Хабарҳои ДДТХ (812)
ДАР ДДТХ ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТ ДОИР ГАРДИД
15 - уми марти соли равон дар ДДТХ вохӯрии намояндагони ШКДАМ дар ноҳияи Данғара, ШВКД дар ноҳияи Данғара ва Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Иброҳимзода А.- сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собиров Р. - муовини сардори ШКДАМ дар ноҳияи Данғара, Раҳимзода Ф. - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Данғара, Қунғуротзода А. - сардори шуъбаи ноболиғон ва кор бо ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Данғара, муовинони ректор, декани факултетҳо, сардорони шуъбаҳо, марказҳо, ҳамзамон ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ иштирок карданд.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Ҳадафи асосии ҷаласа таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳтиром гузоштан арзишҳои миллӣ ва тақвият бахшидан ба донишҳои сиёсӣ, барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва эстремистиро дар бар мегирифт. Аз ҷумла, таҷлили “Иди Наврӯз” яке аз ҷашнҳои муътабартарини ориёиҳои аҳди бостон буда, яке аз арзишҳои гаронмояи халқи тоҷик мебошад, ки сарчашма ва манобеи таърихӣ ба он гувоҳанд.
Ҳамзамон, намояндагони мақомот қайд намуданд, ки дар шароити имрӯзаи геополитикии ҷаҳон бархурди манфиат ва мураккаб гардидани муносибатҳои байниминтақавӣ авҷ гирифта истода, маҳз паст будани таҳкурсии маърифати динӣ ва дунявӣ, арзиши миллии фарҳангӣ, худшиносии шаҳрвандӣ, садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, шомилшавии ҷавонони Тоҷикистонро ба равияҳои бегонаи тундрав ба миён меоранд. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки ба мутолиа ва таҳсил машғул шуда, ҷаҳонбинии хешро васеъ намоянд ва тафаккури таҳлилии хешро боз ҳам сайқал диҳанд.
Дар анҷоми ҷаласа донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавон барои фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ДАР ДДТХ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” МУАЙЯН ГАРДИДАНД
13-уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни донишгоҳии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар озмун омӯзгорону донишҷӯён аз рӯйи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикӣ”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик” ва “Адабиёти ҷаҳон” ширкат варзиданд.
Аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” профессори фахрии ДДТТХ Должикова В.А. маҳорату дониши баланд нишон дода, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҳамчунин, аз рӯйи номинатсияи мазкур донишҷӯйи курси шашуми факултети тиббӣ Давлатова Н. ҷойи аввалро соҳиб гардид.
Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани адабиёти класскии тоҷик” донишҷӯйи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. ҷойи якум, донишҷӯйи курси якуми факултети педиатрӣ Исоқзода А. ҷойи дуюм ва донишҷӯйи курси якуми факултети педиатрӣ Р. Рустамзод ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Аз рӯйи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик” донишҷӯйи курси шашуми факултети тиббӣ Ҳ. Суҳроб ҷойи якум, донишҷӯйи курси сеюми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. ҷойи дуюм ва донишҷӯйи курси якуми факултети педиатрӣ Убайдуллоева С. Ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар таҳсил ва иштирок дар озмунҳои даврҳои минбаъда комёбии бузург таманно доранд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “МАЛИКАИ НАВРӮЗӢ” ДАР ДДТХ
16 - уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни «Маликаи наврӯзӣ» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. ҳамаи шартҳои озмун, аз ҷумла, табрикоти наврӯзӣ, намоиши либоси “Маликаи наврӯзӣ”, васфи фасли баҳор, саволу ҷавоб оид ба суннатҳои наврӯзӣ ва таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯзро сарбаландона иҷро намуда, аз ҷониби ҳакамон сазовори ҷойи аввал гардид.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён Зоирова Г.-ро барои ғолиби озмун гардиданаш табрик намуда, дар корҳои оянда барояш муваффақият таманно менамоянд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “АНАТОМИ СОЛ” ДАР ДДТХ
14 - уми марти соли 2023 дар кафедраи анатомияи нормалӣ ва анатомияи топографии Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон озмуни “Беҳтарин анатоми сол” баргузор гардид.
Озмуни мазкур 28-уми феврал оғоз гардида, дар се давр гузаронида шуд, ки дар он 22 нафар донишҷӯ иштирок намуданд.
Донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ. ҳамаи шартҳои озмунро иҷро намуда, ҷойи якумро ба даст овард. Ҷойи дуюмро Раҳматов П.- донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ ва ҷойи сеюмро Урозов А. - донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ ишғол намуданд.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати омӯзгорон донишҷӯёни мазкурро барои ғолиби озмун гардиданашон табрик намуда, барояшон дар таҳсил комёбӣ орзу менамоянд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ОЗМУНИ “ГУЛБАЗМИ НАВРӮЗӢ” ДАР ДДТХ
Дар асоси нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ оид ба гузаронидани идҳои баҳорӣ 14-уми марти соли равон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз панҷ шарт - “Табрикоти наврӯзӣ”, “Қироати шеър дар васфи наврӯз”, “Рақси гул”, “Суруд бе фонограма дар васфи баҳор” ва байтбараки “Гул” иборат буд.
Донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ - Мирзоева Ҳ.. ҳамаи шартҳои озмунро сарбаландона паси сар намуд ва ҳайати ҳакамон номбурдаро сазовори ҷойи якум донистанд.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён Мирзоева Ҳ.-ро барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни донишгоҳии “Гулбазми наврӯзӣ” табрику таҳният намуда, дар корҳои ояндааш комёбиҳои бузургро орзу менамояд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ПИРӮЗИИ НАВБАТӢ ДАР ОНЛАЙНИ ОЛИМПИДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ БУХОРО
10 - уми марти соли 2023 дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино онлайн Олимпидаи III-юми байналмилалии донишҷӯёни донишкадаҳои олии тиб “От учения Абуали ибни Сино до третьего Ренессанса” баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар олимпиадаи мазкур 25 нафар донишҷӯ иштирок намуданд, ки 3 нафар - ҷойи якум, 2 нафар - ҷойи сеюм ва 2 нафарашон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Аз ҷумла, Ахмедов Б.Т. - донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ дар номинатсияи «Травматология ва ортопедия», Шарипов П.А. -донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ дар номинатсияи “Физиология” ва Эргашев И.З. - донишҷӯи курси чоруми факултети педиатрӣ дар номинатсияи “Физиологияи патологӣ” сазовори ҷойи якум гардиданд.
Донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Шодизода С. дар номинатсияи “Бемориҳои сироятӣ ва эпидемиология” ва донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Ошурбекова Ф.Қ. дар номинатсияи “Гинекология ва акушерӣ” ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамзамон, дар номинатсияи “Презентатсияи беҳтарин” донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Солиева С.Ф. ва донишҷӯи курси шашуми факултети педиатрӣ Бобоев Б. ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибони олимпиадаро табрик ва таҳният намуда, барояшон комёбиҳои беназир хоҳонанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ДАРСИ КУШОД: “СИСТЕМАИ ЭНДОКРИНӢ. ГОРМОНҲОИ ҒАДУДИ СИПАРШАКЛ, НАЗДИСИПАРШАКЛ, ТИМУС ВА ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА”
Тибқи нақша - чорабиниҳои шуъбаи таълим дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гузаронидани дарси кушод дар кафедраҳо идома ёфта истодааст.
6 - уми марти соли равон дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ аз ҷониби ассистенти кафедра Ғафуров Э.Қ. дар курси 2 - юми гурӯҳи 206 - и факултети педиатрӣ, дар мавзуи “Системаи эндокринӣ. Гормонҳои ғадуди сипаршакл, наздисипаршакл, тимус ва ғадуди зери меъда” дарси кушод гузаронида шуд.
Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Ќурбонов Х. Ш., мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. ва омӯзгорони кафедраҳои мазкур ширкат варзиданд.
Дарс бо усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда, дар рафти он аз асбоби айёнӣ ва технологияи иттилоотӣ истифода бурда шуд.
Сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Ќурбонов Х. Ш. дарси кушодро таҳлил намуда, онро ҳамчун дарси намунавӣ унвон кард. Номбурда қайд намуд, ки имрӯз ҷомеа пеш аз ҳама ба омӯзгори дорои дониш, қобилият, малака ва маҳорати баланди касбӣ ниёзманд аст ва хушбахтона мо дар дарси кушоди имрӯза шоҳиди он гардидем, ки омӯзгори ҷавон - Ғафуров Эраҷ ба ҳамаи хусусиятҳои дар боло зикргардида ҷавобгӯ мебошад.
Гузаронидани дарси кушод барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ, паҳн кардан ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорони кафедра мусоидат хоҳад кард.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
7 - марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи Модар аҳли нишастро табрику таҳният намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Кист Модар?» ба намоиш гузошта шуд.
Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо қироати шеърҳову иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи зан - модар, рақсҳои мавзун, сурудҳои ҳаҷвӣ ва намоиши либосҳои миллӣ дилҳои ҳозиринро шод намуданд.
Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ профессор Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА