ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз 1-юми июни соли 2023 тибқи ҷадвал имтиҳонҳои сессияи тобистона оғоз гардиданд. Донишҷӯён аз 28 фанни таълимӣ, аз қабили фанҳои умимитаълимӣ, назариявии тиббӣ ва клиникӣ дар се марҳила: шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ имтиҳон месупоранд. Саволномаҳои имтиҳонӣ аз саволҳои тестӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ва иҷрои машқҳои амалӣ иборат мебошанд.
Дар толорҳои донишгоҳ аз донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳо аз фанни “Забони русӣ" диктант ва имтиҳони шифоҳӣ, дар курсҳои дуюм аз фанни “Биохимия”, курсҳои сеюм аз фанни “Анатомияи патологӣ” ва курси 4-уми факултети тиббӣ аз фанни “Бемориҳои даруна” имтиҳонҳо қабул гардиданд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 2-юми июн дар курси якум аз фанни “Забони русӣ”, дар курси дуюм аз фанни “Биохимия”, дар курси 3-юми факултети стоматологӣ аз фанни “Анатомияи патологӣ” имтиҳонҳои тестӣ баргузор мегарданд. Ҳамзамон, курсҳои 4-уми факултети стоматологӣ аз фанни “Стоматологияи муолиҷавӣ” имтиҳони шифоҳӣ месупоранд.
3-юми июни ҳафтаи равон донишҷӯёни курси 5-уми факултети педиатрӣ аз фанни “Бемориҳои ҷарроҳӣ”, курси 5-уми факултети тиббӣ аз фанни “Ҷарроҳии кӯдакона” имтиҳони шифоҳӣ ва курси 4-уми факултети стоматологӣ аз фанни “Стоматологияи муолиҷавӣ” имтиҳони тестӣ хоҳанд супорид.
Раванди имтиҳонот дар толорҳо пайваста аз ҷониби ҳайати комиссияи имтиҳонотӣ назорат карда мешаванд.
ШУЪБАИ ТАЪЛИМ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ ОЛИМОН
27 - уми майи соли 2023 ҷаласаи навбатии Шўрои олимони Донишгоқи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили омодагии шуъбаи таълим, деканати факултетҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба имтиҳонҳои сессияи тобистона, фаъолияти шуъбаи кадрҳо, фаъолияти кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология ва ҷамъбасти аттестатсияи хатми давлатӣ дар соли таҳсили 2022-2023 мавриди баррасӣ ва муқокима қарор гирифтанд.
Ваколатдори сардори шуъбаи таълим Ҳомидзода И.Ҷ. оид ба омодагии қамаҷонибаи шуъбаи таълим, деканат ва кафедрақо ба нимсолаи дуюми соли тақсили 2022-2023 маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки дар асоси нақшаи таълимӣ дар маҷмуъ аз курси якум то то шашуми ҳамаи факултетҳо 37 имтиҳон ва 4 санҷиши диференсиалӣ муқаррар карда шудааст. Шуъбаи таълим, деканати факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани имтиҳонҳои сессияи тобистона тамоми шароитро фароҳам овардааст.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи кадрҳо Асоев С.П. дар донишгоҳ дар ин давраи соли таҳсил 276 нафар корманди асосӣ ва 52 нафар ба ҳайси ҳамкор фаъолият карда, 21 нафар омӯзгори ДДТХ соҳиби дараҷаи илмӣ мебошанд.
Дар идомаи ҷаласа мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология н.и.т. Исоева Б.И. оид ба фаъолияти кафедраи мазкур маълумоти мушаххас дод. Қайд гардид, ки аксарияти собиқаи омӯзгорони кафедра аз 20 сол зиёд аст. Дар кафедра маҳфили “Сироятшиносони ҷавон” амал менамояд ва 20 нафар донишҷӯ аъзои маҳфили мазкур мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра 1 монография, 11 мақолаи илмӣ ва 14 тезис нашр гардидааст.
Ҳамзамон, дар ҷаласа муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. оид ба ҷамъбасти аттестатсияи хатми давлатӣ дар соли тақсили 2022-2023 маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки имсол аз байни 367 нафар хатмкунандаи донишгоҳ 29 нафарашон дипломи аълоро ба даст оварданд.
Дар анҷоми Шӯрои олимон бархе аз омӯзгорон, аз ҷумла профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А., мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика Холов А.А., ассистенти кафедраи забонҳо Ғарибмамадов М.М. ва ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Мардонова Н.М. барои фаъолияти пурмаҳсул ва дастовардҳои шогирдонашон дар озмуни фаннии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва маблағ қадрдонӣ гардиданд.
Ректори донишгоқ, муқтарам Убайдулло Қурбон масъалақои дар боло зикргардидаро мавриди тақлили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиқо ва боз қам пурзўр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришқои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
25-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара бо иштироки раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Р.И.Хайриддин, прокурори ноҳия Қодирзода Н.Т., Сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара Каримзода, Сардори КДАМ-и н. Данғара Қурбонов И.И., ректорони донишгоҳҳо, директорони муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоту идораҳо баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва 20-нафар донишҷӯи фаъоли курси панҷум иштирок карданд.
Дар ҷаласа сардорони мақомоти болозикр дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамзамон оид ба терроризму экстремизм суханронӣ карда, қайд намуданд, ки яке аз роҳи асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин, аз ҷавонон дархост гардид, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетро танҳо барои ташаккули илму дониши хеш истифода намоянд. Ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ҳама ҷо исбот кунанд, ки фарзандони фарзонаи миллат мебшанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
24-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ДДТХ Раҳимов Х. С. оид ба фаъолияти пурсамари омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён дар ДДТХ ва берун аз он маълумот дод.
Дар идомаи чорабинӣ ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон аҳли нишастро ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” табрику таҳният намуданд.
Пас аз табрикот омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони фаъоли донишгоҳ аз ҷумла, ғолибони озмунҳо ва аъзои фаъоли дастаи ҳунарии “Дурахшон” бо Ифтихорномаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Дурахшон” композитсияи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд.
Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар бораи ҷавонӣ, иҷрои сурудҳои дилнишин ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд. Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро шод намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА