Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 3-юми феврали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии “Ҷамъияти осебшиносон ва ортопедони Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар  кори ҷаласа зиёда аз 50 нафар духтурони осебшинос ва ортопедони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами соҳаи осебшиносӣ ва ортопедӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла масъалаҳои “Табобати ҷарроҳии пайвандаки салибшакли пеши буғуми зону” аз ҷониби мутахассис Синои Ғафурзод, “Остеосинтези қисми проксималӣ ва дисталии устухони рон” аз ҷониби мутахассис Ҳалимов М.М., “Таърихи инкишофи соҳаи осебшиносӣ ва ортопедӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон” аз ҷониби мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №3-и ДДТХ, н.и.т., дотсент Айниев Б.С., “Усулҳои табобати муосири артрози буғумҳо” аз ҷониби д.и.т., профессор Қурбонов С.Х. шунида шуданд.

Дар навбати худ иштирокчиён вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда андеша, пешниҳод ва иловаҳо манзур намуда, ҳамзамон, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Муовинати муолиҷавӣ.

Санаи 31-уми январи соли 2024 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати давлатии ҷавонон - Содиқӣ Насиба Нуруллозода ва раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - Каримзода Пирмуҳаммад ҷиҳати баррасии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшид. Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати давлатии ҷавонон - Содиқӣ Н.Н. масъалаҳои дар Паёми Президенти мамлакат баёнгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки тамоми самтҳои фаъолияти кишвари азизамон бо таҳлилҳои мушаххас ва далелҳои раднашаванда дар Паём инъикоси воқеии худро ёфтаанд. Ин шароиту имкониятҳое, ки Шумо насли ҷавон имрӯз дар даст доред, маҳз бо тадбирандешиҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омадаанд.

Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - Каримзода П. вобаста ба паҳлуҳои дигари ин ҳуҷҷати муҳимми давлатдорӣ ҳарф зада, қайд намуданд, ки дар баробари таҳлилу пешниҳоди оморҳои расмӣ ҷиҳати рушду нумуи ҳамаҷонибаи кишвар муҳтарам Президенти мамлакат ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳамзамон, ба ҷо овардани эҳтироми волидайнро махсус таъкид намуданд.

Дар навбати худ, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. аз паҳлуҳои дигари Паёми ироагардидаи Президенти мамлакат ибрози андеша намуда, ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Раёсати донишгоҳ шуморид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин вохӯриҳои судманд аз номи Раёсати донишгоҳ изҳори сипос карда шуд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 29-уми январи соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара суҳбату вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Аҳмад Гулаҳмадзода, коршиноси сиёсӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Абдуллоҳи Раҳнамо ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати давлатии ҷавонон - Содиқӣ Насиба Нуруллозода ҷиҳату шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо фаъолони ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сохторҳо баргузор гардид.

Дар баробари дигар идораву муассисаҳо аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ зиёда аз 100 нафар омӯзгорону кормандон дар вохӯрии мазкур иштирок намуда, аз суҳбат ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигарбора бархӯрдор гардиданд.

Иброз дошта шуд, ки ҳар яки мо бояд Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар асоси он баҳри рушду нумуи кишвар саҳми арзанда гузорем, насли наву ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ва аз оқибатҳои ҳар гуна гурӯҳву ҳаракатҳои номатлуб онҳоро огоҳ бисозем.

Суҳбату вохӯрӣ бо таҳлилу далелҳои раднашаванда баррасӣ гардида, барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳиву саҳмгузорӣ дар рушду нумуи кишвар такони наву тоза бахшид.

Хабарнигори сомона.

Шанбе, 24 Феврал 2024 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

Санаи 27-уми январи соли 2024 Ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои олимон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуда, аъзои шуроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои “Ҳисобот дар бораи фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли 2023”,  “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати маъмурӣ-хоҷагии ДДТХ дар соли 2023”, “Маълумот оид ба тайёрии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба нимсолаи 2–юми соли таҳсили 2023-2024”, “Маълумот оид ба фаъолияти кафедраи забонҳо, мушкилот ва дурнамои он” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯйи масъалаи якум “Ҳисобот дар бораи фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли 2023” муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ҳисобот пешниҳод намуда, аз муваффақият, дастовардҳо ва ҳамзамон, камбудиҳо дар фаъолияти корҳои илмӣ ва нашрия ҷойдошта сухан намуд. Аз тарафи Раиси Шурои олимон барои бартараф намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома - “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати маъмурӣ-хочагии ДДТХ дар соли 2023” (муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ-хоҷагӣ  Камолов Д.Ғ.) маълумот пешниҳод гардида, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободони кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон аз ҷониби Раиси шурои олимон супоришҳо дода шуданд.

Ваколатдори сардори шуъбаи таълим н.и.т., Назаров З.С. дар бораи масъалаи 3-юми рӯзнома - “Маълумот оид ба тайёрии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба нимсолаи 2–юми соли таҳсили 2023-2024” баромад намуда, аз андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати омода будан ба нимсолаи дуюми соли таҳсил изҳори назар намуд.

Дар масъалаи чоруми рӯзнома ахбори мудири кафедраи Забонҳо – Одинаев С.П. дар бораи “Маълумот оид ба фаъолияти кафедраи забонҳо, мушкилот ва дурнамои он” шунида шуд.

Дар масъалҳои ҷорӣ Қарорҳои зерин: Қарори шурои олимон “Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ”, Қарори шурои олимон “Дар бораи таъсиси Маркази таълимии клиникии стоматология”, Қарори шурои олимон “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Комиссияи доимамалкунандаи донишгоҳӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои соли 2024”, Қарори шурои олимон “Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Пас аз баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷгардида Раиси Шурои олимон вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ, бардоштҳо ва дастурҳо аз Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳо аз ҷаласаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ки баҳри пешрафти рӯзафзуни тамоми соҳаҳои кишвар, таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, баланд бардоштани сифати таълими толибилмон, саҳми арзанда гузоштан дар рушди нумуи илми тоҷик ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шуда буданд, андешаронӣ намуд ва ба аъзои Шурои олимон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хабарнигори сомона.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид