатсияи «Бузугтарин неъмати дунё ҳаёт мебошад» ба шарҳи донишҷӯи соли дуюми факултети тиббӣ Муҳаммади Саидмустафо хеле ҷолибу хотирмон буд. Баъдан намоиши театрикунонидашудаи «Мо ҷавонон бар зидди СПИД» ба марази тамошо гузошта шуд. Барандагии ҳамоиши мазкурро донишҷӯёни соли дуюми факултети тиббӣ Комилова Бибисоро ва Ҳамроев Муҳаммадзамон ба ӯҳда доштанд. Аз рӯи озмуни рӯзномаи беҳтарини деворӣ дар мавзӯи «ВНМО/СПИД» гурӯҳи 105-106-и факултети педиатрӣ ѓолиб дониста шуд.

      Дар охир ректори ДДТХ, д.и.т., профессор, Узви вобастаи АИТ ВТҲИА ҶТ Убайдулло Қурбон маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба ташкилкунандагону иштирокчёни ҳамоиш аз номи раёсати донишгоҳ орзи миннатдории худро баён намуда, қайд карданд, ки донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ бояд пешоҳанги мубориза бар зидди бемории СПИД бошанд.

Кафедраи фанҳои клиникӣ

  «Анатомони ҷавон» - таҳти ин ном бори аввал дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Соли ҷавонон маҳфил баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ зиёда аз 250 нафар донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм, ҳайати омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва деканати факултетҳо  иштирок намуданд.

    Дар маҳфил 11 нафар донишҷӯёне, ки аз даври аввали маҳфили мазкур дастболо шуда буданд барои ғолибият дар даври ниҳоии маҳфил-озмуни “Анатомони ҷавон” ширкат варзиданд.

     Ёдовар бояд шуд, ки даври аввали маҳфил моҳи сентябри соли равон баргузор гардида буд, ки дар он 30 нафар донишҷӯёни курси дуюми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ барои ба даври ниҳои гузаштан қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ба даври ниҳоии озмун донишҷӯёни зерин роҳ ёфтанд:

  1. Анварзода Муҳаммадҷон – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 204 факултети тиббӣ
  2. Фозилов Насимҷон – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 206 факултети тиббӣ
  3. Ҳамроев Муҳаммадзамон – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 210 факултети тиббӣ
  4. Мусоев Абдуназар – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 201 факултети педиатрӣ
  5. Таваллоев Муҳаммад – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 205 факултети педиатрӣ
  6. Эшонов Шоҳрух – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 210 факултети тиббӣ
  7. Ҷойлобов Муҳаммад – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 203 факултети тиббӣ
  8. Халифаева Мавзуна – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 207 факултети тиббӣ
  9. Абдуқаюмов Отаҷон – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 210 факултети тиббӣ
  10. Усмонов Рустам – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 210 факултети педиатрӣ
  11. Бобохонова Шоира – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 208 факултети педиатрӣ

Барои натиҷагирӣ аз ҷавобҳо ва довари аъзои ҳакамон дар ҳайати зерин таъсис дода шуд:

  1. Зарипов И.А. – мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам;
  2. Саидов И.З. – дотсенти кафедраи морфология ва физиологияи одам, декани факултетҳо;
  3. Усмонова У.Х. – сарвари шуъбаи таълим
  4. Бустонов М.О. - дотсенти кафедраи морфология ва физиологияи одам;

    Дар даври ниҳоӣ озмун аз ду қисм иборат буд, ки дар қисми аввал ба иштирокчиён 2 саволи тестии шакли пушида аз фанни Анатомияи одам пешкаш гардид, ки саволи якум нисбатан осон ва дар сурати ҷавоби дуруст пешниҳод намудан иштирокчӣ соҳиби 1 хол мегардид. Саволи дуюм нисбатан мушкил буд, ки бо пешниҳоди ҷавоби дуруст ба ин савол иштирокчӣ имкони ба даст овардани 2 холро дошт.

    Баъд аз анҷоми қисми якуми озмун, вобаста ба ҷавобҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён ва ҳисобӣ намудани холҳо ба қисми дуюми озмун дар асоси қарори ҳакамон  иштирокчиёни зерин роҳ ёфтанд:

  1. Анварзода Муҳаммадҷон – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 204 факултети тиббӣ
  2. Ҳамроев Муҳаммадзамон – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 210 факултети тиббӣ
  3. Ҷойлобов Муҳаммад – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 203 факултети тиббӣ
  4. Халифаева Мавзуна – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 207 факултети тиббӣ
  5. Бобохонова Шоира – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 208 факултети педиатрӣ
  6. Абдуқаюмов Отаҷон – донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 210 факултети тиббӣ

    Дар қисмати дуюми озмун ба иштирокчиён як саволи беҷавоб, ки нисбатан мураккаб ва мушкил буд пешниҳод гардид, ки дар натиҷаи ҷавоби дуруст додан иштирокчиён метавонистанд ба холҳои худ 1 холи дигар зам намоянд.

     Баъд аз анҷоми даври ниҳоии озмун ва ҳисобӣ гардидани холҳои бадастовардаи иштирокчиён аъзои ҳакамон хулосабарорӣ намуда, натиҷаи онро мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам – Зарипов И.А. эълон намуд:

Бобохонова Шоира  - сазовори ҷои 1-ум

Халифаева Мавзуна - сазовори ҷои 2-юм

Ҳамроев Муҳаммадзамон - сазовори ҷои 3-юм

Анварзода Муҳаммадҷон - сазовори ҷои ифтихорӣ

     Аз оғоз то анҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчиёни маҳфил ба хусус донишҷӯёни факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 207-208 суруду тарона, ҳаҷвия ва дигар номераҳои консерти пешниҳод шуд, ки боиси болидарӯҳии ҳозирин гашта ба маҳфили “Анатомони ҷавон” шукуҳу шаҳомат ва ҷилои хоса бахшид.

     Дар охир муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Ғафуров Б.А. аз баргузории чорабинӣ натиҷагиринамуда, ба иштирокчиёне, ки дар озмун ғолиб дониста шуданд ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва кафедраи морфология ва физиология одам ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Кафедраи морфология ва физиологияи одам

    Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи  Президент ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми ноябр барномаи адабӣ-фарҳангӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

      Пеш аз оғози барномаи адабӣ-фарҳангӣ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз субҳи барвақт донишҷӯёну устодон аз он дидан намуданд.

        Пас аз намоиши асарҳои Президенти мамлакат маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабию фарҳангӣ доир карда шуд.

       Нахуст аз номи Ректори донишгоҳ, муовини ректор оид ба корҳои таълим н.и.х., дотсент Ғафуров Б.А. ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки маҳз ҷаҳду талошҳои Президенти мамлакат буданд, ки имрӯз Тоҷикистони азизро зиёда аз 170 давлати дунё расман шинохтанд. Дар тули солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар аксари давлатҳои хориҷӣ сафоратхонаҳо ва консулгариҳои худро таъсис дода ҳамзамон, дар ҳудуди кишварамон инчунин намояндагиҳои зиёда аз 30 ташкилотҳои байналмилалӣ имрӯшҳо фаъолият доранд. Дар сиёсати ҷаҳонӣ ташаббусҳои муҳиму саривақтии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои мубрами экологӣ, амнияти минтақавӣ, иштироки фаъол дар ҳама созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта мешаванд.

       Сипас омузгори кафедраи ҷомеашиносӣ Мардонова Н. дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон–кафили сулҳу ваҳдати тоҷикон» баромад намуда, хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ва ҳдати миллӣ, Пешвои миллатро дар истиқрори сулҳи тоҷикон ва ризоияти миллӣ, ваҳдату як порчагӣ, ҳифз намудани муқаддасоти миллӣ ва ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол эътироф намудани Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ қайд намуданд.

      Баъдан барномаи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон меъмори тақдирсози миллати тоҷик» бо иштироки дастаи ҳаваскорони ДДТХ баргузор гардид.

кафедраи забонҳои ДДТХ

 Рӯзи 4-уми ноябри соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Ҷамъомадро ректори ДДТХ, Узви вобастаи АИТ ВТҲИА ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ  бахшида, қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллат ҳисобида мешавад.  Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат  ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд» - гуфтааст Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,

      Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Гулов А.А. дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили рушди муътадили ҷомеа»» маъруза намуданд. Таъкид карда шуд, ки Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

    Донишҷӯён Комилова Б., Адибаи Рустамдухт, Сафарова М., Баҳовиддинова Ш. дар васфи Конститутсия порчаҳои шеъриро қироат намуданд. Баҳри болидахотирии ҷамъомадагон Шукуров А., Абдуллоев М. сурудҳои марғуберо пешкаш намуданд.

   Ба ҷамъомад ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни анҷом бахшида, бори дигар ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ташкилкунандагони маҳфил арзи миннатдории хешро баён намуданд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

 Рӯзи 5-уми октябри соли 2017 дар толори фарҳангии ДДТХ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона ва барномаи адабию фарҳангӣ баргузор гардид.

       Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии ҶТ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки рисолати бузурги забон ва омӯзгор дар ҷомеаи имрӯзаи мо баҳснопазир аст, чунки яке асоси бақои миллат ва дигаре пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассугари ростию росткорист.

       Дар ҳақиқат, дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули афкору хиради инсоният маҳз саҳми омӯзгорон назаррас аст. Дар асоси фармоиши ректори  ДДТХ омӯзгорони зерин бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд:

  1. Зарипов И.А. – мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам
  2. Аҳадов Ш.Ф. – омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ
  3. Должикова В.А. – дотсенти кафедраи забонҳо
  4. Бустонов М.О. – дотсенти кафедраи морфология ва физиологияи одам
  5. Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо
  6. Мамадалиева С.А. – омӯзгори кафедраи забонҳо
  7. Самиев С. – омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика
  8. Қурбоналиев Ҷ. - омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика

     Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Гулов А.А. дар мавзӯи «Рисолати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза» маърӯза намуда, ба шарофати панду ҳикмат ва дарсҳои устоди соҳибхирад дар зиндагӣ муваффақу комёб гардидани инсон ва дар ҷомеа мавқеи хос ишѓол намуданашро таъкид намуд.

    Мудири кафедраи забонҳо номзади илмҳои филологӣ Қурбонмамадов С.Х дар мавзӯи «Шукуҳмандии забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол» маърӯза намуда, қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бойтарин ва қадимтарини сайёраамон ба шумор меравад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд  онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон вазифадорем забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагию равонии он ҳамеша саҳмгузор бошем.

     Сипас барномаи адабию фарҳангӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Сурудҳои марѓуби донишҷӯи соли аввал Шукуров А. ба забони тоҷикӣ, донишҷӯи соли дуюм Ёралиева Н. ба забони англисӣ,  донишҷӯи соли дуюм Раҷабов Н. ба забони русӣ писанди ҳамагон гардид. Донишҷӯи соли аввал Дустамамадова Г. рақси зебову марѓуби бадахшониро бо маҳорати хоссае иҷро намуд. Монологи ҳаҷвии донишҷӯи соли дуюм Шукуров Дамир ва саҳначаи ҳаҷвии донишҷӯёни соли дуюм Қобилов А. ва Содиқов А.  табъи ҳозиринро хеле болида намуд.

     Дар охир ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ин маҳфили хотирмонро ҳусни хотима бахшида, бори дигар ҳамагонро ба ин ду ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, ба донишҷӯён ва ташкилкунандагони барномаи рангини адабию фарҳангӣ изҳори сипос намуданд.

                                                          Кафедраи забонҳо

   Рӯзи 23-юми сентябри соли 2017 дар саҳни донишгоҳ ҳамоиши ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бахшида ба бузургдошт ва таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ – қофиласори назми классикии форсу тоҷик баргузор гардид. Қайд кардан зарур аст, ки ҳанӯз аз оғози ҳафта дар тамоми гурӯҳҳои таълимӣ бо ибтикори кафедраи забонҳо оид ба мақоми устод Рӯдакӣ дар осмони илму адаби дунё суҳбатҳо гузаронида шуда, аз тарафи донишҷӯён   порчаҳои шеърӣ аз ашъори ин абармарди фарзонаи шеъри форсӣ қироат карда шуда буд.

      Ҷамъбасти он дар ҳамоиши мазкур баргузор гардид. декани факултетҳо н.и.т Саидов И.З. оид ба зиндагонӣ, осору мавқеи Одамушшуаро маъруза намуда,  қайд намуданд, ки сардафтари адабиёти оламшумули форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ хамчун бузургтарин муҷассамаи кохи  мӯҳташами назми форсизабон ва устоди забардасти каломи мавзуни дарӣ ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш машҳур гардида, осори гаронбаҳои пурмазмуну муассир ва рӯҳангезу ҳикматомезаш дар дили аҳли адаб ва мардум маъво гирифта буд. Шӯҳрати устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ашъори пуршӯр ва саршори панду андарзи ӯ на танҳо дар ватанаш Мовароуннаҳру Хуросон, балки ба мурури замон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна паҳн гардида, имрӯз мавриди писанди ҷаҳониён гардидааст.

     Сипас мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. дар мавзӯи «Бузургон дар ситоиши Рӯдакӣ» сухан ронда зимнан қайд намуданд, ки устод Рӯдакӣ бо хизмат ва мақоми таърихии худ аз ҳудуди маданияти халқи тоҷик берун мебарояд. Вай на танҳо асоси адабиёти тоҷикро гузошт, балки бунёди тамоми адабиёти форсизабононро устувор кард. Аз ин ҷиҳат ӯро эрониён, афғонҳо ва дигарон барҳақ чун поягузори адабиёти худ мешиносанд ва мӯҳтарам медоранд.

     Сипас композитсияи адабию фарҳангӣ «Бӯи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме» дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Донишҷӯён Ғайратова Н., Шакирова Ф., Баҳодурова Т., Бобоҳоҷиева А., Маҳмудҷонов А., Ҳошимзода С., Гадоев М., Қудратова Б., Камолова З., Тиллоева М., Нилуфари Алишер аз ашъори устод Рӯдакӣ порчаҳои шеъриро қироат намуданд. Донишҷӯи соли аввал Шукуров А. баҳри фароғати ҳозирин суруди «Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме»-ро бо садои марғуби дилнишини худ суруданд.

       Маҳфидро муовини ректор оид ба таълим н.и.х., дотсент Ғафуров Б.А. ҳусни анҷом бахшида, аз номи  раёсати донишгоҳ ба созмондиҳандагон ва иштирокчиёни ҳамоиш бахшида ба бузургдошти Одамушушаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ арзи миннатдорӣ намуданд.

                                                           Кафедраи забонҳо

Page 8 of 11

Таърихи ДДТХ

Our partners
 
Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид